. “САЛОМ АСАЛАК. ШУТ ОМАД МОЯ НАМЕШИНОСӢ?” ҚИССАИ ЯК ХИЁНАТ БА ШАВҲАР
“САЛОМ АСАЛАК. ШУТ ОМАД МОЯ НАМЕШИНОСӢ?” ҚИССАИ ЯК ХИЁНАТ БА ШАВҲАР

“САЛОМ АСАЛАК. ШУТ ОМАД МОЯ НАМЕШИНОСӢ?” ҚИССАИ ЯК ХИЁНАТ БА ШАВҲАР

"Пеш аз омадани шавҳарам аз телефонам ҳама суҳбатҳое, ки бо он мард карда будам, тоза кардам. Дилам пур буд. Шавҳарам баргашт ва рӯзе телефонамро кофт . Ҳамон мард навишт,"Салом асалак. Чо карди шут омад дигар моя намешиносӣ? навишту аксашро фиристод. Вақте шавҳарам паёмакро хонду аксро дид, ҷавобатро додам гуфт…”

Дар ин авохир аз Тоҷикистон дар бораи мавридҳои афзояндаи аз ҳам пошидани хонаводаҳо гузоришҳо ба даст мерасанд. Ба ҳам рост наомадани ситораи зану шавҳар, муносибатҳои бад дар оила, хушунат, дахолати хушдоман – инҳо ҳама аз омилҳои дигар суннатишудаи ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон аст. Вале дар солҳои охир бо рушди фанновариҳо телефону мессенҷерҳо низ ба як омили дигари вайронкунандаи оилаҳо табдил меёбад.

Ҳар сари чанд вақт аз ин ё он гӯшаи кишвар хабаре меояд, ки фалонӣ гуфтугӯи ҳамсараш бо телефон ё мессенҷер бо мардони бегонаро диду ҷавобашро дод.

Нозанин ном як зани ҷавон дар номаи муфассалаш ба сомонаи "Ахбор” моҷарои хиёнати худаш ба шавҳарашро қисса карда ва аз бонувони дигар хостааст, ки хатои ӯро такрор накунанд:

НОЗАНИН: МАН ГУНАҲКОРАМ

Соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяку зебо ҳастам. Дар зиндагӣ аз шавҳарам ягон камбудӣ надида будам. Мо ҳамдигарро зиёд дӯст медоштем. Фикр мекардам, ки чизе ва ё касе ба зиндагии мо халале ворид карда наметавонад. Ҳар чизе мехостам, шавҳарам муҳаё месохт. Ҳар куҷое мерафтем, ҳатто як лаҳза аз як дигар дур намешудем. Вале муҳоҷирати меҳнатӣ байни ману шавҳарам ҷудоии мувақатӣ андохт. Баъд аз хонадоршавиамон аввалин маротиба буд, ки аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекардем ва хеле сахт ҳам буд.

Вақте шавҳрам дар Русия корро оғоз кард, бароям телефон равон карду гуфт, ки ба ИМО бо ҳамдигар суҳбат мекунем. Ҷои пӯшида нест, ки имрӯз тамоми муҳоҷирон бо ин шабакаи иҷтимоӣ аз аҳволи ҳамсару фарзандонашон бохабар мешаванд. Аз миён 5 моҳ сипари гашт ва як рақами бегона "салом хушруча, суратда ранги кукла омадӣ” гуён паёмак фиристод. Нашинохтам гуфтам. Ҳеҷ гап не, шинос мешавем. Вале ман розигӣ надодам. Ҳарчанд ба паёмакҳояш ҷавоб намедодам, вале менавишту менавишт. Хулоса, кам- кам ба паёмакҳояш ҷавоб мегуфтам. Баъдан суҳбат мекардагӣ шудам ва ҳамин тариқ суҳбатҳои мо тӯлонӣ мешуд. Аз байн як сол гузашт ва шавҳарам аз омаданаш хабар дод. Мани гумроҳ ба он мард гуфтам, ки шавҳарам меояд ва дигар ба ман нанавис. Ҳамаи паёмакҳояшро тоза кардам ва дар рӯйи хати сиёҳ гузоштамаш.

