Баъзе мушкилоти илми тоҷик ва роҳҳои ислоҳи онҳо
Олимони сарсупурдае, ки дар пешбурди илми тоҷик саҳми зиёд доранд, кам нестанд. Онҳо дар ҳама гуна шароит ба аслҳои фаъолияти илмӣ вафодор мемонанд.
Бо вуҷуди ин, фошкориҳои охири шабакаи “Диссернет” нишон медиҳад, ки шахсони тасодуфӣ ва бахусус манфиатҷӯ дар илм низ роҳ ёфтаанд. Агар сомонаи ин шабакаро аз назар гузаронед, аз ҳама бештар ном ва чеҳраи “олимон”-и тоҷикро мебинед, ки асардӯздиашон ошкор шудааст. Дар зери ном, сурат ва шарҳи ҳоли мухтасари онҳо “Ҷадвали вомгирӣ” (“Таблица заимствования”) дода шудааст. Дар ҷадвал ҳар як саҳифаи рисолаи “олим” дарҷ гардидааст. Бо кушодани ҳар саҳифа метавон мушоҳида кард, ки кадом ҷумлаҳо ва сатрҳо кӯчонда шудаанд. Ҳатто як сатри дарозеро ҳам метавон вохӯрд, ки ҳамагӣ як калимааш аз худи муаллифи рисола ва боқӣ аз дигар сарчашма кӯчонда шудааст.
Ин усули муқаррар кардани асардӯздӣ ҳеч ҷои шак надорад, чун он кайҳо дар дигар кишварҳои пешрафта ба кор бурда мешавад. Масалан, дар Олмон пеш аз ҳимоя Донишгоҳ рисоларо ба чунин пойгоҳ мефиристад, ки бо барномаи махсуси компютерӣ дар муддати кӯтоҳ дарсади вомгириро ошкор мекунад. Тибқи талабот, рисолаи илмӣ набояд аз 6 дарсад (вобаста ба соҳаи илмӣ дарсад метавонад фарқ дошта бошад) аз дигар сарчашмаҳо вом гирифта бошад. Ин дарсад фарогири ҳамаи иқтибосҳо мебошад. Сипас, пойгоҳи зидди асардуздӣ (антиплагиат) рисоларо ба кафедра ва ё шуъбае мефиристад, ки муаллифи рисолаи илмӣ он ҷо ҳимоя мекунад. Кафедра ва ё шуъба муваззаф аст, ки натиҷаи пойгоҳро ба худи муаллифи рисола низ фиристад. Матн дар шакли барномаи pdf буда, мизони вомгирӣ ва сарчашмаҳо дар ҳар саҳифа дода мешавад. Вомгириҳое, ки дар нохунак нестанд, бо ранги фарқкунанда ишорат мешаванд, ки ба маънои асардуздӣ аст. Дар охири рисолаи илмӣ дарсади иқтибосҳо (дар нохунак гирифташуда) ва азхудкуниҳо нишон дода мешавад.
Ҳамин усули ягонаи санҷиши вомгирӣ мебошад, ки шабакаи “Диссернет” низ истифода мебарад. Ба ифодаи дигар, барномаи компютерие, ки онҳо барои асардуздӣ истифода мебаранд, барномае аст, ки дар дигар кишварҳо истифода бурда мешавад. Аз ин ҷиҳат, кори ин шабака набояд мавриди шубҳа қарор гирад.
Аммо чаро Коммиссияи аттестатсионии Русия ва ҳамин гуна Шӯроҳои диссертатсионӣ ва муассисаҳои илмие чун Академияи илмҳои Тоҷикистон хулосаҳои онро дар бораи асардуздӣ эътироф намекунанд, масъалаи дигар аст. Сабабҳо, пеш аз ҳама, ба фасоди молӣ ва манфиатҳои сиёсӣ марбут мебошанд. Русия яке аз кишварҳои фасодзада мебошад, ки аз он ҷумла дар кори Коммиссияи аттестатсионӣ ҳам таъсир мегузорад. Ҳатман гурӯҳҳои муайяне ё аз тариқи фишангҳои сиёсӣ ва ё бо роҳи ҳавасмандии молӣ ба тасмими Коммиссия дахолат мекунанд. Чун “Диссернет” шабакаи мустақил аст, дар сурати манфиатҳои муайяни сиёсӣ ва иқтисодӣ Коммиссияи аттестатсионӣ хулосаи онро қабул намекунад. Ин ҳам сабаб мешавад, ки Коммиссия санҷиши зидди асардуздиро пеш аз ҳимояи рисолаи илмӣ ба роҳ намемонад. Муносибати дуруст ва маданӣ он мебуд, ки Коммиссия бо “Диссернет” санҷиши рисолаҳоро пеш аз ҳимоя дархост мекард. Дар кишварҳои пешрафта ин гуна коммисияҳои аттестатсионӣ на фақат ҳамкорӣ мекунанд, балки барои хизматрасонии зидди асардуздӣ пардохт ҳам мекунанд. Чунин муносибат ба манфиати илм ҳам мебуд: шахсони тасодуфӣ ва манфиатдор камтар ба илм рӯ меоварданд ва ҷойи онҳоро шахсоне мегирифтанд, ки дар ҳақиқат мехоҳанд ба илм хизмат кунанд. Аз тарафи дигар, маблағгузории фаъолияти “Диссернет” салоҳият ва истиқлолияти онро низ ҳифз мекард. Ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки бо афзоиши ихтилофу зиддият ин шабака вобастаи манфиатҳои сиёсӣ ва молии гурӯҳҳои муайян гардад.
Саволе пайдо мешавад, ки дар чунин вазъият роҳ ва ё дақиқтараш роҳҳои ҳал кадоманд. Табиист, ки Русия кишвари дигар аст ва Тоҷикистон дар ҳеч сурат ба сиёсати он дар самти илму маориф таъсире гузошта наметавонад. Барои ҳамин, яке аз роҳҳои ҳал тақвияти Коммиссияи аттестатсионии мустақил мебошад. Зиёда аз даҳ сол аст, ки Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи бештар ба Коммиссияҳои миллии худ мекунанд. Албатта, ҳар ташаббус мушкилоти хоси худро ҳам дорад. Бешубҳа, забони давлатӣ бояд забони кории Комиссияи миллии аттестатсионӣ бошад. Дар ин сурат, аксарияти рисолаҳои илмӣ низ ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Дар ин сурат, саволе пайдо мешавад, ки оё барномаи компютерии зидди асардуздӣ ба забони давлатӣ вуҷуд дорад. Воқеият ин аст, ки вуҷуд надорад ва шояд дар давоми даҳсолаи оянда ҳам ба вуҷуд наояд. Барои чунин барнома ба забони давлатӣ доштан бояд аксарияти китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ, ки ба забонҳои дигар (англисӣ, русӣ ва ғайра) навишта шудаанд, тарҷума шуда, дар интернет ва ё пойгоҳи захираҳои электронии ин барномаи зидди асардуздӣ вуҷуд дошта бошанд. Бе чунин пойгоҳ ба забони давлатӣ барномаи зидди асардуздӣ ҳам сохтан имкон надорад. Дар ин сурат, роҳи ҳал навиштан ва чопи зиёда аз ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризии англисӣ мебошад. Дар кишварҳои ҳамсоя на камтар аз чор мақолаи илмии дар чунин маҷаллаҳо талаб карда мешавад. Ҳатто маҷаллаҳои илмие, ки Коммиссияи аттестатсионии Русия эътироф мекунад, наметавонанд ҷавобгӯи талаботи илмӣ бошад, чун онҳо марҳилаи тақризро сарфи назар мекунанд.
Роҳи ҳалли дигар он хоҳад буд, ки фишурдаи рисолаҳои илмӣ ба забони англисӣ тарҷума ва аз тарафи олимони сатҳи байналмилалӣ тақриз дода шаванд.
Пеш аз ҳимояи рисолаи илмӣ ҳамин гуна талабот, яъне чопи зиёда аз ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалии тақризӣ ба забони англисӣ, тақризи фишурдаи рисолаҳои илмӣ ба забони англисӣ аз тарафи олимони сатҳи байналмилалӣ ва дар сурати ба забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра будани рисола аз барномаи зидди асардуздӣ гузарондани он бояд иҷро шаванд.
Тақвияти фаъолияти Коммиссияи аттестатсионии миллии Тоҷикистон аз рӯи ин талабот, аз як тараф, боиси рушди илми тоҷик мегардад ва аз тарафи дигар, истиқлолияти интеллектуалии кишварро таъмин мекунад. Солҳои охир афсонае паҳн гардидааст, ки гӯё шумори олимон дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд аст. Зиёд шудани шумори олимон дар ҳеч сурат ба маънои бад шудани вазъи илм набояд бошад, агар талаботи илмӣ риоя гардад. Баръакс, яке аз нишондодҳои пешрафти ҷомеа маҳз афзоиши шумори мактабиён, донишҷӯён ва олимон мебошад. Дуруст ба роҳ мондани сиёсати илму маориф ва маблағгузории бештари ин соҳа шумори олимон ва кашфиёти илмиро афзоиш медиҳад, ки дар навбати худ, сифати зиндагии мардумро баланд мебардоранд.
Critical engagement and endangered academic freedom in Tajikistan
(Нашр дар сомонаи Open Democracy)
The academic community has initiated a debate on the growing challenges to academic freedom in Tajikistan. Scholars are concerned with the peculiarities of conducting field research in the wider context of Central Asia, as discussed in the Central Eurasian Studies Society (CESS) Taskforce on Fieldwork Safety in 2016, as well as at the CESS Regional Conference in Bishkek in 2017. In Tajikistan, however, the focus has been on some notorious incidents of persecution and detention of researchers. Especially since 2015, the increase in the politicisation of the scientific profession, beyond the usual self-censorship, forced some scholars – myself included – to leave the country. These developments are directly related to the Law on the Leader of the Nation adopted in 2015, which legalised the supreme status of the President of Tajikistan over the people and the state, as well as secured him and his family immunity from prosecution.
Some contributions to the recent debate by Malika Bahovadinova, Karolina Kluczewska, and Nazira Sodatsayrova consider that ethical shortcomings by researchers are the main cause of the challenge of doing research in the authoritarian environment of Tajikistan. I concede to this point, and to what these scholars define as the power hierarchy between foreign scholars and their local partners. We cannot ignore the fact that a significant proportion of academic grants goes to specific fields of academic enquiry according to priorities set by both Western policy-makers and local elites.
At the same time, these problems do not automatically indicate that all Western academic partners and funding bodies are unaware of this troubling situation. Through my own collaboration with German institutions, I witnessed that funding institutions have started supporting interactive research projects which engage local researchers in jointly designing proposals, independently conducting field research, and producing internationally recognised scientific works. I believe that this manner of long-term critical engagement will considerably improve the situation.
However, the authoritarian nature and ideological functions of Tajik academic institutions remain a major problem, as I experienced first-hand during my eighteen years working at the Academy of Sciences of Tajikistan, from December 1998 to June 2016. Paradoxically, the more a local institution is closed, the more it produces Western-dominated knowledge. The administrations of these institutions forbid or hamper effective collaboration between scholars and their international peers, which reduces the former’s knowledge of theory and method and reproduces the empirically and ethically ignorant knowledge and methodology observed by Bahovadinova and Kluczewska in some Western researchers in Tajikistan.
Bahovadinova and Kluczewska acknowledge that without the permission of these institutions they cannot carry out their research. They also warn that the termination of partnership with local institutions isolates and thus complicates further the situation of Tajik academia. However, such partnerships in an authoritarian context are problematic. First of all, the partner institutions set the rules for doing field research. In addition, in the last years the research activities of academic institutions have been directly monitored by the state’s security services.
Critical engagement with politically and socially sensitive topics – such as authoritarian state and religious radicalisation – is discouraged or outright forbidden by administrations, scientific councils and security supervisors at academic institutions. The latter circulate conspiracy theories to the effect that critical engagement corresponds to a threat against social and political order and stability. They refuse to accept the claims to impartiality, validity and reliability which are the requirements of Western academia.
Since by its very nature critical engagement will incite the authorities’ political sensitivities, ethical reflection by Western partners can only be part of the solution as long as the problems of academic freedom are directly related to the authoritarian control and politicisation of academia. In their contributions to the debate, Edward Schatz and John Heathershaw emphasise this important point. Due to recent developments, Tajikistan is no longer the country that once enjoyed a minimum of academic freedom, even if this was the product of the authorities’ disinterest. Today, the scientific and educational sectors are effectively controlled via the revival of Soviet-type security institutions and practices and, as a consequence, the Tajik academic community is under strict political surveillance.
In her assessment of the situation, Bahovadinova notices that there are still scholars in the system, who are engaged with critical research in their fields and the domestic academic environment still tolerates them. Indeed, the politicised academic environment of Tajikistan occasionally allows such critical engagement as exceptions and for reputational purposes. In most cases, however, the critical engagement of Tajik scholars depends on their personal dispositions and sometimes self-sacrifices, as they have often been discredited personally or alienated institutionally, resulting in their eventual exclusion from academia in the country.
In order to disempower Professor Hojimuhammad Umarov, the Institute of Economic Studies, where he chaired a department, was closed down. He is one of the country’s top economists and openly criticises the corrupted policies and practices of the Tajik state. Tens of books and articles by Professor Sulton Nawruzov – a prominent social scientist who produced several books and articles on the political deals and struggles inside the Academy of Sciences – have been all but ignored. He was himself forgotten even on the day of his death on January 26, 2018. These examples represent the actual decline of academic freedom in Tajikistan and how effective the authorities have been in silencing scholars. Professor Nawruzov defined such methods as academic ‘consumptionism,’ by which he described how scientific administrators and powerful scholars prevent critical engagement in their institutions.
I agree with Schatz and Heathershaw that critical engagement in its broader sense would be the appropriate remedy to improve the situation. But in order to better plan and implement critical engagement with Tajikistan’s academia, it is necessary to understand some aspects of authoritarian rule. One important aspect concerns the authoritarian administration of academic institutions. Research institutions, including the Tajik Academy of Sciences, are both separated from universities and economically dependent on the government. This does not allow free scientific work due to financial and administrative dependence on the government and the consequent lack of institutional support to critical engagement.
Moreover, vertical hierarchies based on administrative positions and academic degrees enforce scholars’ financial and political dependence, as administrative and scholarly rewards are obtained – and maintained – in return for political loyalty: scholars who show more political loyalty are appointed to administrative positions, along patron-client logic. The Soviet-era Accreditation Commission and its Councils of Scientists set both bureaucratic and political rules to prevent critical engagement by Tajik scholars.
Scholars who have administrative positions or are close to the government through the ruling political party or personal connections have privileged access to the resources of their institutions, and do not need third-party funding from foundations and research councils. Often, they tend to view third-party funding and local colleagues who cooperate with foreign-funded projects as a threat to their careers. Actually, the dominant discourse in the academic community of Tajikistan interprets third-party funding as a means for recruiting ‘foreign agents’ inside academia. Bahovadinova and Sodatsayrova are right to affirm that third-party funding provides support to a few local partners, but this often results in the marginalisation of these scholars rather than with the fostering of mutual dialogue involving administrative staff and elites.
Bearing in mind such effects of third-party funding, especially international funding, I agree with Schatz and Heathershaw when they suggest that critical engagement includes “engaging with academic societies, advisory councils and research funding bodies.” Such funding should not support non-critical partnerships. But the question remains as to how this ‘radical’ type of critical engagement can be implemented when funding bodies cannot find competent institutions and scholars willing to collaborate in Tajikistan.
Critical engagement is not only about terminating collaboration with local state institutions which produce knowledge for authoritarian rule; it is also a matter of building competent partner institutions and scholars, with the aim of abolishing what Bahovadinova defines as “a knowledge production hierarchy.” At its lower levels, this hierarchy involves both local NGOs and state institutions – including the Academy of Sciences and the Centre for Strategic Research under the President of Tajikistan – which have the dual function of collecting raw data for Western experts and, most importantly, of symbolically and normatively legitimising the authoritarian state. Hence, critical engagement should provide institutional support to independent scholars who have been ousted from the system for not having bowed to political repression. Such support could help them to continue working in their academic fields.
In a recent exchange on the subject at Radio Free Europe, Schatz mentioned a forthcoming peer-reviewed international journal where Central Asian scholars will be able to publish their works in Central Asian languages. Naturally, the journal will attract more attention and scholarly exchange if the contents are also translated into English. Central Asian scholars need more support in getting access to peer-reviewed journals on the region. Such constructive engagement can provide substantial solutions to some of the problems raised by Bahovadinova, including to Tajikistan’s scientific negligence and the marginalisation of Tajik scholars in both academic events and the international job market.
Дар мавриди теологизатсияи илмҳои фалсафӣ
(Оё ман чӣ иштибоҳҳо кардаам, ки баъдтар онҳоро хоҳам фаҳмид?)
Вақти бараҳна гуфтан аст, ман ба киноя гуфтаам,
Худ ту бигӯ, куҷо барам ҳамнафасони хомро?
