. Хусрав ва Нигина: Сарояндаги –пешаи авлодии мост.
Хусрав ва Нигина: Сарояндаги –пешаи авлодии мост.

Хусрав ва Нигина: Сарояндаги –пешаи авлодии мост.

Охангхои Хусрав Амонкулов дар калби кас мехри зиндагиро афзун мекунанд. Гохе, ки аз дард шиква дорад, максудаш дармони рухи озурдаи инсон аст. Чун аз бевафої замзама мекунад, шояд таманнояш тантанаи вафодорист ва касро ноаён вориди кучаи ишку зиндагї мебарад. Бо сурудхои гамангезаш гохо ормонхои калби бишкастаи инсонро месарояд, гохо нафасро дар гулуи кас танг медорад ва ба гиристан водор месозад. Зеро садои гушнавоз дорад ва метавонад бо садои маргубаш калби хастаро тасхир намояд. Вакте суруди уро бо гуши чон мешунавї, ба зиндагї бо умеди тоза менигарї. Гарчи у гомхои нахустинро дар чодаи хунар мегузорад, кадамаш устуворона аст ва байни чавонон мухлисону хаводорони худро хеле зиёд дорад. Ва дер нест он руз, ки номи у, овозаи хунараш вирди забонхои хазорон нафар дустдорони сабку услуби ба худ хосаш гардад. Хар як сурудаш мисли шуълаест аз субхи фарахбахши умри зебои инсонї ва хатман асрореро дар камин дорад. Мо тасмим гирифтем, бо ин сарояндаи чавону умедбахш ва сохиби овози дилпазир –Хусрав Амонкулов ва апааш Нигина Амонкулова хамсухбат гардида, онро пешкаши мухлисону хаводоронаш гардонем.

– Бузургтарин бахт барои чавонмарди хунарманд кадом аст?

– Аз хама бахти бузург барои ман ин пеш аз хама оилаи ободу солим доштан ва саломативу сари баланди волидонам аст. Ва хамеша кушиш ба он дорам, ки сазовори дуои нек ва дастгирии маънавии эшон бошам. Дар чодаи хунар бошад, бузургтарин бахт ин доштани мухлисони кадрдону мехрубон, ки лахзае хам бошад дар кунче нишаста ба сурудхоямон гуш меандозанд.

–Кадом шоир шеъри ба дили шумо наздикро эчод мекунад ва охангхоятон моли киянд?

– Бештар аз шеърхои шоири зиндаёд Лоик Шералї сатрхои самимиву ба дил наздикро пайдо мекунам. Уро чун як нафар нобигаи шеър мепарастам(рухи бузургаш шод бошад). Аксари охангхоямро худам эчод мекунам.

– Дар лахзахои асабоният руй ба чї меоред, ки онро бартараф кунед?

– Бештар ба навохтани асбобхои мусикї, хоса гитара машгул гашта мехохам асабонияту озурдагихоро рафъ созам. Ва махз садои форами гитара дар калбу вучудам оромї мебахшад.

– Лахзаи фарогати шумо чї гуна сипарї мешавад?

– Агар гуям, ки лахзаи фарогат надорам, хато нахохад буд. Зеро айёми чавонї вакти фарогату истирохат нест. Дар ин айём моро мебояд, ки харчи бештар аз пайи хондану илм андухтан ва аз худ кардани навоварие ё эчоди тозае бошем. Пас аз дарсхо дар Консерваторияи миллї боз ба шогирдони худ дарс мегуям. Бехтарин истирохат бароям кор ва омузиш аст.

–Байни шумо ракобат вучуд дорад?

– Худо нигах дорад аз ракобат. Баръакс маслихатхои муфиду саривактии у бароям дар чодаи санъат рохнамої мекунанд.

– Боре аз интихоби касбатон пушаймон шудаед?

– Харгиз. Санъат бароям маънии зиндагї аст. Аз овони кудакї ба сабку сурудхои хиндї рагбати зиёде доштам. Санъат барои оилаи мо мукаддас аст. Нисбати хамаи хунармандон як эхтироми махсус дорем.

– Суруде хаст, ки махсус барои азизи дилатон эчод гашта бошад?

– Медонед азизони дили ман хамаи мухлисонам хастанд ва тамоми сурудхоям ба онхо бахшида шудааст. Хамеша бахри он мекушам, ки охангу таронаи наве, ки ба дили онхо наздик бошад, пайдо намояму бахрашон пешкаш созам. Санъаткори асил онест, ки сурудаш лоаккал барои нафаре бетаъсир набошад.