Шавҳари бечораам ба Ватан баргашт, вале бо сабаби кор доштанаш каме истоду дубора ба муҳоҷират рафт. Ман дубора суҳбатро бо он мард идома додам. Ростӣ, шавҳрам ҳарчанд меҳрубон буд, ғамхор буд, дӯстам медошт, тамоми шароитро бароям муҳайё карда буд, вале навоизшҳое, ки марди бегона тариқи телефон мекард, маро шайдою волояш гардонида буд, ки ҳатто дил канда наметавонистам. Ҳамин тариқ боз як сол сипарӣ гашт ва шавҳарам маротибаи дуюм ба наздамон баргашт. Мисли маротибаи аввал пеш аз омадани шаҳврам тамоми паёмакҳоро тоза карда, ҳатто барномаи ИМО-ро аз телефонам тоза кардам ва мисли ҳамешагӣ худро бегуноҳ нишон додам, вале кори ифлосу рафтори ношоям, аниқтараш хиёнаткориамро Худованд фош сохт.

Шавҳарам телефонамро гирифту кофтуков намуд. Ман бо дили пур, ки ҳамаи паёмакҳо тоза карда шудааст, бепарво будам, вале бехабар аз он ки тамоми мактубу смсҳо дар "бойгонӣ”-и телефон сабт мешудааст. Шавҳарам "бойгонӣ”-ро кофт ва паёмакҳоро аз назар гузаронид, шояд ба ҳақиқати талх бовар кардан намехост. Хулоса, дар рақамҳоям дубора ИМО-ро фаъол кард. Паёмакҳо пай дар пай меомаданд ва шавҳарам мепурсид, ин кӣ асту ваяш кӣ аст. Намедонам намешиносам, мегуфтаму халос, Чӣ ҳам мегуфтам, бо ин хиёнаткории худ, ҳамон вақт розӣ будам, ки замин кафаду маро бикашад, ки ҳеҷ гоҳ равшании дунёро набинам, вале.

Ҳамон мард навишт, "Салом асалак. Чо карди шут омад дигар моя намешиносӣ? навишту аксашро фиристод. Вақте шавҳарам паёмакро хонду аксро дид, ҷавобатро додам гуфт. Ману фарзандонамро аз дари хона берун кард. Ман бо ашки шашқатори пушаймонӣ дари модарамро кӯфтам. Баъди каме ба худ омдаан ба ҳамон мард занг задам. Марде, ки гӯё маро маҷнунвор дӯст медошт, бо шунидани он ки ману шавҳарам аз ҳам ҷудо шудем, худро ношинос гирифту ҳатто гуфт, ки туро намешиносам ва дигар ба ман занг назан. Инак 10 моҳ мешавад, ки дар хонаи модарам бо ду фарзандам зиндагӣ дорам. Мақсад аз навиштани саргузашти нангинам дар он нест, ки кори худро ба ҷаҳониён нақл кунам, мақсад, ки ин аст, ки хаттои маро ягон бону такрор накунаду фирефтаи суханҳои сохтаи мардон навшанд. Зеро фаҳмида будам, ки аксари духтарони ҷавон бо сабаби телефон доштанашон хонавайрон шудаанд, вале намедонистам, ки телефон ин қадар одамро гумроҳ мекардааст.

Бонувон, хоҳарони азиз, ҳеҷ гоҳ ба шавҳари худ хиёнатро раво набинед, ҳатто агар ӯ дур аз шумо бошад. Худованд пок аст ва ҳамеша покиро мехоҳад. Зиндагӣ низ гавҳари ноёб аст, ки Аллоҳ як бор ба бандааш медиҳад. Ба қадри ин неъмати бузург бояд расид!

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