Мақолаи худро бо номи “Чаро ман аз Институти фалсафа меравам?” баҳори соли 2014 ба чоп расонда будам. Ин мақола ҳеч рабте ба Шуъбаи таърихи фалсафа ва китоби сеҷилдаи “Таърихи фалсафаи тоҷик” надошт. Аммо кормандони Шуъба инро чун асли баҳсу нақд дониста, дар ҷавоб мақолаи муфассали таҳқиромези худро дар маҷаллаи “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (№ 2, соли 2014, саҳ. 108‑121) бо унвони “Таърихи фалсафа ҳамчун майдони набардҳои фикрӣ ва худшиносӣ” ба нашр расондаанд. Муаллифони мақола ба таври мушаххас номбар нашудаанд, вале чуноне ки аз суҳбати рӯбарӯ бо кормандони Шуъба дарёфтам, А.Шамолов, А.Маҳмадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, С.Ҷонбобоев, А.Шарипов ва дигарон саҳми бевосита дар таълифи ин асар доштаанд. Чун дар мақола ба муаллифон муроҷиат мекунам, пеш аз ҳама, ҳамин нафаронро дар назар дорам.
Дар асл, ман дар мавриди як қисми (на ҳамаи) таълифоти Институти фалсафа сухан гуфтаам, ки характери теологӣ доранд. Ин баҳси методологӣ аст ва ҳеч зарурате надорад, ки ҳамчун объекти таҳлилу танқид номи шахсиятҳо, шуъбаҳо ва мақолаву китобҳои алоҳида оварда шавад. Балки объекти таҳлилу танқиди методологӣ ҳамеша категорияҳо мебошанд. Дар ин робита, баҳси ман ба хотири “барҳам додани Академияи илмҳои ҶТ” набуд, чуноне ки муаллифон иддао кардаанд. Шахсан худи ман мехоҳам Академияи илмҳоро чун як муассисаи пешқадам ва меҳварии ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, сайқалдиҳандаи қудрати зеҳнӣ ва дастовардҳои техникӣ бубинам. Барои ҳамин ҳам, муддати зиёда аз 16 сол дар ин даргоҳ кор мекунам. Аммо танқиди ман ба хотири барҳам додани он ва таҳвил додани зерсохторҳои он ба дигар ниҳодҳо, чун марказҳои исломӣ нест, балки таҳаввул додани мавзӯъгузорӣ ва таҳқиқу баррасии масъалаҳо, аз он ҷумла масъалаҳои диншиносӣ мебошад. Зерсохторҳои Академияи илмҳо бояд ислом ва умуман ҳама гуна падидаҳои диниро танҳо аз нуқтаи назари илмӣ (на теологӣ) омӯзанд ва хулосаҳои дастовардҳои илмӣ, чорчӯбаҳои методологӣ, моделҳои татбиқии худро ба дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ пешниҳод кунанд. Ман Академияи илмҳоро ҳамин гуна дидан мехоҳам.
Масъалаи дигаре, ки зеҳни муаллифони мақоларо ба ташвиш меорад, он аст, ки чаро бо вуҷуди ваъда доданам ҳанӯз аз Институти фалсафа нарафтаам. Магар иштиёқи зиёди шумо буд, ки дар бойгонии Институт дафтарчаи меҳнатии маро гум карданд, вале бо вуҷуди муроҷиатҳои расмӣ ва шифоҳии зиёд то ҳанӯз барқарор накардаанд? Баъдан, чӣ далел доред, ки ман бояд аз Институт равам? Худи маъмурият чӣ далел дошт, ки дафтарчаи меҳнатии маро гум кардааст, дар соли ҷорӣ (2015) маро бе ҳеч гуна огоҳӣ аз кор ҷавоб додааст ва бо ман дигар қарордод ва шартномаи меҳнатӣ набастааст? Оё чунин муносибат аз рӯи талаботи ҳуқуқӣ аст? Бо вуҷуди ҳамин, маъмурият ба ду аризаам барои аз кор рафтан имзо накарда буд. Магар фурсати муносиберо интизор буд, ки инак фаро расид ва ин дафъа бе ариза ва пурсиш маро аз кор озод кард. Магар далели маъмурият ҳамин мақолаи Шуъбаи таърихи фалсафа аст, ки маро “нодон”‑у “зеҳни хом” номида, мегӯянд: “…як нафар ҷавоне, ки ҳанӯз ҳеч таҳқиқоте нанавишта…”
Хоҳиш мекунам, ба ғайр аз ин мақолаи танқидии навиштаам, дигар далелҳоро низ ошкор кунед. Дар даврае, ки ман ва ҳамкоронам дар Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар тӯли каме зиёдтар аз ним сол (июни 2014 – январи 2015) зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ‑оммавӣ, публисистӣ, гузоришу баромадҳои телевизионӣ, радиоӣ ва интернетӣ нашр кардаанд ва дар самти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои давлатдории миллӣ ва дунявӣ мубориза бурдаанд, 5 маҷмӯаи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ навишта, чоп ва омодаи нашр кардаанд, магар Шуъбаи шумо ба ҷуз навиштани ин мақола ва дигар мақолаҳои ҷавобӣ ба С.Наврӯзов ва Р.Бобохонов ва ҳамчунин муҳокимаи рисолаҳои илмии аспирантҳои эронӣ боз чӣ кори дигар кардааст?
Баъдан ба маълумоти камназар ва мутакаббири шумо бод, ки ман на “дорои дипломи магистратура”, балки соҳиби дипломи “PhD” (“philosophy doctor” – “доктори фалсафа”) ҳастам, ки онро дар тӯли омӯзишу таҳқиқи 5‑солаи худ аз Факултаи фалсафаи Донишгоҳи Бонни Олмон 6 декабри соли 2011 дастрас кардам ва дар асоси он китоби худро ба забони англисӣ соли 2013 дар Берлин ба чоп расондам. Аз хонандагон узр мепурсам, барои шикастани рукни муҳими ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ки хоксорӣ мебошад. Вале агар баъзе паҳлуҳои шахсияти худро ошкор насозам, нафароне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд, “тасодуфӣ” буданамро ҷилва диҳанд ва ҳатто “исбот намоянд”.
Ходимони Институти фалсафа аз гиребони ман гирифтаанд, ки “ӯ (яъне Бобоёров Ҳафиз) ҳунари навиштани мақолаҳои илмӣ ё рисолаи илмиро ҳанӯз надорад”, балки гӯё “хусуматомез” ва “бо супориши дигарон” менависад. Агар як нафаре чун ман ҳунари навиштани мақола ва рисолаи илмиро надошта бошад ва ба гуфтаи шумо, “аз кӯчаи ин илм (таърихи фалсафа) нагузаштааст”, чӣ гуна муддати зиёда аз 10 сол ӯро дар Институт ва боз ба сифати ходими калони илмӣ таҳаммул кардаед? Чаро Шӯрои олимонро ҷеғ зада, салоҳияти илмии ӯро баррасӣ накардаед? Магар шумо ҳам салоҳият надоред, ки дар байни шумо чунин корманди “тасодуфӣ” вуҷуд дорад.
Ман бевосита дар мавриди забоннодонии муаллифон ҳеч ишорате ҳам накардаам, вале онҳо ин камбудии худро дар зеҳнашон, ки ҳаст, аз ман дидаанд, ки гӯё ман онҳоро таъна задаам. Дар айни ҳол борҳову борҳо мехоҳанд дурустии даъвоҳои теологии худро аз “ҳар гӯшаю канори ҷаҳон ва ба кадом забоне набошад” (113) собит кунанд, аммо аз гуфтан то далел овардан роҳ аз замин то осмон аст, ки онро бо илм мешавад паймудан, на бо афсона.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман ба истилоҳи шумо “тавон” ва “ҳунар”‑и баҳси таърихи фалсафа, диншиносӣ ва инсоншиносии динро аз диди методологӣ дорам. Шояд ин шумо ҳастед, ки аз он бехабар ҳастед ва худро заҳмат намедиҳед, ки навтарин сарчашмаҳо ва баҳсҳоро омӯзед ва дар коргоҳи худ баррасӣ намоед. Вале хоҳиш мекунам, барои чунин омӯзиш маро “ғарбгаро” нагӯед. Ин қолаби қадимаи уламои исломӣ аст, ки касе осори пешазисломӣ мехонд, ӯро зиндиқ мегуфтанд, касе осори аврупоӣ хонд, ӯро ғарбгаро меноманд. Магар таҳсил ва дифои рисолаи илмиам дар Олмон кофист, ки шумо маро “Ғарбгаро” меномед, ки гӯё “ба Ғарб тақлид карданро талқин менамоям” (113). Барои исботи ин шумо мисол меоред, ки консепсияи теологии “инсони комил”‑ро танқид кардаам. Ин гуна иттиҳомот, яъне “ғарбгаро” ва ҳамчунин “тасодуфӣ” будани ман аз забони наҳзатиён низ садо медиҳад. Шумо аз як мавқеи идеологӣ ҳимоя мекунед. Вале барои пӯшондани ин мавқеи худ аз Меҳмоншоҳ Шарифзода низ иқтибос оварда, ӯро сарсарӣ танқид мекунед.
Ба ҷои баҳси илмӣ кардан, шумо ба таҳқири шахсияти ман сар кардаед, ки ин шеваи деринаатон мебошад. Дар зимн мегӯед, ки “аз афкори маънавии ниёгони гузаштаи мо иттилои кофӣ надорад” (яъне ман), “бо сабаби дар ин соҳа мутахассис набуданашон… Институтро бо “теологизатсия” айбдор мекунанд” (яъне ман ва профессор С.Наврӯзов). Шумо дар асоси кадом далел чунин иддао мекунед? Магар ба таҳсилоти донишгоҳии ман дар Факултаи филология ва Аспирантураи Институти фалсафа, ки бо стипендияи президентӣ таҳсил мекардам ва дар назди шумо имтиҳонҳои минимуми фалсафа ва ҷомеашиносиро супорида будам, яъне магар ба баҳоҳои гузоштаи худ эътимод надоред? Ба ҷуз ин, аз январи соли 2010 то инҷониб дар Шуъбаи онтология ва гносеология ва ҳоло бошад дар Шуъбаи фалсафаи фарҳанг ба ҳайси ходими калони илмӣ кор мекунам ва тӯли ин муддат ба таҳияи методология ва консепсияи омӯзиши манзараҳои фалсафӣ ва илмии олам ва ахиран ақлгароӣ дар фарҳангу фалсафаи тоҷик машғул ҳастам. Дар ин замина, рисолаи илмиам дар ҳаҷми 354 саҳифа омодаи чоп аст. Борҳо мақолаҳоям дар шуъба баррасӣ шудаанд ва дар айни замон дар таҳлилу баррасии мақолаву рисолаҳои илмии кормандони илмии шуъба ва дигар шуъбаҳо, аспирантони тоҷик ва хориҷӣ саҳм гузоштаам. Агар шумо ба ҳайсияти ман шубҳа доред, магар ин маънои онро надорад, ки ба салоҳияти илмии Шуъбаҳое, ки дар он ҷоҳо солҳои охир кор мекунам, шубҳа доред, ба тақризҳои бешумори рисолаҳои илмии аспирантон, ки як қисми калонаш аз Шуъбаи таърихи фалсафа буданд, шубҳа доред? Пас, чаро тақризҳои маро чун асос дониста, аспирантҳоро аз муҳокимаи шуъбаҳо ва Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ гузарондед? Магар шумо ба салоҳияти Шӯрои диссертатсионӣ низ шубҳа доред, ки худ низ аъзои он ҳастед? Бубинед, баҳс то куҷо меравад, агар даъвое подарҳаво ва ғаразнок карда шавад.
Дар мавриди муносибати байни Раёсати АИ ҶТ ва Институти фалсафа бояд гуфт, ки аввалан, муносибати байни ин ду ниҳод бад нест, худатон инро хуб медонед. Пасон, агар муносибат дар ҷое бад шуда бошад, ин ба худи шумо бастагӣ дорад, ки камбудиҳои аз тарафи ҳамкоронатон зикршударо қабул надоред ва дар муборизаҳои идеологӣ қафонишинӣ карда, интизор нишастаед, ки кадом ақида ва мафкура дар ҷомеа ғалаба мекунад, то онгоҳ тасмим гиред. Магар чунин мавқеъгирии ба ифодае “барзахӣ” (бетарафӣ ва бемасъулиятӣ) дар рӯёрӯи афзоиши хатарҳои ифротгароӣ хатарнок ва саҳлангорӣ нест? Магар муассисае, ки худро “идеологӣ” муаррифӣ кардааст, чунин мавқеи бетарафона дар робита ба тақдири миллат ва давлат мегирад? Агар шумо иддао доред, ки ин рафтори ман зидди “ахлоқи ихтисоси коргоҳӣ” аст, метавонед ба қавли худатон даъвои худро ба “суд” баред, вале фаромӯш накунед, ки даъвоҳо дуҷониба ҳастанд.
Таъкидан савол ин аст, ки магар баҳсу баррасӣ ва нақди илмии таҳқиқи ғайриилмии мероси фалсафаи халқи тоҷик зидди арзишҳои мероси маънавии халқи тоҷик аст? Магар танқиди баъзе (на ҳамаи) ҷиҳатҳои кори Институти фалсафа, аз он ҷумла теологизатсияи илмҳои фалсафӣ ва тарғибу ташвиқи ғайританқидии осори зидди манфиатҳои миллии тоҷикон (чунончи, дар мавриди Фатҳулло Гюлен) хилофи арзишҳои миллии тоҷикон мебошанд. Худ аз худ аён мегардад, ки кормандони илмии Шуъбаи таърихи фалсафа дар пушти “арзишҳои мероси фалсафаи халқи тоҷик” паноҳ меҷӯянд ва маро ба “душманӣ” ба ин мерос гунаҳкор мекунанд. Дар ҳоле ки худи онҳо на арзишҳои мероси фалсафаи халқи тоҷик, балки арзишҳои ғайрифалсафӣ ва ғайритоҷикиро бештар тарғиб мекунанд. Дар ин маврид маҷмӯаи “Ҳикмати таҳаммул” далели побарҷо ҳаст.
Назари танқидие, ки ман пешниҳод кардаам, дидгоҳи мустақили худи ман буда, таъкид бар он мекунад, ки ҳам таърихи фалсафа ва ҳам диншиносӣ илм ҳастанд. Ман дар ягон ҷо инро инкор накардаам. Фақат муаллифон мехоҳанд хонандаро гӯл зананд, ки гӯё ман онҳоро илм намеҳисобам. Балки шеваи таҳқиқи онҳоро аз тарафи як гурӯҳ муҳаққиқони Институт ғайриилмӣ номидаам. Ин танқид танқиди методологӣ мебошад ва дар кишварҳои пешрафта на фақат як бору ним бор, балки ҳар ҳафтаву ҳар рӯз тавассути семинару мақолаҳо садо медиҳад. Маҷаллаҳои илмии русӣ ва англисӣ моломоли чунин танқидҳо ҳастанд, вале мо ҳастем, ки танқидро ба дард қабул мекунем ва ислоҳ шудан намехоҳем. Воқеияти ҳол аст, ки таърихи фалсафа ва диншиносии мо асосҳои илмии худро аксаран аз даст додаанд. Балки ин омӯзишҳо ба тарғиби кӯркӯронаи дину мазҳабҳо машғул буда, дар ҳақиқат ба “теологизатсия”‑и илми тоҷик саҳм мегузоранд.
Дар ҳақиқат, таърихи фалсафа таърихи ташаккули афкори фалсафӣ буда, равишҳои методологӣ ба а) заминаҳои таърихии ташаккули афкори фалсафӣ, б) роҳҳои ба ҳам алоқаманд кардани давраҳои гуногуни ташаккули афкори фалсафӣ, в) асосҳои ягона ва ё қонуниятҳои умумие, ки дар атрофи онҳо афкори фалсафӣ ташаккул ёфта, онҳоро шарҳ медиҳанд ва с) моделҳои интихоб ва системасозии афкори фалсафӣ барои ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ асос ёфтаанд. Ба истилоҳи дигар, равишҳои методологие чун материализми диалектикӣ, детерминизм, натурализм, феноменология, герменевтика, футурология, методологияҳои антропологӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва ғайра мавҷуданд. Дигар ҷиҳати баҳси методологӣ аз он иборат аст, ки муҳаққиқи эҷодкор наметавонад аз ягон методологияи тайёр кӯркӯрона истифода барад. Дар ҳоле ки то ҳанӯз аксарияти равишҳо натавонистаанд ҳақиқати мутлақ будани худро собит кунанд. Барои ҳамин, ҳар як мақола ва ё рисолаи илмӣ бо бахши методологӣ ва назариявӣ сар мешавад, ки фарогири боби алоҳида аст. Дар он ҷо муҳаққиқ нишон медиҳад, ки мавзӯъ аз тарафи кӣ омӯхта шудааст, омӯзиши онҳо аз ҷиҳати назариявӣ чӣ камбудӣ дорад, кадом назарияҳо дар мавриди мавзӯъ вуҷуд доранд, агар яке аз ин назарияҳо ҳамчун чорчӯбаи таҳлили мавзӯъ қабул нест, пас муҳаққиқ вазифадор аст, ки ё методология (чорчӯбаи назариявӣ)‑и худро пешниҳод кунад ва ё дар заминаи назарияҳои мавҷуда як чорчӯбаи методологӣ созад.