– Албоми сурудхоятон мураттаб шудааст?

– Бале, соли 2008 мо ахли гурухи хунарии «Хуршед» албоми сурудхоямонро бо номи «Нозанин», ки иборат аз 30 суруд аст, тахия ва пешкаши мухлисон гардонидем.

– Мегуянд, ки суруди дилпазир зодаи дард аст ва сурудхои шумо чї гуна эчод мешаванд?

– Хангоми тавлиди суруди навбатии хеш ман гуё зиндагии чадидеро паси сар мекунам. Сурудхоям хамеша оханг ва мазмуни зиндагии худамро ифода мекунанд. Ишк ахтаре аз кураи офтоб аст ки дар дили инсонхо маскан гирифта, оламу одамро барояш зебо мегардонад. Шахси эчодкор бояд хамеша ошик бошад. Аслан ба ман хеч як нозанине бевафої накардааст. Худо накунад, ки маро ба он руз расонад. Ман дидаву шунидахоямро чамъбаст намуда, дарди дили дигаронро месароям. Барои ишки нобарори дигарон дилхунаму нолонам. Зеро санъаткорам.

– Агар сароянда намебудед кадом касбро интихоб мекардед?

– Шояд табиб мешудам. Мехохам инсонхоро хамеша сихатманду пируз ва болидахотир бубинам. Гумон мекунам инсон бо як сухани нарму ширин ва муомилаи хуш низ ба чандин дардхо дармон мешавад. Бошад, ки тарики сурудхоям ба дили инсонхо рох ёфта андуху дардро аз калби онхо берун созам.

– Мо ба ин гуфтахо итминон дорем, зеро хунармандон хамеша бо таронахои дилпазиру рухнавозашон калбу рухи моро навозиш карда гаму андухро аз дилхоямон зудуда мегардонанд. Боварї дорам, мухлисони шумо низ бо шунидани таронахои чаззоби шумо пирузу хушбахт хоханд шуд.

– Ташаккури зиёд. Ман хам ба хотири онхо хамеша дар чустучуву талошхоям. Пайваста дар пайи эчоди сурудхои тозаву ба дили онхо наздик хастам.

Саволхо ба Нигина Амонкулова

–Дар ин мохи мубораки Рамазон шояд камкуввату хаста хастед ва барои тахияву эчоди суруд хавсала хам нест?

–Худованди бузург, ки рахматаш беканору ба хама расанда аст, дар ин мохи махфирату баракот ба кас неруву тавон ва сабру каноат мебахшад. Шукрона мекунем, ки ба чунин мохи шариф расидем. Ба тамоми мусулмонони олам дар ин мохи муборак сихативу саломати, файзу баракат дар дастурхонашон , дили бегам ва хонаободиро таманно дорам. – Бо додаратон Хусрав нияти сароидани дуэт ё барпо намудани консерти якчояро надоред?

– Албатта чунин ниятхои чолиб зиёданд ва дар оянда бо хости Парвардигор амалї хоханд гашт. Як дуэти хеле чолиб бо хамрохии Хусравчон холо дар арафаи омодашави аст. Худо хохад дар фурсати наздиктарин дастраси мухлисони азиз мегардад.

–Нисбати махорату хунари у чи андеша доред, кай эхсос кардед, ки у кобилияти хунари дорад?

–Аслан бигирем сарояндаги пешаи авлодии мост. Хусрав низ хануз аз айёми хурди нисбати хунар рагбати беандоза дошт. Аввал дар мактаби санъати шахри Панчакент тахсил карда хунари навохтани асбобхои мусикї, хоса рубобро хеле хуб аз бар намуд. Баъди синфи 9 кобилияти хубашро ба назар гирифта волидонам ба колечи санъати шахри Хучанд дохил намуданд. Хаминро бояд кайд кунам, ки Хусравчон кобилияти баланди мусикифахмии Худодод дорад. Инчунин дар эчод ва тахияи оханг махорати хоса дорад.

–Шумо бо Хусрав якчоя ба тую маъракахо низ меравед?

–Албатта, вакте мардум бо хисси эхтиром ва ихлоси бепоён барои обод намудани базми хурсандиашон даъват мекунанд, магар мешавад, ки навмедашон гардони.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