Масалан, мавзӯи “бозгашти абадӣ” дар осори Нитше ва ё дар осори Мавлавӣ худ аз худ наметавонад ҳақиқати илмӣ дошта бошад, балки таҳлили методологии он метавонад аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардад ва ё не. Мирча Элиаде “бозгашти абадӣ”‑ро ба устураҳои дунёи қадим дар Байтулмуқаддас марбут медонад. Аммо назари ин инсоншинос низ кофӣ нест, чунки баҳси ин мавзӯъро дар таърихи фарҳанг ба мифология маҳдуд мекунад. Гӯё Нитше ва Мавлавӣ андешаи фалсафӣ ва ирфонии худро дар асоси ҳамин миф ба вуҷуд овардаанд. Барои ҳамин, дар рӯҳияи муҳаққиқ шубҳа пайдо мешавад ва омӯзиши методологии худро идома медиҳад. Дар асари омӯзиш ӯ ба консепсияҳои нав ба нави инсоншиносӣ ва равоншиносӣ шинос мешавад. Яке аз ин консепсияҳо дар равоншиносӣ Архетипҳои Карл Густав Юнг мебошад, ки “бозгашти абадӣ”‑ро чун архетипи рӯҳ баён мекунад. Архетипи рӯҳ қолаби зеҳнии ҳар як инсон мебошад, ки он аз ҷисм ҷудо буда, ба нуқтаи ибтидоии худ бармегардад, яъне аз ҷисм ҷудо мешавад. Аз ин дидгоҳи Юнг, Гегел низ ба бозгашти рӯҳ ба нуқтаи ибтидоӣ бовар дошт, чуноне ки одамони ибтидоӣ низ дорои чунин боварӣ буданд. Аммо барои олими нуктасанҷ ҳанӯз пешниҳоди Юнг қаноаткунанда нест, ки гӯё дар хотираи инсон бо номи “мнемо” қолаби рӯҳи ба асли хеш баргарданда вуҷуд дорад. Барои ҳамин дар хоб ҳам ин аслро мебинад. Ин ҷо мо ба консепсияи дигари равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ бархурд мекунем (албатта, дар натиҷаи мутолиа ва ҷустуҷӯи чандзабона), ки “бехатарии онтологӣ” ном дорад ва аз тарафи Петер Бергер, Томас Лукманн, Энтони Гидденс, Катарина Киннвал, Майкл Ҳоҷ, Энтони Коҳен ва Чарлз Тилли ташаккул ёфтааст. Инсон ба он хотир ба рӯҳи ба асл баргарданда бовар дорад, ки маҳз дар ҳамин шакл маъно, ҳадаф ва абадияти ҳастии худро тасаввур мекунад. Барои ҳамин, Мавлавӣ инсонро ба най монанд мекунад ва мегӯяд: “Ҳар касе, к‑ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш”. Ин як равиши баҳси методологии мавзӯи “бозгашти абадӣ”, “бозгашт ба асл”, “рӯҳ”, “абадият” ва монанди ин мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар осори фалсафӣ, ирфонӣ ва динии тоҷикон фаровонанд. Дар китоби худ бо номи “Методологияи бехатарии вуҷудӣ: Мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб”, ки ба зудӣ дар нашриёти АИ ҶТ “Дониш” (354 саҳифа) ба табъ мерасад, ин масъаларо муфассал баррасӣ кардаам.
Бубинед, ки мо ин арзишҳоро паст назадем, инкор накардем, балки кӯшиш кардем кушода диҳем, ки чӣ гуна ва дар кадом шароити таърихӣ ба вуҷуд омадаанд, ба якдигар ва дигар мафҳуму падидаҳои фарҳангӣ робита доранд, кадом қонуниятҳои умумии ҷомеаи инсониро ифода мекунанд ва барои ояндаи инсоният чӣ аҳамият дошта метавонанд. Мутаассифона, вобаста ба баъзе масъалаҳо, аз он ҷумла маҳдуд будани доираи мутолиаҳои методологии олимони мо, танбалии таҳқиқотӣ ва махсусан зеҳни мазҳабӣ доштани онҳо, таҳқиқоти солҳои охири таърихи афкори фалсафӣ ва динӣ характери илмӣ надоранд. Фақат номбар кардани олимону донишмандон, чуноне ки дар мақолаи Шуъбаи фалсафа анҷом дода шудааст, маънои онро надорад, ки илмияти мақола ва ё рисоларо таъмин мекунад. Дар натиҷа, бисёре аз мақолаҳо ва рисолаҳо ба тавсиф ва тафсири матнҳо ва шеърҳои файласуфон, сӯфиён, шоирон ва фақеҳони гузашта маҳдуд мондаанд. Бе методологияи хоси таҳқиқотӣ бисёре аз таълифот аз ҷиҳати назариявӣ гибрид шудаанд. Дар таҳлили заминаҳои таърихии афкори ин ё он мутафаккир ба диалектикаи материалистӣ такя мекунанд, вале дар таҳлили худи афкор ба теология рӯ меоранд. Ман инро ба тамоми масъулият ва бо дарназардошти далелҳои фаровон мегӯям.
Аз ин рӯ, баҳси мо дар мавриди “теологизатсия”, яъне бо усули теологӣ омӯхтани таърихи афкори фалсафӣ, ирфонӣ ва динӣ маънои “аз мероси фарҳангии замони ислом даст бояд кашид”‑ро надорад. Ман шахсан ин гуна иддао накардаам. Балки ин як гуна тахайюлпардозӣ ва ё кӯшиши таҳрифи мавқеи ман аз тарафи нависандаҳои Шуъбаи таърихи фалсафа мебошад. Мавқеи ман аз он иборат аст, ки мероси фарҳангии замони ислом ва умуман мероси фарҳангии гузаштаи миллати худро бо назари танқидӣ омӯзем ва пешкаши хонандаҳо намоем. Барои ба чунин мақсад расидан, мо бояд баҳсҳои методологӣ дошта бошем. Мутаассифона, ягона мактаб ва ё чорчӯбаи методологие, ки аксарияти муҳаққиқони мо такя мекунанд, теология мебошад. Дигар мактаби маъруф – диалектикаи материалистӣ фаромӯш шудааст, чунки дар муддати зиёда аз 20 сол олимони мо омӯзишҳои худро аз Марксизм аз ёд баровардаанд. Дигар мактабҳо вуҷуд надоранд, чунки мутолиаҳо ва семинарҳои методологӣ вуҷуд надоранд.
Дигар ҷанбаи баҳси “теологизатсия”, ки аз тарафи муаллифони Шуъбаи таърихи фалсафа таҳриф шудааст, масъалаи динӣ ва ё зиддидинӣ (атеистӣ) будани фалсафаи тоҷик мебошад. Афкори фалсафии тоҷик иборат аз ҳар ду мебошад. Баъдан, тибқи методологияе, ки худи ман ба он такя мекунам ва он дар рисолаи илмиам бо номи “Методологияи бехатарии вуҷудӣ” баён гардидааст, дар ҷустуҷӯӣ дин ва ё бединӣ дар ин ё он афкори фалсафӣ нестам. Тибқи методологияи бехатарии вуҷудӣ, на баҳси дину бединӣ, аввалияти материя ва ё идея ва ғайра, балки баҳси ҳастӣ ва нестӣ афкори фалсафии ҳар як файласуфро фаро мегирад. Моҳияти асосии баҳси ҳар як мутафаккир масъалаи ҳастӣ ва нестӣ аст. Яъне, чӣ гуна ҳал кардани ин масъала мебошад. Чунончи, дар Юнони Бостон бо мафҳумҳои логос, генезис, атом, айдос ва ғайра ин масъаларо ҳал мекарданд. Мавзӯъҳои ирода (Шопенҳауер, Нитше), озодӣ (Сартр) ва абсурд (Камю) низ ба ҳамин мақсад буданд. Аз ин нуқтаи назар, мо ҳеч гоҳ даъво накардаем, ки дар таърихи фалсафаи тоҷик бояд фақат афкори бединӣ (атеистӣ) ҷустуҷӯ карда шавад, ки дар асл яктарафа ва дур аз ҳақиқати илмӣ мебошад. Ин асоси методологии шинохти мутафаккирони гузаштаи тоҷик буда наметавонад. Балки мавзӯи ҳастӣ ва нестӣ баҳси марказӣ дар афкору таълимоти мутафаккирони тоҷик низ ҳаст. Аммо муҳаққиқони афкори фалсафии асрҳои миёнаи тоҷик, агар дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ атеизмро дар афкори гузаштагони мо меҷустанд, акнун баҳси худро ба дину диндорӣ, ирфон, имон, инсони комил, тақдир, фақру таваккул, қаноату сабр ва ғайра аз дидгоҳи теологӣ маҳдуд кардаанд.
Дар ин маврид, муаллифон мепурсанд, ки: “Магар баррасии андешаи физикӣ (олами моддӣ) ва равобити он бо метафизика (олами улвӣ) теологизатсия аст?!” Худи ҳамин савол аз ҷиҳати илмӣ сиҳат надорад, чунки маълум нест, онҳо кадом дидгоҳи методологиро барои баррасии равобити ин ду “олам” пешниҳод кардаанд. Як зумра мақолаҳо ва рисолаҳои таърихи фалсафа нишон медиҳанд, ки дидгоҳи теологӣ дар муқоисаи ин ду “олам” асос гирифта шудааст. Аз ин рӯ, ҷавоби савол чунин аст: “Бале, чунин баррасӣ теологизатсия аст!”
Аз баҳсу баррасии муаллифон бармеояд, ки аз ҷиҳати фалсафӣ ва методологӣ онҳо “дин” гуфта чиро дар назар доранд: “Аз ғояти фикри муаллиф (яъне Ҳафиз Бобоёров)… бармеояд, ки мо – ходимони илмии Шӯъбаи фалсафа ба мисли давраи Эҳёи Ғарб танҳо ба ҷиҳатҳои ахлоқӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии дин аҳамият дода, ба дин муносибати уфуқӣ (яъне он чи ба олами моддӣ, физикӣ судманд аст) дошта бошем. Он чи ба муносибати амудӣ (яъне он чи ба олами улвӣ, метафизикӣ мансуб аст) аз он даст кашида, ҷомеаи имрӯзаро ба сӯи фардои фирӯз ба мисли мамолики Ғарб равона созем.” (110‑111). Аввалан, ман аз шумо чунин талабро накардаам, яъне дар ҳеч куҷо нагуфтаам, ки шумо бояд асосҳои методологии давраи Эҳёи Ғарбро дар таҳқиқу шинохти дин қабул кунед. Баъдан, вижагии методологии давраи Эҳёи Ғарб аз он иборат буд, ки ба дин ва ҳамаи дигар падидаҳои табиию иҷтимоӣ нигоҳи натуралистӣ дошт. Аз ҳамин ҷо, мафҳумҳо ва фанҳое чун “натурализми фалсафӣ”, “деизм” ва ғайра ба миён омаданд. Яъне, шахсан худи ман дар чорчӯбаи методологии худ ин нуқтаи назарро (мухтасар ҳам бошад) танқид кардам. Он чӣ ман мехостам ва ҳоло ҳам мехоҳам гуфтан, таҳмили ягон ақида ва чорчӯбаи фикрӣ набуда, балки гуфтан аст, ки таҳқиқотҳои афкори фалсафии мо теологӣ ҳастанд. Чи муносибати амудӣ ва чи муносибати уфуқӣ ба дин асоси илмӣ надоранд, балки ду шакли баҳси теологӣ мебошанд. Дигар ин ки матни мазкур пур аз ғалати мантиқӣ аст.
Ҳамчунин, динро аз назари илмӣ баҳсу нақд кардан ба маънои “илми моддигаро” ва “атеизми шӯравӣ” нест, ки мехоҳед ба ҳар баҳона ба ман часпонед. Пешниҳоди методологии “бехатарии вуҷудӣ”, ки дар китоби худ кардаам, маҳз ба хотири яктарафа ва моддигаро будан даврони нави Аврупоро танқид кардаам ва гуфтаам, ки сабаби асосии ташаккули афкори қудратмеҳварӣ дар фалсафа ва ҷомеашиносӣ гардидааст. Инсон ҳамеша ба маънавиёт дар шаклҳои гуногуни он, аз он ҷумла афкори фалсафӣ, метафизикӣ, дин, ахлоқ, ҳунар ва ғайра ниёз дорад. Аммо тибқи дидгоҳи теологӣ сабаби чунин эҳтиёҷоти ботинӣ ва иҷтимоии одамон ба маънавиёт он аст, ки онҳо берун аз ҷаҳони ботинии инсон дар “ҷаҳони улвӣ” вуҷуд доранд ва майл ба онҳо боиси такомул мешавад. Маҳз ҳамин мавқеъро мо дар зимни таҳқиқи афкори фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ ва динии тоҷикон аз тарафи як қисми олимони Институти фалсафа мушоҳида мекунем. Танқиди ман маҳз дар ҳамин маврид аст, бо сабаби зеҳни мазҳабӣ ва хурофотии худ онҳо ба мутлақият ва берун аз замону макон арзиш доштани категорияҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ бовар кардаанд. Пас, куҷо мешавад тафаккури фалсафии онҳо?! Бо тафаккури ғайриилмӣ ва ғайрифалсафӣ мақолаҳо ва рисолаҳо кофӣ набуданд, ки олимони Шуъбаи таърихи фалсафа ин мақолаи дифоӣ аз худашонро низ ороста аз афкору хаёлоти теологии худ кардаанд. Агар то саҳифаи 111 тасвиру тахайюл дар мавриди таҳқири шахсияти ман бошад (дар саҳифаҳои баъд низ ин лаҳзаҳо вомехӯранд), аз он пас аксаран хаёлбофиҳои теологӣ мебошанд. Ва идома дорад!
Агар иддаоҳои теологии олимони мо дуруст бошанд, савол ин аст: Дар мавриди сархати охири қатори якуми саҳифаи 111 чӣ далели илмӣ доранд? Саволи дигар: Оё “назму низоми офариниши олам ва дарки онро ба қолаби илмӣ, ки қобили қабули ақл бошад, баррасӣ намудан” дар чорчӯбаи теологии он имкон дорад? Агар теология ва умуман тасаввуроти мифологию динӣ барои дарк кардани ҳақиқати офариниши олам қудрат дошта бошад, пас чӣ зарурат ба физика ва дастгоҳҳои азими омӯзиши лаборатории зарраҳои нахусттаркиш вуҷуд дорад? Магар баҳсҳои теологии офариниш “комёбии системаноки беш аз ҳазорсолаи мост, ки ниёгони мо барои мо ба ирс гузоштаанд”? Магар ваҳй ва ҳадис чӣ асоси илмӣ дорад ва дар ҷараёни маърифати олами ҳастӣ чӣ нақш дорад? Магар мешавад, ҳақиқатро зинабандӣ ва вобаста ба наздикию дуриаш аз категорияи теологии худо раддабандӣ кард? Магар “басирати ботинӣ” исботшаванда аст ва қувваи шинохти куллан ҷудо аз ақл аст? Магар силсилаи маротиби ҳастӣ, судур, сохтори вуҷудшиносии теологии “офаридгор – ақли кулл – нафси кулл – ҳаюло – чаҳор унсур – маволиди сегона – инсон‑иҷтимоъ” (113) ва дигар консепсияҳои марбута асоси илмӣ доранд? Бояд таҳқиқоти мо аз фақеҳон ва мутакаллимон фарқ дошта бошад. Мо бояд дидгоҳ ва чорчӯбаи илмӣ дошта бошем, на коргоҳи тафсири беаввалу беохири теологӣ. Таълимоти онҳоро “тӯтивор такрор накунем” ва “бо зеҳнҳои хоми худ баҳо надиҳем”, бинобар ин “ҳарза нагӯем” (иқтибоси ин таҳқирҳо аз худи муаллифон). Балки бояд донист, ки ҳамаи ин таълимоти бузургон аз ҷиҳати илмӣ дақиқ нестанд, исботшаванда ҳам нестанд. Онҳоро метавонем ҳамчун арзиш қабул кунем ва сипас аз дидгоҳҳои гуногуни инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ баҳо диҳем. Фарз кардем, барои чӣ таълимоти фравашиҳо ва паймон дар Зардуштия, мусул дар Афлотун, ақли даҳгона дар Сино, нур дар Суҳравардӣ ба вуҷуд омаданд. Тибқи методологияи бехатарии вуҷудӣ, онҳо роҳи ҳалли мушкилии нестиро дар ҳамин таълимотҳо диданд. Вале онҳое, ки тафаккури теологӣ доранд, пофишорӣ мекунанд, ки ҳамин мафҳумҳо ҳақиқат ҳастанд, яъне ба таври объективӣ вуҷуд доранд.
Аллакай дар асри 17 Декарт пешниҳоди ҷолиб карда буд: шинохти моҳият ва нияти Худо, аз он ҷумла дар робита ба офариниш ғайриимкон аст, аз ин рӯ, он аз доираи баҳси фалсафа ва илм берун меафтад. Дар асри 20 Ҳабермас дар “Мантиқи навини илмҳои иҷтимоӣ” тақсимотро дар байни илмҳои табиӣ ва инсонӣ, яъне дар байни “факт” ва “арзиш” таъкид мекунад. Ҳақиқати илмӣ он аст, ки офариниш аз нуқтаи назари теологӣ “арзиш” аст, на “факт”. Он факти физикӣ буда наметавонад. Ягон теолог ё сӯфӣ дар бораи Нахусттаркиш ва зарраҳои он маълумот надошт, то ин ки олимони мӯшикофи физика дар бораи онҳо факт пешниҳод накарданд.
Дар рафти баҳси теологии худ, муаллифон фаромӯш мекунанд, ки дар оғози мақола ва рисолаи худ рӯйхати дарози “бузургон”‑и фалсафа ва илмро оварда буданд. Магар ин маънои онро надорад, ки чунин равиши методологӣ равиши эътиборписандӣ аст, чуноне ки дар давраи Шӯравӣ ҳамаи олимон, аз он ҷумла олимони соҳаи кишоварзӣ (селексияи тухмӣ ва ё тибби ҳайвонот) низ аз Марксу Ленин иқтибос меоварданд, вале дар саҳифаҳои баъдӣ ҳеч зарурат ва имкони аз онҳо иқтибос овардан намеёфтанд.
Дар робита ба он ки мо “илми динӣ”‑ро ҳамчун илм рад кардаем, ба асосҳои методологии илм ва фарқияти онҳо аз биниши динӣ такя мекунем. Аммо муаллифони мақолаи дастҷамъӣ боз ҳам мавзӯи баҳсро теологӣ мекунанд, яъне барои исботи ақидаи худ аз Қуръон ва дигар сарчашмаҳои нақлии динӣ далел меҷӯянд. Боз ҳам савол ин аст: Се марҳилаи сайри илм, ки аз Миён Муҳаммад Шариф далел меоред, тавассути кадом илми имрӯза тасдиқ ёфтаанд ва М.М.Шариф инро бо кадом усули таҷрибавӣ ба даст овардааст? Ҳамин савол дар мавриди “илми ладунӣ” низ пурсида мешавад: Ба кадом далели илмӣ ҳамин гуна илм вуҷуд дорад?
Дар ин маврид фарқияти усулии илм аз дин он аст, ки аввалӣ ба фактҳои ба дастомада ҳақиқатро бозгӯ мекунад, вале охирӣ, яъне дин ба аҳкоми нақлшудаи муътабар ҳақиқатро мешиносад. Яъне барои теология таҳқиқоти таҷрибавӣ хос нест. Муҳим нест, ки аввал вуҷуд доштани “се марҳилаи сайри илм” ва “илми ладунӣ”‑ро дар олами объективӣ кашф ва баъд ба онҳо истинод кунад. Барои ҳамин, вазифаи таҳқиқоти илмӣ на бо сари хам ва итоаткорӣ қабул кардани ин гуна ҳақиқатҳои теологӣ, балки ошкор кардани ин матлаб аст, ки дар чӣ шароит, бо кадом мақсад ва вобаста ба кадом ниёзҳои маънавӣ ва моддии одамон чунин таълимотҳои ғайриилмии теологӣ ба вуҷуд омада буданд. Масалан, сабаби пайдоиш, функсияи иҷтимоию сиёсӣ ва ниёзи маънавии “илми ладунӣ” чӣ буд? Ин аст саволгузории илмӣ.
Барои ҳамин, муаллифони дар назари хонанда номаълуми мақола ва дар пушти пардаи Шуъбаи таърихи фалсафа пинҳоншуда, саволи мо ин нест, ки: “Оё дар ҳар куҷое, ки истилоҳҳои фалсафии ақли куллу нафси кул, назарияи судур бошад, мо онро таҳқиқ накунем?” Бори дигар таъкид мекунам, ки ин масъалаҳо бояд омӯхта шаванд, фақат аз дидгоҳи методологияи илмӣ, на теологӣ, ки дар боло фарқияташонро бо далелҳои алоҳида баён кардем. Дар ҳақиқат, ҳар як муҳаққиқ ҳақ дорад, ки ин масъаларо дар чорчӯбаи хоси методологияи худ баррасӣ намояд. Масалан, ман бо методологияи “бехатарии вуҷудӣ” онҳоро таҳқиқу таҳлил мекунам. Диққати бештар ба лаҳзаҳое медиҳам, ки хатарҳои вуҷудии инсон дар ташаккули ҷаҳонбинии мифологӣ, динӣ, системаҳои метафизикӣ, категорияҳои онтологӣ, гносеологӣ ва ғайра чӣ саҳм доранд. Масалан, “сохтори вуҷудшиносии Исмоилия”, ки дар навбати худ аз консепсияи Фравашиҳои Зардуштӣ реша мегирад, ба хотири асли муқаддас ва абадӣ бахшидани олами вуҷуд, аз он ҷумла инсон мебошад. Инсони мазҳабӣ бехатарии худро ҳам дар ҷаҳони моддӣ ва ҳам дар ҷаҳони ухравӣ ба ҳамин гуна сохтори вуҷудшиносӣ марбут медонад. Ин тасаввуротро ботил кардан, чуноне ки боварҳои дигари диниро зери шубҳа гузоштан, маънои инкор кардани ҳастии фардӣ ва иҷтимоии ӯро дорад. Барои ҳамин, инсони мазҳабӣ тезтар ифротгаро мешавад.
Бо ҳамин узр, яъне равиши хоси методологии омӯзиши таърихи фалсафа, дин, ҳунар, рафтору муносибатҳои иҷтимоӣ ва равонӣ доштанам ман дар навиштани китоби сеҷилдаи “Таърихи фалсафа” саҳм нагузоштаам. Вале чун дигар файласуфон ҳақ дорам ва дар мадди назар низ гирифтаам, ки “таърихи фалсафа”‑и хосеро пешниҳод намоям, ки як қисми он ба зудӣ чоп мешавад.
Баррасии муаллифони мақола дар мавриди тақсимот ва ҷудоӣ дар байни дин ва тасаввуф асоси илмӣ надорад. Ҳам аз нигоҳи эпистемологӣ, яъне ҳақиқатшиносӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷомеашиносӣ намешавад ин ду падидаро билкул аз ҳам ҷудо кард ва иддао кард, ки чи сӯфиёни ибтидоӣ ва чи сӯфиёни баъдӣ “…боисрор таълимоти тасаввуфиро ба унвони як ҷараёни оппозиционӣ нисбат ба дини исломи ортодоксалӣ ташаккул доданд”. Зарринкӯб ва бисёр донишмандони тасаввуфшинос ба чунин назар ҳастанд, ки аз як тараф, сабабҳои пайдоиши тасаввуф ба исломи сиёсӣ марбут буд, гарчанде он унсурҳои бовару эътиқодоти маҳаллиро низ фаро гирифта буд. Аз тарафи дигар, тасаввуф ба ҷараёни ахлоқӣ ва ё худ тарбияи ботинии муносибатҳои динӣ ва сиёсӣ табдил ёфта буд. Дар ин маврид, Маломатия ва Нақшбандияро мисол овардан метавон. Мутаассифона, бо вуҷуди сӯфимашраб ва муҳаққиқи тасаввуф будани аксарияти муаррихони фалсафа ин масъаларо дарк накардаанд. Онҳо ба фазлфурӯшиҳо ва авомфирибеҳои зоҳидону сӯфиён дода ва мафтун шуда, робита ва ҳамкории пинҳонии онҳоро бо ҳокимони давр (Хилофати Бағдод, Салҷуқиён, Туркҳои усмонӣ, Темуриён…) сарфи назар мекунанд. Худи А. Маҳмадхоҷаев дар мақолаву рисолаҳои худ доир ба Нақшбандиён фактҳои ҷолиби ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ бо золимонро оварда, вале хулоса мекунад, ки осори ахлоқии баланде аз худ ба мерос гузоштаанд. Олимони мо тарафҳои иртиҷоии таълимоти ахлоқии тасаввуфро нодида гирифта, ба дарки моҳияти масъала намерасанд. Масалан, дарк намекунанд, ки Маломатиён дар давраи Туркҳои усмонӣ ва Нақшбандиҳо дар давраи Темуриён ва дигар сулолаҳои минбаъда аҳкоми ахлоқии таваккул, сабр, таҳаммул, қаноат ва монанди инҳоро ба мардуми мазлум таҳмил карда, худ дар густариши зулму ситам саҳм мегузоштанд. Онҳо ба табақаи миёнарав табдил ёфта, бо истифода аз таълимоти ахлоқии худ, ки бар пояи дин асос ёфта буд, мардумро аз эътирозу исён бар зидди ҳокимони золим нигоҳ медоштанд. Савол ин аст, ки чаро адабиёти форсу тоҷик сартопо васфи “ахлоқи ҳамида” аст ва тасаввуфи исломӣ ҳазорҳо рисолаи ахлоқӣ ба мерос гузоштааст, вале ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ аз разолатҳои ахлоқӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ пок нестанд. Як сабаб он аст, ки ба ифодаи Ҳофизи Шерозӣ:
Воизон, к‑ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Сабаби асосии дигар он аст, ки дар кул таълимоти ахлоқии тасаввуф барои таслим, сархам, вобаста ва дастнигари золимон кардани мардуми одӣ буд. Консепсияҳои “фақр” ва “қаноат” далели ин гуфтаҳоянд, ки дар мақолаи алоҳида онҳоро баррасӣ мекунем. Дигар ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ва таълимоти ахлоқии тасаввуф дунёбезорӣ ва инкори шахсияти худ (аз худ фонӣ шудану дар ҳақ бақо ёфтан) мебошад. Дар ин сурат, мо ҳеч гоҳ “ҷомеаи солимеро тасаввур карда (на)метавонем, ки онро сӯфиён пешниҳод мекарданд” (117). Он чи дар робита ба “аҳвол”, “мақомот”, “сайру сулук”, “ҳафт шаҳр”, “фано филлоҳ” ва дигар таҷрибаҳои амалии муридон аст, ҳама роҳу воситаҳои дасту дил аз дунё шустану кашидан аст, на чизи дигар. Дар таҷрибаҳои муридон инчунин ҳолатҳои нороҳатӣ ва фишору зӯроварии равонӣ, аз қабили худкамбинӣ, худшиканӣ (мазохизм) ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Аммо як чиз бояд фаромӯш нашавад: муршидон дар чанд ҳалқа мурид доштанд. Онҳо муридони ҳалқаи аз ҳама дури худро ба чунин амалҳои дунёбезорӣ ҳидоят мекарданд, дар ҳоле ки худ ва муридони ба ҳалқаи худ наздикро ба сиёсату давлат ва иқтисоду тиҷорат вомедоштанд. Далели ин Хоҷа Аҳрори Валӣ ва аксарияти дигар сӯфиҳову эшонҳои гузашта ва имрӯза ҳаст, ки мо шоҳидем. Магар сӯфиҳо, эшонҳо, тураҳо ва хоҷаҳо нестанд, ки қудратҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии беҳисоб доранд? Мутаассифона, на мо (аз ҷумла Султон Наврӯзов), балки муаллифони мақола “ба чунин таҳлилҳо оҷизанд, аз дарки чунин масоил фарсахҳо дуранд…бо сабаби надонистани моҳияти таълимоти тасаввуф…” (118)
Маҳз ҳамин функсияи миёнаравии сӯфиҳо ва дигар ашрофони динро ба ҳисоб гирифта, имрӯз абарқудратҳо онҳоро дар Афғонистон вориди сиёсат кардаанд. Воқеан, онҳо ҳамеша вориди сиёсат буданд ва ҳамеша ба манфиати синфи ҳукмрон хизмат мекарданд ва дар айни ҳол, дар ботинӣ ва рӯҳонӣ кардани таассуботу хуроофоти исломӣ саҳм мегузоштанд. Аммо он чӣ муаллифони мақола дар мавриди “муборизаи фақеҳон ҳамчунон ба муқобили сӯфиён” (115) мегӯянд, хусусияти лаҳзаина ва характери шахсӣ дошт. Яъне базъе сӯфиҳо чунин мавқеъ доштанд. Аксарият ҳамчун табақаи иҷтимоӣ дар хизмати синфи ҳукмрон буданд. Имрӯз ҳам чунин аст. Шайх Темур, ки аз тарафи мақомот боздошт шуд, дар тақвияти системаи иҷтимоие саҳм мегузорад, ки зулму ситам ва тааддиро дар нисбати мардум бештар тақвият медиҳад. Ӯ дар истисмори меҳнати мазлумон, аз худ кардани манофеи онҳо дар баробари муридони худ, ки баъзеашон ба синфи ҳукмрон шомиланд, саҳм мегузорад. Ин ба он монанд аст, ки дар идораи давлатҳои Темуриён то Манғитиён хоҷагони Нақшбандӣ низ нақш мебозиданд ва амирон ҳамеша муридони онҳо буданд. Дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон чунин муносибат ҳанӯз роиҷ аст. Бе омӯхтани ин паҳлуҳои ҷомеашиносии тасаввуф баҳогузорӣ кардан ба масъалаҳои ахлоқии он яктарафа ва ғайриобъективӣ мебошад.
Нависандагони мақолаи дастҷамъии дар чанд моҳи охир таълифкарда зарурати “бо забони оддӣ” ба ман фаҳмонданро надоранд, балки ман мефаҳмам, ки дар ҳамаи ин саҳифаҳо боз ҳам таълимоти теологии худро дар либоси тасаввуф ба намоиш гузошта, маро ба нофаҳмӣ ва қобилияти дарк надоштан таҳқир мекунед. Табиат ба шумо ҳамин зеҳн ва тавони таҳқир карданро додаасту дигар ҳеч.
Дар вазъияти мавҷуда мо ниёз ба ҷавононе дорем, ки ба ин масъалаҳо беғаразона нигаранд ва саҳифаи наверо дар таҳқиқи фалсафӣ кушоянд. Бо ҳамин умед ин ҷо мақоларо анҷом мебахшам.
(Таҳрири охир: 23.02.2015)
Чаро ман аз Институти фалсафа меравам?
Соли 1998, баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба аспирантураи Институти фалсафа (ҳоло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ)‑и Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шудам. Аз он замон то имрӯз дар ин даргоҳи илм кору фаъолият мекунам. Дар байн (солҳои 2006‑2011) дар асоси озмун дар Факултаи фалсафаи Донишгоҳи Бонн (Олмон) таҳсил ва пажӯҳиш карда, рисолаи илмӣ (PhD)-и худро дифоъ кардам. Сипас, ба Тоҷикистон баргашта, ба ҳайси корманди илмии Институти фалсафа кори худро идома додам.
Дар муддате ки барои таҳсил дар хориҷа қарор доштам, ҳайати роҳбарияти Институт чанд дафъа иваз гардид. Профессор Шамолов охирин директори муассиса мебошад, ки дар зери роҳбарии ӯ кор мекардам. Ҳадафи ман аз бозгашт ба Институт хизмати содиқона ба ватан ва миллати тоҷик буд ва мемонад. Ман инро дар як сӯҳбати алоҳидаи худ бо мӯҳтарам Шамолов ва намояндагони Академияи илмҳо ва дигар мақомоти расмии кишвар баён карда будам. Шахсан ба худи директори Институти фалсафа гуфта будам, ки “Ман зиёда аз 15 сол аст, ки корманди Академияи илмҳо ҳастам. Барои ман илм муқаддас аст. Маҳз барои ҳамин дар ин муассиса кор мекунам”. Ва ман ҳеч гоҳ дар сар фикри аз ин даргоҳи муқаддас рафтанро надоштам.
Мутаассифона, дар муддати хеле кӯтоҳ дар Институти фалсафа вазъият тағйир ёфт. Профессор Шамолов бо ман ва чанд нафари дигар аз аъзои маҳфили илмӣ‑фалсафии “Ҷаҳони андеша” ба пархош ва муомилаи номуносиб бархост. Шахсан худи ман узви доимии ин маҳфил мебошам, ки соли 1993 бо ибтикори файласуфи шинохтаи тоҷик – Комил Бекзода таъсис ёфта буд. Он замон донишҷӯи курси дуюм будам ва ҳамроҳи ҳамкурсон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Академияи илмҳои Тоҷикистон меомадем, то ки дар ин маҳфили фалсафӣ ва фарҳангӣ иштирок кунем. Иштирокчиён ва гузоришгарони маҳфил шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанги тоҷик буданд, ки дар худи Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекарданд. Аввалин маротиба дар бораи таърихи фалсафа ва фарҳанги форсу тоҷик ва вазъияти кунунии он, дар бораи мактабҳо ва ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ, дар бораи динҳои гуногуни мардумони ҷаҳон ва ғайра маҳз дар ҳамин маҳфил маълумот пайдо карда будем. Маҳфил бетанаффус ва ҳафтае як маротиба баргузор мегардид. Барои таҷдиди муҳит ва фазои корӣ он баъзан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён амал мекард.
Соли 2013 Маҳфили “Ҷаҳони андеша” 20‑солагии фаъолияти худро дар доираи маҳдуди иштирокчиёни доимии худ, ки андаке бештар аз 10 нафар мебошанд, ҷашн гирифт. Дар ин замон маҳфил дар Институти фалсафа фаъолияти расмии худро қатъ карда буд. Вале новобаста ба ин баъзан аъзоёни доимии маҳфил ҷамъ меомаданд ва сӯҳбатҳои фарҳангӣ ва фалсафӣ мекарданд. Дар яке аз чунин нишастҳо дар оғози соли 2013 мо ба хулоса омадем, ки дар бораи фаъолияти 20‑солаи худ як мақолаи ҷашние нависем ва дар матбуоти даврӣ ба табъ расонем. Мо ин гуна иқдомро ба он хотир зарурӣ медонистем, ки равшанфикрони тоҷикро аз муҳимтарин самтҳо ва ҷиҳатҳои кору фаъолияти эҷодии худ огоҳ намоем. Мо мехостем ба онҳо, аз он ҷумла ба худи Шамолов, ёдрас кунем, ки фаъолияти 20‑солаи мо кори фарҳангӣ ва фалсафӣ буд, на нишасти “Чойхонаи дилкушо”, чуноне ки худи ӯ низ густохона дар рӯ ба рӯи мо мегуфт. Дар натиҷа, як мақолаеро омода кардем ва онро “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)” ном гузоштем. Аввал мехостем онро дар матбуоти даврӣ чоп кунем, вале муроҷиати мо ба чанд ҳафтанома бесамар анҷомид. Барои ҳамин, ба хулоса омадем, ки мақоларо дар шакли китоб нашр кунем. Аъзоёни доимии маҳфил дар ҳудуди 50‑сомонӣ маблағгузорӣ карда, онро чоп карданд.
Ин ҷузъиётро ба он хотир ёдрас мекунам, ки баъзе нафарони бадгумон ба ҷониби мо санги маломат заданд, ки гӯё мо кадом як фармоиши қувваҳои ғайрро иҷро кардаем ва аз онҳо бар ивази чопи ин мавод подоши молӣ ҳам гирифтаем. Дар зери фишори ин гуна тӯҳмату бӯҳтонҳо ва ҳатто тавҳину таҳдидҳо ҳам аз тарафи раёсати Институт ва ҳам аз тарафи рӯҳониён ба баъзе аз аъзоёни доимии Маҳфил мо маҷбур шудем, ки ҷавобияҳо нависем ва билохира Маҳфили “Гуфтумони фалсафӣ”‑ро қатъ кунем ва аз фаъолияти худ муваққатан даст кашем.
Ба ҳама маълум бод, ки муддати зиёда аз як моҳ аст, ки аъзоёни Маҳфил пароканда гардидаанд ва ҳар кас ба кору зиндагии шахсии худ машғул мебошад! Новобаста ба ин, ҳоло ҳам раёсати Институт ва ҳамчунин рӯзноманигорону мазҳабиён моро чун гурӯҳ ва фаъолиятҳои моро чун гурӯҳбозӣ муайян ва муараффӣ мекунанд, ки ҳеч гуна воқеияте надорад.
Бояд гуфт, ки маҳфили “Гуфтумони фалсафӣ” моҳи январи соли 2014 бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дар заминаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” таъсис ёфта буд. Мақсади ин маҳфил дар барномаи кории он тарҳрезӣ ва ба Раёсати Академияи илмҳо пешниҳод гардида буд. Раёсат барномаро омӯхта, фаъолияти маҳфилро иҷозат дод. Маҳфил дар муддати 2 моҳ амал карда, 4 маротиба баргузор гардид. Аз ҷумлаи мавзӯъҳое, ки дар ҷамъомадҳо пешниҳод ва баррасӣ мешуданд, инҳо буданд: “Вазъи ҷаҳонбиниҳо дар Тоҷикистони муосир”, “Таҳаммулпазирӣ ва ояндаи фарҳанги тоҷик” ва “Баҳси методологии таърихи фалсафа”. Аксарияти гузоришгарон ва иштирокчиён кормандони ҷавон ва аспирантони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мактабҳои олии мамлакат буданд.
Илм бе баҳс ва аз ҳама муҳим бе танқид намешавад. Аммо баҳсу танқид ҳам бояд ҳадду андозаи худро дошта бошад. Қонунҳои дунявӣ ва инсондӯстонаи ҷаҳони муосир муқаррар кардаанд, ки ҳеч гуна амал набояд ба шаъну эътибор ва зиндагии инсон хатар эҷод кунад. Ба ҳамин хотир, дуруст аст, ки на фақат Ҳукумати Тоҷикистон балки инчунин ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пеши роҳи тундгароёнро мегиранд. Бешубҳа, барномаҳо ва нақшаҳои тундгароёни динӣ ва дунявӣ бар зидди ормонҳои ҷомеаи демократӣ, аз қабили баробарӣ дар байни одамон новобаста ба тааллуқияти қавмӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабию динияшон мебошанд. Мо дар китоби “Ҷаҳонбинии оянда” гуфтаем, ки зиндагии инсон арзиши аз ҳама баландро доро мебошад (саҳ. 15). Ин принсипи асосӣ ва куллии ҳамаи кишварҳои пешрафта ба шумор меравад. Ин яке аз консепсияҳои марказии амнияти миллии кишвари мо низ ҳаст. Аз ҳамин дидгоҳ, ҳамаи мавзӯъҳои китоб фароҳам оварда шудаанд. Дар матлаб инчунин таъкид кардаем, ки дидгоҳи мо ба дастовардҳои илмӣ асос ёфтааст. Хусусияти асосии китоб аз он иборат аст, ки он ба ҷаҳонбинии илмӣ такя мекунад. Дар зимн 17 сарчашмаи илмиро низ нишон додаем, ки бо забонҳои тоҷикӣ‑форсӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра таълиф гардидаанд.
Гарчанде “Ҷаҳонбинии оянда” 5 марти соли 2013 чоп шуда буд, то моҳи феврали соли 2014 ба он вокуниши васеъ (на шифоҳӣ ва на хаттӣ) рух надод. Фақат моҳи сентябри соли 2013 Файзалӣ Абдулхонов – корманди Институти фалсафа як тақризи 64‑саҳифаӣ дар шакли китоб чоп кард ва бо забони таҳқиромез ба муаллифон ҳуҷум кард. Забону мантиқи тақриз хароб ва мазмуни он хурофотӣ буд ва аз он ба мақолаи мо ҷавоби илмӣ ва фалсафӣ ҷустан низ беҳуда аст. Бо вуҷуди ин, на раёсат ва на кормандони илмии Институти фалсафа ба ин тақризи корманди худ вокунише нишон надоданд. Гӯё ҳеч ҳодисае рух надода буд. Хомӯшӣ василаи ягонаи онҳо буд, то замоне ки моҳи феврали соли 2014 борони тавҳину таҳдидҳо аз тарафи доираҳои мазҳабии тоҷик ба муаллифони “Ҷаҳонбинии оянда”, бахусус Комил Бекзода рехт. Акнун дар қатори дигарон раёсати Институт ҳам ба таҳдиду таҳқир гузашта буд. Муносибатҳои сард сардтар гардиданд.
Баъзе мунаққидони ин китоб, бахусус аз байни олимони Институт, бар ин назаранд, ки гӯё муаллифон ба хотири шӯҳратманд шудан ва ё ба сиёсатбозиҳо машғул шудан китобро таълиф кардаанд. Вале ба аксари хонандагон маълум аст, ки ҳеч кадоме аз ин муаллифон то ин вақт узви ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва ё аз пайи мансабе ё манифате ҳам нагаштааст. Кори ҳамешагии онҳо таҳлил, таҳқиқ ва баррасии илмии масъалаҳои мубрами ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Ҷомеаи тоҷик имрӯз дар давраи гузариши таърихӣ қарор дорад. Дар ин давра зарурат ба миён омадааст, ки қадамҳои устувор дар илмӣ кардани муҳити зеҳнӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бардошта шавад. Чуноне ки файласуфи бузурги фаронсавӣ – Рене Декарт мегӯяд, аз ҳама муҳим интихоби роҳ аст (Рассуждение о методе. – Москва: Мысль, 1989). Инсон дар зиндагии худ ва ҷомеаи инсонӣ дар таърихи худ ҳамагӣ як маротиба роҳу самти инкишофи худро муайян мекунад ва даҳсолаҳову садсолаҳо он роҳи интихобкардаашро мепаймояд. Тоҷикистон бегумон роҳи ҷаҳонбинии илмиро пеш гирифтааст. Мо ба ин роҳ бовар дорем ва барои он фаъолияти беғаразонаи илмӣ ва ҷамъиятӣ мекунем.
Аммо мутаассифона муҳити раёсати Институти фалсафа аз муҳити Раёсати Академияи илмҳо бакуллӣ ҷудо ва бегона гардидааст. Ман дар вохурӣ бо профессор Фарҳод Раҳимов ва дар ҳузури узви вобастаи АИ ҶТ Кароматулло Олимов ва профессор Абдулвоҳид Шамолов гуфта будам, ки Институти фалсафа қисман ба теологизатсияи (динигардонии) илмҳои фалсафӣ машғул аст. Ин ақидаи ман нест, балки воқеияте мебошад, ки онро метавон бо далелҳо исбот кард. Ин мушкилии Институти фалсафаро профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Султон Наврӯзов аллакай соли 2012 дар китоби худ бо номи “Игры в науку (в двух книгах. Книга первая)” дар як боби алоҳида бо номи “Теологизация науки и образования” (саҳ. 100‑154) ва дигар бобҳои ин ва дигар китобҳояш баён карда буд. Ба сабаби он ки ин мушкилии бисёр ҷиддии илми тоҷик аст, дар охири ин мақола баъзе мулоҳизаҳои шахсии худ ва ҳамчунин фишурдаи назари профессор Наврӯзовро дар мавриди динигардонии илмҳои академикӣ баён мекунам.
Директор ва ҳамчунин дигар масъулони Институти фалсафа намехоҳанд ин ҳақиқатро қабул ва дар ҷавоб ба он чораандешӣ кунанд. Балки дар маҷлиси охири Институти фалсафа (19 апрели соли 2014) ӯ бори дигар пофишорӣ кард, ки теология (илоҳиётшиносӣ) ва калом бахшҳои фалсафа мебошанд. Боз таъкид кард, ки ӯро барои қабули аспирантони эронӣ ва афғон, ки тамоюли дингароӣ доранд ва муҳити илмии тоҷикро динӣ мекунанд, ҳушдор медиҳанд.
Ман намедонам ин эродро ба раёсати Институт кӣ гирифтааст, вале дар ҳақиқат як қисми донишомӯзони хориҷӣ корҳои дингароёна пешниҳод мекунанд. Албатта, дар байни аспирантони хориҷӣ нафароне низ пайдо мешаванд, ки бо диду масъалагузориҳои ғайримазҳабӣ рисолаҳо ва мақолаҳои худро менависанд. Мо бечунучаро тарафдори чунин корҳо ва ҳамкориҳо мебошем. Зарур аст, ки муносибатҳо дар байни мардумон ва давлатҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон тақвият дода шавад, вале бо назардошти манфиатҳои миллии ҷонибҳо. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ин гуна муносибатҳо бояд дар доираи муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва махсусан талаботи илмӣ сурат гиранд.
Ҳукумати Тоҷикистон Институти фалсафаро, пеш аз ҳама, барои тайёр кардани кадрҳои дохилӣ маблағгузорӣ мекунад. Аммо вақтҳои охир кормандони илмӣ бештар ба омода кардани рисолаҳои илмии донишомӯзони эронӣ машғул мебошанд. Албатта, ҷаҳони муосирро бе робитаҳои илмӣ ва омӯзишӣ дар байни кишварҳои гуногун тасаввур кардан ғайриимкон аст. Кишварҳои пешрафта бо истифода аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии худ донишҷӯён ва донишмандони хориҷиро ҷалб мекунанд ва ба ин восита имкониятҳои зеҳнии худро тақвият мебахшанд. Ин гуна падида “байналмилалишавии илму маориф” (“internationalization of science and education”) номида мешавад. Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванди ҷаҳонишавӣ наметавонад барканор ва дар инзиво монад. Барои ин зарур аст, ки мо сиёсати мавҷудаи давлатиро дар соҳаи илм ва маориф барои танзими ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монем.
Воқеан кори мо ҳушдор додан аст, ки муҳити илмии худро ғайриилмӣ ва ғайрифалсафӣ накунем. Даъвати мо аз он иборат аст, ки якҷоя роҳи ҳал ҷӯем ва пайдо кунем. Аммо афсӯс ҳушдор ва даъвати моро нодуруст фаҳмиданд ва будани моро дар Институти фалсафа дар зери савол гузоштанд. Пешниҳоде, ки мо аз директори Институти фалсафа дар ҳузури ҳайати раёсати Академияи илмҳо – Фарҳод Раҳимов ва Кароматулло Олимов кардем, бисёр одилона ва беғаразона буд.
Пешниҳоди мо хеле оддӣ, фаҳмо ва маъқул буд, ки як бори дигар ин ҷо такрор мекунам: теология, калом, фиқҳ, ирфон ва тафсир илмҳои фалсафӣ нестанд, балки ба истилоҳ “илмҳои динӣ” мебошанд. Бо профессор Наврӯзов розӣ ҳастам, ки онҳо на илм балки ақида мебошанд, дар ҳоле ки дар байни илм ва ақида, ақл ва имон ва монанди инҳо аз замин то осмон фарқ аст. Барои ҳамин, беҳтар мебуд агар ин гуна “илмҳо” ба салоҳияти муассисаҳои омӯзиши масъалаҳои исломӣ, аз қабили Маркази исломшиносӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон вогузор карда шаванд. Донишмандоне, ки ба ин соҳаҳо машғуланд ва майл доранд, бигузор дар ин марказҳо фаъолият кунанд.
Мавриди зикр аст, ки илмҳои фалсафӣ низ ба омӯзиши масъалаҳои динию мазҳабӣ ва ирфонӣ машғул ҳастанд, вале бо истифода аз методологияҳои илмӣ. Дар илми муосир барои шинохти илмии матнҳои динӣ методологияи герменевтика (Гадамер) ва барои ташхиси категорияҳо ва падидаҳои эътиқодӣ методологияҳои деконструксия (Деррида) ва таҳлили дискурсивӣ (Мишел Фуко) вуҷуд доранд. Соҳаҳое чун ҷомеашиносии дин (Карл Маркс, Макс Вебер, Эмил Дюркгейм, Мишел Фуко, Леви Стросс), инсоншиносии дин (Фрайзер, Клифорт Геертс, Токарев, Тайлор, Эванс‑Пичард, Бергер, Лукманн, Мирча Элиаде, Пйер Бодйе, Энтони Коҳен) ва равоншиносии дин (Вилям Ҷеймс, Зигмунд Фрейд, Карл Густав Юнг, Эрик Эриксон, Рудолф Отто) вуҷуд доранд, ки ба омӯзиши масъалаҳои дин сару кор доранд.
Назари шахсии ман он нест, ки мо ин гуна равишҳо ва мактабҳои илмиро кӯркӯрона ва бе назардошти вазъияти хосаи худ қабул кунем. Балки бо истифода ва муқоиса бо ин гуна сарчашмаҳо равишҳо ва мактабҳои илмӣ‑фалсафие ба вуҷуд оварда шаванд, ки тавонанд масъалаҳои мавҷудаи дину мазҳабро дар ҷомеаи тоҷик таҳлилу баррасӣ намоянд. Боиси таассуф аст, ки айни ҳол дар Институти фалсафа баҳси давомдор ва мақсадноки назариявӣ ва методологӣ вуҷуд надорад. Сабаб дар он нест, ки мо мутахассис надорем. Баръакс, ман шоҳиди он ҳастам, ки чанд нафар донишманд кӯшиш карда буданд, ин гуна баҳси илмӣ‑фалсафиро ба миён гузоранд. Аммо бо сабаби дар Институт кор накардан ва ё аз ин муассиса рафтани онҳо ва кам доир гардидани семинару вохӯриҳои илмӣ чунин баҳс давом наёфт. Ягона семинари илмӣ‑методии Институт дар як моҳ як маротиба баргузор мешавад, ки ба гузоришҳои сардорони шӯъбаҳо маҳдуд аст. Он барои як муассисаи калони илмӣ, ки илмҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқро дар бар мегирад, кифоя нест, то ки масъалаҳои соҳавиро ба таври мушаххас, ҷудогона ва амиқ баррасӣ намояд.
Пешниҳоди мо барои беҳбудии кори Институти фалсафа на фақат қабул нашуд, балки дар пайи он фишору таҳдидҳо бештару сахттар гаштанд. Муносибат бо мо ончунон аст, ки гӯё ҷинояте содир карда бошем ва барои он бояд дар ҳар маҷлиси расмию бархурди шахсӣ бе сабаб ва бе шарҳу тавзеҳ сарзанишу накӯҳиш ёбем. Баъзе аз кормандони Институт олим будани худро фаромӯш карда, акнун дар нисбати мо категорияҳои динии “кофир”, “мулҳид” ва монанди инҳоро истифода мебаранд. Ин дар ҳолест, ки дар байни категорияҳои илмӣ ва динӣ аз замин то осмон фарқ аст. Дар баҳси фалсафӣ андеша вуҷуд дорад, на ақида. Андеша ҷараёни фикрие мебошад, ки вобаста ба таҷрибаҳои илмӣ дар ҳоли иваз шудан ва такомул ёфтан мебошад. Ақида бошад қоим ва устувор буда, бо гузашти вақт иваз намешавад. Барои ҳамин, як андешаи фалсафиро бо категорияҳои динии “куфр”, “илҳод” ва ғайра набояд муайян кард ва баҳо дод. Дар ҳеч сурат, куфру илҳод ба олиму файласуф дахл надоранд. Дар ҳама давру замонҳо олимону файласуфони асил фикру андешаҳои гуногун доштанд, вале дар айни замон якдигарро эҳтиром мекарданд ва аз якдигар меомӯхтанд.
Дар пайи ин гуна фишору таҳдидҳо маҷбур шудам, ки барои оромии фикрии худ муваққатан аз фазои тангшудаи Институти фалсафа берун бароям. Барои ин аризаи худро ба Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардам. Умедворам, ки Раёсат масъалаи теологизатсияро дар миён мегузорад ва барои ҷудо кардани илмҳои фалсафӣ аз ақидаҳои теологӣ қадамҳои мушаххас мебардорад. Умедворам, ки донишмандони тоҷик дар ин робита бетарафӣ намегузинанд ва мавқеи худро ошкоро баён мекунанд. То самти андешаи Институти фалсафа аз теология ба илм иваз нашавад, муборизаҳои мо бар зидди хурофоту ақибмондагӣ бесамар хоҳанд анҷомид. Ҳама гуна тағйироту инкишоф аз андешаи солим бармеояд, дар ҳоле ки Институти фалсафа маконе мебошад, ки дар он ҷо андеша тавлид мешавад.
Теологизатсияи илмҳои фалсафӣ
(бо фишурдаи назари профессор Султон Наврӯзов)
Он чӣ дар мавриди теологизатсияи илму фалсафа дар Институти фалсафа шахсан мушоҳида кардаам, метавон ба таври зерин хулоса кард:
- Дар Институти фалсафа интихоби мавзӯъҳо барои рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ бештар теологӣ ва дингароёна шуда истодааст. Албатта, ин падида ба ҳамаи шӯъбаҳои Институт хос нест, балки бештар ба шӯъбаҳое дахл дорад, ки ба омӯзиши масъалаҳои таърихи фалсафа ва дин машғуланд. Ин масъаларо профессор Наврӯзов ба таври муфассал баррасӣ кардааст.
- Дар матни китобҳои илмӣ ҳар чӣ бештар аз категорияҳо ва мафҳумҳои динӣ истифода бурда мешавад. Масалан, мо метавонем дар мақолаҳо, рисолаҳо ва монографияҳои олимони тоҷик категорияҳои “ақли кул”, “нафси кул”, “инсони комил”, категорияҳои ахлоқи динию ирфонӣ, аз қабили “хоксорӣ”, “қаноат”, “сабр”, “таваккул” ва ғайраро мушоҳида кунем. Тибқи таълимоти фалсафӣ, категорияҳои муайян на фақат равияи фикрӣ балки самти фаъолиятро низ муайян мекунанд. Кормандони Институти фалсафа дар зимни навиштани рисолаҳои худ ба категорияҳои ақидатӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ ва фиқҳии исломӣ ошноӣ пайдо карда, ҳатто ба онҳо мафтун мешаванд. Инро ҳар нафаре, ки дар муҳокима ва ҳимояи онҳо иштирок мекунад, мушоҳида карда метавонад. Аксарияти онҳо назари таҳлилӣ ва танқидӣ ба объекти омӯзиши худ надоранд. Дар бораи моҳияти воқеии категорияҳои динӣ‑тасаввуфӣ кам андеша мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки инсони пешқадам ва мутамаддин “инсони комил” мебошад. Дар ҳоле ки образи “инсони комил”‑и Ибн Ал‑Арабӣ, Мавлавӣ ва Муҳаммад Иқбол пайғамбари дини Ислом мебошад. Аз ин рӯ, тарғиби ин гуна консепсияҳо ба маънои тарғиби шахсиятҳои динӣ аст. Аксаран, тадқиқотҳое, ки дар заминаи дин ва ирфон сурат мегиранд, бе истифода аз сарчашмаҳои методологӣ анҷом дода мешаванд. Дар мавриди категорияҳо ва мафҳумҳои динӣ ва ирфонӣ донишмандони бисёре кор кардаанд, вале мо аз онҳо бехабар мондаем. Фақат баъзан номгӯи асарҳои баъзе аз ин донишмандонро дар рӯйхати адабиёт меорем, то ки кори худро ба талаботи ВАК‑и Русия мутобиқ намоем. Масалан, чандин рисолаҳо ва баҳсҳои шифоҳие дар Институти фалсафа дар мавриди консепсияҳои “инсони комил”, “судур”, “олами сағир”, “олами кабир” ва монанди инҳо анҷом дода мешаванд, вале аксаран бо бехабарӣ аз инсоншиносии дин, ки бевосита ин масъаларо аз диди илмӣ шарҳ медиҳад. Ҳамин гуна, дар омӯзиши таърихи фалсафа ва таърихи дин ба ному ба зоҳир аз методологияи ба истилоҳ “муқоисавӣ‑таърихӣ”‑и материализми диалектикӣ кор гирифта шуда, вале дар асл аз ҳеч гуна методологияи илмӣ истифода намешавад. Дар аксарияти диссертатсияҳои илмӣ бахши назария ва методологияи таҳқиқи мавзӯи рисола ҳатто аз як саҳифа ҳам зиёд нест. Дар ҳоле ки ин бахш бисёр муҳим мебошад ва вазифаи муҳаққиқони дину фалсафа аз он иборат аст, ки назария ва методҳои хоси худро барои таҳқиқ пешниҳод намоянд. Табиист, ки надонистани забонҳои хориҷӣ ва сарчашмаҳои мӯътамад ва навтарини илмӣ боиси печидатар гардидани ин мушкилӣ мегардад. Дар натиҷа, бисёре аз мақолаҳо ва китобҳои муҳаққиқони ҷавон ва таҷрибадори тоҷик ба тафсири мавзӯъҳои динӣ ва ирфонӣ табдил ёфтаанд.
- Ҳоло Институти фалсафа бештар ба тарғиби шахсиятҳои исломӣ машғул аст, то ба мавзӯъгузорӣ дар мавриди масъалаҳои таърихи фалсафа ва дин. Мутакаллимону сӯфиёни гузашта ба қаҳрамонҳои марказии рисолаҳои илмӣ табдил ёфтаанд. Кормандони илмӣ мубрамияти мавзӯи таҳқиқотиро дар он мебинанд, ки шахсият ва мавзӯи мавриди таҳқиқ то кадом андоза омӯхта шудааст ё не. Дар омӯзиши таърихи фалсафа, фарҳанг ва дин шахсиятҳои динӣ муҳимтар аз мавзӯъгузориҳои илмӣ‑фалсафӣ мебошанд.
Теологизатсияи илм баҳси доманадоре аст, ки аз тарафи донишмандони дигари тоҷик, пеш аз ҳама, профессор Султон Наврӯзов низ баён гардидааст. Олимони тоҷик, аз он ҷумла кормандони илмии Институти фалсафа дар ҷавоб ба ин масъалаи бисёр муҳим ва актуалӣ ё сукут ихтиёр кардаанд ва ё онро нодида мегиранд.
Профессор Наврӯзов соли 2012 китоби худро бо номи “Игры в науку (в двух книгах. Книга первая)” (Душанбе: Ирфон, 360 стр.) чоп кард, ки бештар ба таҳлилу баррасии вазъи илмҳои гуманитарӣ, бахусус таърихи фалсафа, дар Академияи илмҳои ҶТ бахшида шудааст. Дар ин китоб як боби калоне вуҷуд дорад, ки “Теологизация науки и образования” номида мешавад. Ин донишманд дуруст мушоҳида мекунад, ки тасвиру шинохти олам аз нуқтаи назари динӣ‑ирфонӣ ҷои шинохти илмиро на фақат дар байни омма балки дар байни олимон низ гирифтааст. Ҳатто дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, махсусан Институти фалсафа, ҳам акнун дин аз илм дида муҳимтар ва афзалтар гардидааст (саҳ. 15‑16). На фақат уламои исломӣ, балки як қатор олимон ҳам ба дин статуси илмӣ дода ва ҳатто мақому манзалати дину ирфонро аз илмҳои дунявӣ баландтар мебардоранд (саҳ. 73‑74). Дигар олимон бошанд, ба омехта ва ягона кардани дину ирфон бо илм машғуланд (саҳ. 70), дар ҳоле ки “…илм наметавонад ба дин ва ба ирфон созгор бошад”. Профессор Наврӯзов нишон медиҳад, ки дар баробари журналистону шоирон, олимон низ ба тарғиби дину мазҳаб саргарманд. Як қатор зиёиён инчунин даъво мекунанд, ки ҳамаи илмҳо дар Қуръон нуҳуфтаанд ва ё агар хилофи ин марҷаъ бошанд, пас илмҳои асил нестанд (саҳ. 123, 204).
Устод Наврӯзов дуруст қайд мекунад, ки илм дар ҳеч сурат дин нест ва дин ҳеч гоҳ наметавонад илм бошад. Ислом низ, чун ҳар як дини дигар, на “улум” (илмҳо), балки “ақида” (вероучение) мебошад (саҳ. 100). Дар байни илм ва ақида фарқияти усулӣ вуҷуд дорад, пеш аз ҳама: 1) илм ҳақиқатро нисбӣ ва дин бошад мутлақ меҳисобад, 2) илм моддигаро ва дин рӯҳгарост ва 3) илм барои обод кардани зиндагии заминии инсон ва дин барои обод кардани охирати диндор равона гардидааст. Дар ҳоле ки догмаҳо ва бинишҳои динӣ ҳазорсолаҳо иваз намешаванд, таълимоти илмию фалсафӣ ивазшаванда буда, билохира ба шинохти дурусти олам ва беҳбуд бахшидани зиндагии инсон меанҷомад (саҳ. 115‑118).
Аз рӯи ин принсипҳои фарқкунандаи илм ва дин, бо профессор Наврӯзов пурра розӣ ҳастам, ки “улуми ислом, улуми Қуръон, улуми аҳодиси набавӣ” гуфтан иштибоҳ аст (саҳ. 103). Мактабҳои ақидатӣ, ирфонӣ ва фиқҳии динро илм гуфтан, мегӯяд профессор, боиси барҳам хурдани суннати илмгароӣ ва тадриҷан аз байн рафтани илм ба маънои дунявии он мегардад. Барои ҳамин, “илми динӣ” гуфтан, ки дар солҳои охир ҳам дар доираҳои илмӣ ва ҳам дар доираҳои ғайрирасмӣ роиҷ гардидааст, аслан дуруст нест (саҳ. 109‑110). Дар худи Институти фалсафа низ олимоне пайдо шудаанд, ки дар муайян кардани таълимоти мазҳабӣ ва ирфонӣ чун “дониши илмӣ” пештоз ҳастанд (саҳ. 112).
Дар рафти таҳлилу баррасии вазъи илмҳои фалсафӣ, профессор Наврӯзов дар асоси китобҳои чанд нафар корманди Институти фалсафа дидгоҳҳои онҳоро мисол меорад. Ин гурӯҳи олимон кам нестанд, ки дар байни илму дин савдогарӣ ва манфиатҷӯӣ мекунанд ва дар натиҷа ба фаъолон ва идеологҳои динии кишвар табдил ёфтаанд. Онҳо, дар навбати худ, ба дигар қишрҳои ҷомеа маводи мазҳабӣ ва теологӣ пешкаш мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки имкониятҳои зеҳнӣ, техникӣ ва молии давлати Тоҷикистон тавассути Институти фалсафа ба теологизатсияи илм ва мазҳабишавии мардум меанҷомад.
Профессор Наврӯзов дар бораи сабабҳои теологизатсияи илм низ андешаи ҷолиб изҳор мекунад. Дар ин робита, ӯ чунин савол мегузорад: Чӣ чиз мардуми оддӣ ва олимони тоҷикро маҷбур мекунад, ки бо мафҳумҳо ва категорияҳои асримиёнагии динӣ‑ирфонӣ фикр кунанд, дар ҳоле ки ҷаҳони мутамаддин рӯ ба сӯи илму техника овардааст (саҳ. 111). Ҷавоби профессор аз назари фалсафӣ ва равоншиносӣ бисёр ҷолиб мебошад, ки мегӯяд: “муносибати ғуломонаи инсон ба асрори олам” ва “танбалии фикрӣ”‑и олимон (саҳ. 112, 114). Маҳз ҳамин танбалии фикрӣ аст, ки баъзе олимони Институт мақолаву рисолаҳои тафсирию компилятсионӣ менависанд ва бо огоҳӣ аз чунин ҳол якдигарро асардузд ҳам меноманд.
Маҳз танбалии олимона аст, ки олимони фалсафаи мо бештар ба дин ва ҳолати номуайянии зиндагӣ афзалият медиҳанд. Дар ҳоле ки аз мазҳабисозӣ ва мистификатсияи зиндагӣ мушкилоти одамон осон намешаванд. Дар ҳоле ки бо дуову сеҳр намешавад мушкилоти ҳаррӯзаи мардумро ҳал кард. Сурати ҳол он аст, ки дар таърихи башарият рӯҳониёну сӯфиён ягон кашфиёте накардаанд ва карда ҳам наметавонанд. Илми асил дар ҳеч сурат ба дину ирфон созгор намеояд ва созиш карда ҳам наметавонад. Барои ҳамин, дар мамлакатҳои мутамаддин “ҷанг” дар байни илм ва дин ҳанӯз ҳам идома дорад (саҳ. 113‑116).
Дар доираҳои илмии мо бошад, манзара тамоман баръакс аст. Олимон, пеш аз ҳама, ба омехта кардани ҷаҳонбиниҳои илмӣ ва динӣ машғул ҳастанд ва ҳатто имонро аз илм болотар мегузоранд. Ин равандро профессор Наврӯзов “интеллектуальный гибрид» – гибрид науки и веры…» меномад (саҳ. 115). Эҳёи ҷаҳонбинии мазҳабӣ‑ирфонӣ боиси примитивӣ шудани тарзи тафаккур ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Нохудои яхшикани фалсафа ва илми тоҷик
(Ба файласуфи фарзона ва ҷасоратманд Султон Наврӯзов бахшида мешавад)
«История таджикской философии распределена между ее толкователями по персоналиям, а не по проблемно-категориальному анализу» (Наврузов 2012, саҳ. 258)
I
Бори дигар Тоҷик марги донишмандеро хомӯшона таҳаммул кард ва ба фаромӯшӣ дод. Гӯё набуд. Дар зиндагӣ низ аз ӯ дар пуштҳо ва пуштаҳои гӯш мегуфтанду мешуниданд. Гӯё набуд. Вуҷуди ин донишманди бузург ва мунаққиди ислоҳталаб, файласуф Султон Наврӯзов чолише сангин барои вопасгароҳо ва карахтандешон буд. Барои худи ӯ низ осон набуд. Аммо аз иҷрои ин рисолати равшанфикрии худ бо сарбаландӣ баромад, гарчанде дар замони зиндагии кӯтоҳи худ эътироф нагардид. Ҷои гила нест, балки То ҷик ҳамеша чунин буд: танҳо баъди марг аз ҳама ба некӣ ёд меорад. Аз ҳама, новобаста аз он ки нек буд ва ё не. Нақди фалсафӣ ва иҷтимоии Султон Наврӯзов, даъвату пешниҳодҳои ӯ барои ислоҳи куллии илму маорифи кишвар нодида ва ношунида монд. Вале навиштаҳои ӯ ҳеч гоҳ моли таърихи гузашта нахоҳанд шуд, чун ӯ бо фарқ аз бисёриҳо дар бораи имрӯзи Тоҷик навишт. Вопасгароии моро ошкор кард. Рисолати олиму файласуфро дар шинохтану сохтани имрӯзу оянда донист. Донишманди тоҷик Комил Бекзода ӯро “Ничеи тоҷик” меномид. Дар ҳақиқат, чунин мақоми шоистаро сазовор аст. Имрӯз ӯро эътироф накарданд, вале фардо нақди фалсафӣ ва иҷтимоии ӯ ба мактаби фикрии хос табдил хоҳад ёфт. Бе мактаби ӯ ҳастии миллати тоҷик комил нахоҳад буд. Аз ин рӯ, шахсияти Султон Наврӯзов нотакрор ва номиро аст.
II
Дар фалсафаи тоҷик Султон Наврӯзов бештар аз ҳама ошкорбаёну сахтгир аст. Ҳар сол китоби наверо менависад, ки аз ҷумлаи онҳо силсилаи китобҳо бо номи “Игры в науку” ба шумор мераванд. Ин мақола дар заминаи таҳлилу баррасии ҳамин силсила ва ҳамчунин дигар китобҳои муаллиф навишта шудааст. Тамоми иқтибосҳои ин мақола аз китоби якуми “Игры в науку” (Душанбе: Ирфон, 2012, 360 саҳ.) гирифта шудаанд. Ӯ дар ин китоб шахсҳо ва равандҳои алоҳида дар илми тоҷик, чун дингароӣ, теологизатсия ва ҳамчунин мушкилоти маъмурии муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистонро нақду баррасӣ кардааст.
Дар муқаддимаи китоби худ, Наврӯзов хонандагонро ба баҳсу баррасии масъалаҳо ва мушкилоти мавриди назар ва ҳамчунин нуқтаи назари худи муаллиф даъват мекунад (13). Барои ҷуръат пайдо кардани хонанда, ӯ таъкид мекунад, ки “баҳс дар илм комилан равост” (29) ва “озодии интиқод дар илм ин имконияти муҳокимаи бемонеаи масъалаҳои баҳсталаб ва нофаҳмо мебошад” (30). Хуб, муаллиф боз чӣ гӯяд, ки хонанда бедор шавад ва ҷуръату мардонагӣ пайдо карда, он чиро қабул дорад, қабул кунад ва он чиро дуруст намешуморад, рад намояд.
Наврӯзов фазои илми академикии тоҷикро ошкор мекунад, ки танқидро таҳаммул карда наметавонад, ба мунаққид фишор меорад ва ҳатто аз ӯ қасос ҳам мегирад (30). “Ин ҷо аз нуқтаи назари равоншиносии иҷтимоӣ вижагии хеле ҷолиби зеҳнияти академикӣ – қасоси галаӣ, ки ба психологияи тӯда бисёр монанд аст, ба назар мерсад” (251). Қасосгирии галаӣ ва ё гурӯҳӣ-қабилавӣ як роҳу усули муборизаи ноодилона бо танқид аст. Дар муҳити академии Тоҷикистон, ки фарогири Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон мебошад, дигар усули асосии мубориза бар зидди ислоҳоту тағйирот ва нақду баррасӣ хомӯшӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки Наврӯзов китобу мақолаҳои фаровон барои ислоҳи илму маорифи тоҷик навиштааст, маъмурону кормандони ин соҳаҳо авлотар донистаанд, ки хомӯш бимонанд. “Ба ин таълифот аз тарафи роҳбарияти АИ [Академияи илмҳои Тоҷикистон] ҳеч гуна реаксия набуд” (32). Ҳукумати Тоҷикистон ҳам хомӯширо авло дониста, баҳсҳоро чун натиҷаи низоъ ва ниқори шахсии байни олимон баҳогузорӣ кардааст, гарчанде мақолаҳои танқидии бисёр нашр шудаанд. «Мақолаҳои танқидии бисёр доир ба вазъияти бади илм дар кишвар навишта шуда буд. Ба ин таълифот аз тарафи роҳбарияти кишвар ҳам ҷавоб надоданд» (53). Наврӯзов аввалин мақолаашро бо номи “Академические игры” соли 1987 чоп карда буд (14).
Роҳбарияти муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба навиштаҳои Наврӯзов муддати қариб 30 сол аст, ки ҷавоби ихтисосӣ намедиҳанд, гарчанде мушкилоти Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ нав нестанд. Балки чанд ҷавобияе, ки бевосита ва ё бавосита дар мавриди танқидҳои Наврӯзов навишта шудаанд, хусусияти ғайриилмӣ ва ғайрикасбӣ дошта, “мушкилоти Наврӯзов”-ро ба ғаразҳои шахсии ӯ марбут кардаанд. Солхӯрдагон ва ё оқсақолони Академияи илмҳо дар зеҳни кормандони ҷавон чунин фаҳмишеро ҷо медиҳанд, ки гӯё Наврӯзов фақат ба хотири он аз ҳамкасбонаш ниқор мегирад, ки ба ӯ унвони академикӣ надоданд. Албатта, чунин ноадолатии маъмурӣ ҳамагӣ як сабаб аст, вале чун китобҳои ӯро мутолиа мекунем, мефаҳмем, ки дар Академияи илмҳо мушкилот хеле зиёданд ва бо ислоҳи “косметикӣ” онҳоро пинҳон кардан номумкин аст.
Дар ин мақола мехоҳам диққати хонандаро ба чанд ҷиҳати муҳими китобҳо ва мақолаҳои профессор Султон Наврӯзов равона созам, ки ба инобат гирифтани онҳо ба манфиати ислоҳ ва пешрафти илму маорифи кишвар хоҳад буд.
- Бахши якуми мақола дар бораи фазои “истеъмолӣ”‑и Академияи илмҳо мебошад.
- Бахши дуюми мақола мушкилоти консептуалӣ ва методологӣ, хатарҳои раванди номатлуби идеологисозӣ ва бахусус теологисозии илмҳои гуманитарии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
- Дар бахши сеюми мақола пешниҳодҳо оиди ислоҳоти соҳаҳои илму маорифи Тоҷикистонро баён карда, мавриди арзёбӣ қарор медиҳем.
Фазои “истеъмолӣ”–и Академияи илмҳои Тоҷикистон
Пеш аз он ки ба матлаб пардозем, бояд мафҳуми “ҷомеаи истеъмолӣ” («потребительское общество»)-ро, ки худи С. Наврӯзов истифода мебарад, шарҳ диҳем. Бо ин мафҳум ӯ гурӯҳи олимонеро дар назар дорад, ки аз давлат маош мегиранд, вале бар ивази он ба давлат ва ҷомеа манфиат намеоранд. Ба забони сода, кашфиёти илмӣ надоранд, то ки ҷомеа аз он баҳравар гардад. Баръакс, бо сабабҳои гуногун зарари онҳо ба ҷомеа бештар мерасад, на фақат ба он хотир ки маош мегиранд. Балки бо пешниҳоди идеяҳо, консепсияҳо, назарияҳо ва амалияҳои нодаркор ва ҳатто зарарноку хатарнок. Аз ҷумлаи идеяҳо ва амалияҳои зарарнок ва хатарноки онҳо, ки солҳои охир ҳам аз тарафи Наврӯзов ва ҳам аз тарафи баъзе олимони дигар ошкор шудаанд, муборизаҳои байни кланҳо ва маҳалҳо, тарғиби арзишҳои ғайриилмӣ, татбиқи методологияҳои ғайриилмӣ ва теологизатсияи илмҳои гуманитарӣ ба шумор мераванд. Дигар мушкилие, ки махсусан дар доираи Академияи илмҳо ҳеч роҳи ҳал пайдо намекунад, ислоҳоти сохторӣ мебошад. Чанд дафъа пешниҳодҳо ва кӯшишҳои ислоҳот аз тарафи олимони алоҳида шуда буд, вале бо сабаби ба манфиатҳои Президиуми Академияи илмҳо ва раёсатҳои институтҳою марказҳои алоҳида созгор наомадани онҳо аз назар рад шуданд. Гӯё бо чандин дафъа муттаҳид ва тақсим кардани зерсохторҳои Академияи илмҳо ислоҳот гузаронданд, вале дар асл ҳеч кори дурусте анҷом надода, манфиатҳои худро аз нав тақсим карданд. Дар ин кор Раёсати Акдамияи илмҳо бисёр зирак аст.
Оё дар натиҷаи ислоҳоти соли 2010 дар моҳияти кори АИ ягон тағйироти ҷиддӣ ва усулӣ шуд? Не, албатта. Ба гуфтаи Наврӯзов “Худи ҳамин ислоҳот бозии навбатӣ дар илм буд” (7). Профессор бисёр дақиқ муайян кардааст. Ин ислоҳоти декоративӣ ба хотири нишон додану ҳисобот супурдан ба Ҳукумати кишвар буд. На аз ин зиёда. Аз ин зиёда, дар дохили Академияи илмҳо як роҳи бартараф кардани рақибони мансабхоҳ буд. Аммо мушкилоти соҳаи илм боқӣ монданд. Ба ғайр аз он ки Наврӯзов мушкилоте чун фасодзадагии соҳа, муборизаи байни кланҳои олимон, маблағгузории ночизи илм аз тарафи давлат ва ғайрарро номбар мекунад (8, 14, 18, 203), мушкилоти дохилии илм ҳам боқӣ мемонанд. Раёсати Академияи илмҳо парвои илм надоранд, метарсанд, ки аз ҳукумати кишвар дархости маблағгузории бештар кунанд ва олимон бошанд, дар ҷустуҷӯи қути лоямут дар чанд муассисаи илмию таълимӣ ва ҳатто тиҷоратию кишоварзӣ кор мекунанд. Рӯзи худро ба дарбадарӣ дар муассисаҳои гуногун кӯтоҳ мекунанд, вале фурсати омӯзишу пажӯҳишро надоранд. Онҳо низ чун Раёсати худ метарсанд, то ҳуқуқи худро аз Ҳукумат талаб кунанд. Онҳо метарсанд, ки ба чашми мақомдорон рӯирост нигариста, талаб кунанд, ки ба ҷои қасрсозӣ дурусттар дар нисбати илму маориф ғамхорӣ кунанд. Ғамхорӣ бе маблағгузорӣ, бе ислоҳоти ниҳодӣ (институтсионалӣ) ва бе фазои озоди фаъолияти касбӣ ғайриимкон аст.
Балки ҳамин вазъияти баамаломада ё худ статус кво барои онҳо маъқулу мақбул аст ва манфиатдор ҳам нестанд, ки тағйироту ислоҳоте шавад. Манфиатдор нестанд, ки бо маоши кофӣ дар як муассиса кор кунанд ва дар айни замон ба омӯзишу пажӯҳиш низ машғул шаванд. Барои онҳо хондани китоб ва эҷоду кашфи як идея ва ё чизи нав мушкилтар аз дарбадарӣ ва ҷустуҷӯи қути лоямут аст. Онҳо ва Раёсати онҳо тасаввур карда наметавонанд, ки дар як вақт дар чанд ҷо кор кардан як намуди фасодкорӣ (коррупсия) аст. Онҳо ҳаққи чанд муассисаро мехӯранд, вале ба ягонтои онҳо фоида намеоранд. Дар Академияи илмҳо кор карда, ба мутолиа ва таҳқиқ машғул нестанд, идеяҳое, ки пешниҳод мекунанд, аксаран ба зарари ҷомеа тамом мешаванд. Дар донишгоҳҳо ба донишҷӯён дарс дода, вонамуд мекунанд, ки гӯё ҳама чиро медонанд. Раёсати донишгоҳҳо ва ҳатто донишҷӯён ҳам ин аҳволи омӯзгоронашонро медонанд, вале барои осонии кори худ хомӯш мемонанд. Магар ин коррупсияи густарда дар системаҳои илму маорифи кишвар нест? Новобаста ба ин, аксарият ба ин вазъияти статус кво розӣ ҳастанд ва ба ифодае ҷои гармашонро хунук кардан намехоҳанд. Ва Наврӯзов дуруст мегӯяд, ки “барои роҳбарияти кишвар чунин роҳбари илм мувофиқ аст” (32).
Ҷиҳати дигари “истеъмолӣ” будани ҷомеаи олимон аз он иборат аст, ки барои онҳо илм таъсир ва манфиати амалию маърифатӣ надорад, балки шумораи мақолаҳо ва китобҳои нашршуда ба шумор меравад. Касе, ки бештар нашр кард, ҳамон олимтар ва бологузартар аст. Дар сурате ки раёсати Академияи илмҳо ва институтҳои он аз ҷиҳати маъмурӣ ва молиявӣ ба нашриёт бештар дастрасӣ доранд, бегумон шумораи мақолаву китобҳои онҳо зиёдтар аст. «…[К]асе бештар чоп мекунад, аз ин мебарояд, ки “ҳуқуқ”‑и бештар ба ҳақиқат дорад… қатори дарози ибораҳо ва ифодаҳои мутантан, ки аз андеша ва ҳақиқати илмӣ тиҳӣ мебошанд” (29).
Онҳое, ки бисёр чоп мекунанд, ба чашми дигарон олимтар ва донотар менамоянд. Навиштаҳои онҳо ба ҳаёти ҷомеа чӣ таъсир мегузорад, муҳим нест. Дар ин вазъият тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои илму маориф бисёр мушкил ва бе дастгирии маъмурон тасаввурнопазир аст.
Илми тоҷик сол аз сол ба истеъмолгар ва паразити донишҳои кӯҳна табдил меёбад. Яъне, он донише, ки 20-30 соли пеш дар Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ ғун шуда буд, аз сари нав аз тарафи олимони солхӯрда ва ҷавон рӯнавис ва нусхабардорӣ мешавад. Дар натиҷа, дар илмҳои дақиқ олимони тоҷик дар як ҷо қадам ва ё чарх мезананд ва олимони гуманитарӣ бошанд, дар бораи воқеияти чанд даҳсолаи пеш фикр мекунанду менависанд. Академияи илмҳо зоҳирнамоӣ мекунад, ки вуҷуд дорад, дар ҳоле ки беш аз пеш дотатсионӣ шудааст. Чун дигар муассисаҳои давлатӣ, онҳо низ фасодзада шудаанд, вале вонамуд мекунанд, ки чунин нестанд. Воқеият ин аст, ки базаи моддӣ-техникӣ ва лаборатории илм пурра кӯҳна ва корношоям шудааст (18, 27, 42, 52). Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, “…ба назари олимон, худи мавҷудияти Академияи илмҳо кифоя аст, вале он чӣ кор мекунад, дар ин маврид набояд гуфт” (57).
Барои олимон муҳим дар бораи объект ва воқеияти гузашта навиштан нест, балки муҳим нишон додан, ки ҳанӯз сермаҳсул ҳастанд. Фақат сол, ном ва дар баъзе мавридҳо забонро тағйир медиҳанд, рӯйхати адабиётро нав ва сарчашмаҳои англисӣ ва форсию арабӣ илова мекунанд, албатта бо хатоҳои зиёди имлоӣ. Чунки талаботи илм ҳамин аст, ки сарчашмаҳо ба забонҳои гуногун бошанд. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ олимоне, ки воқеияти имрӯзаро меомӯзанд, ангуштшуморанд. Дар айни замон, консепсияҳои назариявӣ ва методологияҳои омӯзишиашон ҳам кӯҳна ва хилофи талаботи илм ҳастанд. Дар ин маврид як воқеаи латифамонанде аст, ки аҳволи Академияро ошкор мекунад: Дар яке аз ҳисоботҳои солонаи Институти фалсафа (номи пуррааш: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АИ ҶТ) аз корманди илмие ном бурда шуд, ки ба сифати ҳисоботи солонаи худ таълифи олими русро дар бораи Русия пешниҳод намудааст, фақат бо ҳамин фарқ ки дар матн номи Русияро ба Тоҷикистон ва номи муаллифи русро ба номи худ иваз кардааст. Шояд ин олим аз барномаи компютерии копи-паст истифода бурда метавонист, вале аз файнд-риплейс не, ки дар як маврид номи Русияро нигоҳ дошта, ҳамин гуна, копи‑пасташро фош кардааст.
Ҷиҳати чоруми “истеъмолӣ” будани Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки Наврӯзов қайд мекунад, ба “академияи ҷашнвораҳо” (“академия юбилеев”) табдил ёфтани ин муассисаҳо марбут мебошад. Чунонки ӯ тасдиқ мекунад, фақат дар соли 2008 ҳафт конференсияи ҷашнӣ гузаронда шуда буд (35). Дар ҳақиқат, аксарияти конференсияҳо ё хусусияти ҷашнӣ ва ё хусусияти фармоишӣ дошта, дар мавзӯъҳои ғайриилмӣ ва шиоргуна баргузор мегарданд.
Ҷиҳати панҷуми “истеъмолӣ” будани Академияи илмҳо ва шояд дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ба ресурси маъмурии муборизаҳои байникланӣ табдил ёфтани он марбут аст. “Академияи илмҳо чун майдони муборизаи байникланӣ истифода бурда мешавад” (14). Он иборат аз гурӯҳи муташаккиле мебошад, ки бо интригаҳои байникланӣ машғул мешаванд, ки ба дуруст ба роҳ мондани кори илмию таҳқиқотӣ кам диққат медиҳанд (203).
Мушкилоти консептуалӣ ва методологии илмҳои гуманитарии тоҷик
Аз номи китобҳои Султон Наврӯзов ва махсусан аз тасаввурот дар бораи шахсияти ӯ дар доираи илмии Тоҷикистон чунин бармеояд, ки ӯ фақат мушкилоти маъмурӣ ва кадрии Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимии кишварро муҳокима мекунад. Аммо чунин нест, гарчанде ки раёсати тасодуфӣ ва таъйинотӣ ва кадрҳои хому нопӯхта яке аз сабабҳои асосии дигар мушкилот ҳастанд. Файласуфи таҷрибадор Наврӯзов мушкилоти консептуалӣ ва методологии илмҳои гуманитариро муфассал шарҳ медиҳад, ки бадбахтона сарфи назар мешаванд. Дар ин маврид, ҳарифон чизе намегӯянд, балки методи хомӯширо кор мегиранд. Гӯё эродро нашунидаанд, ё ба онҳо дахл надорад ва ё барои баҳсу баррасӣ арзанда нест. Аммо оташи буғзу кинаро, ки дар даруни онҳо аланга мезанад, ошкор намекунанд. Сабаби дигари нофаҳмӣ ва хомӯшии олимон дар мавриди муҳокимаи Наврӯзов ба он вобаста аст, ки онҳо ҳанӯз асли масъаларо дарк накардаанд. Дарк накардаанд, ки бе баҳсҳои консептуалӣ ва методологӣ ва бе интихоби дуруст дар ин роҳ илм ҳам вуҷуд дошта наметавонад.
Наврӯзов таъкид мекунад, ки бахусус “олимони насли демократӣ” сатҳи пасти методологӣ ва консептуалӣ доранд (22). “Дар бисёре аз таҳқиқотҳои бо ном таърихӣ, таърихӣ-фалсафӣ ва филологӣ дидгоҳҳои нави консептуалӣ вуҷуд надоранд…”, ки имкон намедиҳанд, ҷиҳатҳои нозуки рушди арзишҳо ва марому мақсади шуур ва тафаккури инсони муосирро дуруст омӯзанд (26).
Як ҷиҳати илмҳои гуманитарии тоҷик аз он иборат аст, ки чорчӯбаҳои таҳқиқот ба стантдартҳо ва ченакҳои тафаккури асримиёнагӣ асос ёфтаанд (56). Наврӯзов дуруст мушоҳида мекунад, ки интихоби ин стандартҳо ва критерияҳо ратсионалӣ нест, балки натиҷаи эътибори таассубомез додан ба мероси “ниёгон” мебошад (56-57). Чунин таассуб, ки хоси олимони академии тоҷик, бахусус муҳаққиқони таърихи фалсафа ва адабиёт аст, боиси эҳёи таълимотҳои динию ирфонӣ гардида, муҳити илмиро хурофотӣ ва ғайриилмӣ мекунад (69). Дар ҳоле ки “дар кишварҳои мутамаддин ҳанӯз ҳам “ҷанг” дар байни илм ва дин сурат мегирад” (115), бо шарофати олимони тоҷик дар кишвари мо “муллократия” ба қувваи асосии таълиму тарбияи ҷавонон табдил меёбад (123). Ба ҷои омӯзиш ва нақди устураҳо, хурофотҳо, архетипҳо, муаммоҳо ва тасаввуроти саробӣ, ки зиндагии моро ташкил медиҳанд, олимони мо онҳоро ба объектҳои парастиш ва эътиқоди худ табдил додаанд (260).
Олимоне, ки ин назари Наврӯзов ва ҳамфикрони ӯ (аз он ҷумла муаллифи ин сатрҳо)-ро ҳамчун ғарази шахсӣ гирифта буданд, иддао мекарданд, ки “ӯ ва ҳаммаслаконаш” зидди фарҳанги миллии тоҷик ҳастанд. Дар асл чунин нест. Балки мақсади асосии танқид аз он иборат аст, ки ин раванди носолими илмҳои гуманитариро ошкор созад. Олимони тоҷик огоҳона‑ноогоҳона таълимотҳои исломӣ ва ирфониро ба чорчӯбаҳои консептуалӣ ва методологии фаъолиятҳои илмии худ табдил додаанд. Ба назари онҳо, мафҳумҳо ва консепсияҳое, ки дар дини ислом, теологияи исломӣ, тасаввуф ва дигар сарчашмаҳои асримиёнагӣ вуҷуд доранд, ҳақиқати мутлақи илмиянд, набояд мавриди таҳлилу танқид қарор гиранд ва аз нуқтаи назари талаботи имрӯзаи ҳаёт пешниҳод гарданд. Онҳо чун ҳадя (taken for granted) пазируфта мешаванд. Ҳатто олимоне, ки арзишҳои динӣ ва ирфонии асримиёнагиро меомӯзанд, дар мавриди мунаққидони ин арзишҳо аз жаргонҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Онҳоро “хиёнаткор” ва “душман”-и арзишҳои фарҳанги миллӣ меноманд. Дар дасти ин олимони дарборӣ танқид ба хотири тамға задан ва доғдор кардани ҳарифон истифода бурда мешавад. Солҳои охир тамғаҳоеро ба монанди “бедин”, “атеист”, “ғарбгаро”, “бегонапараст” ва монанди инҳо беш аз пеш мешунавем ва мехонем. Ин дар ҳолест, ки “Танқид на ба хотири тамғазанӣ, балки барои кашфи ҳақиқат аст…” (248). Дар илм “бегона”-ю “худӣ” вуҷуд надорад, чун ҳақиқат фаротар аз тааллуқиятҳои маҳаллӣ, қавмӣ, миллӣ, нажодӣ ва мазҳабию динӣ аст. Баъдан, Наврӯзов дуруст саволгузорӣ мекунад, ки “…чӣ гуна дар даврони ҷаҳонишавӣ метавон аз ҳар чизи “бегона” бегона шуд?” (12).
Танқиди фалсафӣ ва илмӣ бахши зарурии побарҷоӣ ва рушду такомули илм мебошад. Фаъолияти танқидӣ дар фалсафа ва дигар илмҳои гуманитарӣ бояд ба ду самт равона гардад: якум, танқиди ҳақиқати объективӣ ва шаклҳои зуҳури он (инсон, ҷомеа, фарҳанг, дин, гузаштаи таърихӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ ва ғайра) ва дуюм, танқиди асосҳои консептуалӣ ва методологии илмҳое, ки ин шаклҳои зуҳури ҳақиқати объективиро меомӯзанд ва ошкор мекунанд. Дар марҳилаи ҳозира на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ дар ҳолати буҳронӣ ва бунбастӣ қарор доранд. Пеш аз ҳама, консепсия ва методологияи ягона таҳқиқу омӯзиш вуҷуд надорад. Дар матнҳои фалсафӣ ва илмӣ баҳсҳо бештар консептуалӣ ва методологӣ ҳастанд, то марбут ба объекти омӯзиш. Чун консепсияҳо ва методологияҳои мавҷуда ноқис ҳастанд, объекти омӯзиш (инсон, ҷомеа, фарҳанг ва ғайра) низ дуруст ва дақиқ омӯхта намешавад. Чунин вазъияти бунбастӣ файласуфон ва олимони гуманитариро ба чунин хулосаи ноумедона расондааст, ки ҳақиқати объективӣ (универсалӣ, ягона, систематикӣ ва ба таври эмпирикӣ шинохтпазир) вуҷуд надорад, балки ҳақиқатҳои плюралистӣ ва тасаввурӣ (фардӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ, гурӯҳӣ, контекстуалӣ) вуҷуд доранд. Дар ин сурат, имкон дорад, ки консепсияҳо ва методологияҳои гуногуни омӯзиши ҳақиқатҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ арзи ҳастӣ карда, ҳақиқатҳои гуногунро кашф намоянд. Акнун мо дар ҳамин гуна фазои плюралистӣ қарор дорем, ки дар натиҷаи эътироз ба бинишҳои догматикии динӣ ва модернистӣ (масалан, он чӣ марбут ба категорияҳои Арасту, императивҳои Кант ва ғайра ҳаст) ба миён омадаанд.
Аз нуқтаи назари назарияи бехатарии вуҷудӣ, ки муаллифи ин сатрҳо пешниҳод кардааст, шинохти ҳақиқат бо категорияҳо ва императивҳо низ догматикӣ ва маҳдуд мебошад. Масалан, категорияҳо чун мафҳумҳое шарҳ дода мешаванд, ки қонуниятҳои асосии воқеияти объективиро ифода мекунанд. Чун категорияҳо ин ҳақиқатро ташкил медиҳанд, бинобар ин, одамон дар зимни мушоҳидаҳои илмӣ қонуниятҳои объективиро дар шакли категорияҳо абстраксия ва ё худ таҷзия мекунанд. Ин назар пассивияти инсонро дар муқобили ҳақиқатҳои объективӣ, чун инкишофи таърихӣ, протсесҳои сиёсӣ‑иҷтимоӣ ва ғайра нишон медиҳад. Бешубҳа, таърифҳои дигар дар мавриди категорияҳо ва ё худ қонуниятҳои умумии олами ҳастӣ вуҷуд доранд. Як таърифи дигар аз он иборат мебошад, ки қонуниятҳои умумии олами ҳастӣ вуҷуд доранд, вале дар баробари ин, инсон имкони тағйир додан ва ба худ мутобиқ кардани ин (ва ё қисме аз) қонуниятҳоро дорад. Масалан, қонуни муҳими ҷаҳони ҳастӣ генезис дониста мешавад, ки на фақат олами табиӣ, балки ҷомеа ва инсонро низ фаро мегирад. Аз давраҳои бостон инсон мехоҳад ин қонунияти табииро он тавре шарҳ диҳад, ки дар муқобили он абадияти худро таъмин намояд. Дар натиҷа, дар бораи ин қонун хулосаҳо гуногун мебошанд. Ҳатто баъзе файласуфони Юнони Бостон мегуфтанд, ки аслан генезис вуҷуд надорад. Ҳамин гуна баҳсҳо идома меёбанд ва мо низ метавонем ба таълимот дар бораи ҳақиқати объективӣ эрод бигирем. Ин таълимотро нақд мекунем, на фақат ба он хотир ки он инкишофи эволютсиониро қонуни асосии мавҷудияти инсон, ҷомеа ва тамаддуни инсонӣ медонад, балки инчунин ба хотири дуюмдараҷа кардани ҳастии фарди инсон. Ҳақиқати объективӣ тори анкабуте мебошад, ки ҳастии фардии инсон гирифтори он мешавад. Барои ин биниш масъалаи ҳастӣ ва нестии инсон аҳамиятнок нест, чунки он абадиятро дар худи инкишофи таърихӣ мебинад, на дар инсон. Новобаста ба хоҳиш, майл ва иродаву нақшаи фарди алоҳида шароити таърихӣ вуҷуд дорад, ки муносибати ин фардро бо дигарон, бо таърих, бо табиат, бо кайҳон ва бо ҷаҳони рӯҳонӣ ба вуҷуд меорад. Боз ҳам, новобаста ба хоҳиши инсон инкишофи таърихӣ фарди инсониро ба нестӣ маҳкум мекунад.
Дар робита ба шинохти ҳақиқати инсонӣ ва иҷтимоӣ ва оянданигарӣ кардани равандҳои муосир на фақат биниши ҳақиқати объективӣ, балки биниши ҳақиқатҳои плюралистӣ низ бунбасти навбатӣ мебошад.
Саволи фалсафӣ ин аст, ки аз ин бунбасти навбатӣ чӣ гуна раҳо ёбем? Раво дидани танқид ба ҳама гуна консепсияҳои илмӣ, бахусус категорияҳо ва императивҳои догматикӣ ва дар айни замон ҷустуҷӯ кардани ҳақиқатҳои муштараки инсонӣ ва иҷтимоӣ як роҳи баромад аз вазъияти бунбастӣ мебошад. Илм ва фалсафа набояд аз ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ даст кашанд. Аммо барои як дурӯғи навбатиро чун ҳақиқат напазируфтан дар ҳама маврид бояд шубҳа ва танқидро нигоҳ дорем. Дар они воҳид, ки ҳақиқате кашф мешавад, бояд шубҳа ва танқид низ дар баробараш ҷо дошта бошад. Ҳақиқатҳои фалсафӣ ва илмӣ бояд танқидпазир бошанд ва агар дар муқобили танқид дошт карда натавонистанд, аз байн раванд. Ҷустуҷӯи ҳақиқат идома ёбад.
Наврӯзов дуруст таъкид мекунад, ки “танқид ба хотири танқид бенатиҷа аст”, балки он бояд “конструктивӣ” бошад (233). Функсияи асосии танқиди конструктивӣ бояд аз ошкор кардани ҳақиқат иборат бошад, на “ҳисоббаробаркунии шахсӣ” (244). Он набояд аз ғаразҳои шахсии танқидкунандагон сарчашма гирад ва ба шахсияти танқидшавандагон равона гардад. Барои ҳамин, бояд нахуст худи танқидро муайян кунем, ки чӣ аст? Масалан, барои Маркс танқид ҳамчун шинохти қонуниятҳои диалектикаи инкишофи таърихӣ ва корбурди онҳо барои муайян кардани ҳадаф, вазифаҳо ва афзорҳои пажӯҳиши илмӣ мебошад. Вазифаҳо ва афзорҳои илм дар атрофи ҳадафи куллии он сохта мешаванд, ки маърифати танқидии ҳаракати диалектикии таърихӣ, ҳаракате, ки шароити материалии озодшавиро фароҳам меовард, ба шумор мераванд. Ӯ Прудонро маҳз барои надонистани ин қонуниятҳо айбдор мекард. Бояд гуфт, ки ин пешниҳоди Маркс ҳам наметавонад қобили қабул бошад, чун ӯ масъулияти ҳалли мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоиро ба гардани ҳаракати таърихӣ мегузорад, ки бо револютсия ё худ вайронкорӣ сохти кӯҳнаро вожгун карда, сохти нав ба миён меорад.
Аз дидгоҳи назарияи бехатарии вуҷудӣ, заминаи масъалаҳои иҷтимоиро хатарҳои вуҷудӣ (марги инсон ва шаклҳои гуногуни зуҳури он) ташкил медиҳанд, ки бе ҳалли илмии онҳо дер ё зуд ҳаракати таърихӣ – агар он дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад – қатъ мегардад. Ҳамин гуна, танқид шинохти хатарҳои вуҷудии инсон чун муайянкунандаи қонуниятҳои инкишофи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ ва корбурди онҳо барои муайян кардани ҳадаф, вазифаҳо ва афзорҳои пажӯҳиши илмӣ мебошад. Ҷиҳати муҳими танқид ҳадафи муштараке (шинохти хатарҳои вуҷудӣ ва роҳҳои таъмини бехатарии инсонӣ ва иҷтимоӣ) мебошад, ки ҷомеа ва тамаддуни инсонӣ дар пеши худ гузоштааст ва барои ба даст овардани онҳо дониш ва кашфиёти илмиро истифода мебарад.
Бо чунин шинохти танқид, худи ҳақиқатҳои кашфшудаи илмӣ ва ё тасаввуршудаи динӣ ҳадафи ниҳоӣ нестанд. Аммо мушкилии ҷомеаи илмии мо аз он иборат аст, ки ин ҳақиқатҳои кашфшуда ва тасаввуршударо чун ҳадафи муштараки ҷомеа мешиносанд ва ҳимоя мекунанд. Масалан, муаррихони фалсафа ва фарҳанги тоҷик ба ҷои нақду баррасии дину ирфони асримиёнагӣ тамоми қувваи худ ва захираҳои илмиро барои ҳимоя, исбот ва татбиқи онҳо истифода мебаранд. Ҳамин муносибат хилофи талаботи танқиди фалсафӣ ва илмӣ мебошад. Танқид талаб мекунад, ки дар сурати муносиб набудани ҳақиқатҳои эътирофшуда, ки дар шакли назарияҳо, консепсияҳо, таълимотҳо, дидгоҳҳо, фарзияҳо (гипотезаҳо), афоризмҳо ва ғайра зуҳур мекунанд, фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ аз онҳо озод шавад. Дар заминаи ҳадафҳои муштараки одамон дар ҷомеа ва ҷаҳон фарзияҳо ва консепсияҳои нав пешниҳод ва санҷида шаванд. Илм дар ҷустуҷӯи доимии на танҳо ҳақиқат, балки роҳҳои дурусти шинохти ҳақиқат мебошад, вагарна аз дин фарқе дошта наметавонад. Дин ҳам дар ҷустуҷӯи ҳақиқат аст, аммо бо усулҳо ва роҳҳои хатои худ, ки оқибат як гумони насанҷидаро ба ҳақиқат табдил медиҳад. Агар илм барои ҳимояи ҳақиқати дар айни замон (дар ҳар лаҳзаву замоне ки чизе, ҳодисае ва ё қонуне кашф карда мешавад) кашфшуда ба қудрати хирад такя кунад, дин барои ҳимояи ҳақиқати дар давраи оғозии таърихи худ (дар давраи пайғамбар) аз қудрати сиёсӣ истифода мебарад ва онҳоеро, ки шубҳа мекунанд, ба бадтарин ваҷҳ ҷазо медиҳад. Барои ҳамин, дин аз ҳақиқати давраи пайғамбар қадаме пештар рафта наметавонад.
Наврӯзов дуруст мегӯяд, ки “Илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, махсусан фалсафа, дар моҳияти худ шакли танқидии дониши инсонӣ ҳастанд. Моҳияти вожаи юнонии қадим “критика” ба маънои “таҷриба кардан”, “сарфаҳм рафтан” мебошад” (237). Фалсафа фаъолияти илмӣ ва эҷодие мебошад, ки пеш аз ҳама ҳар чизи қолабӣ ва догматикиро мешиканад. Аз ҳама муҳимтар, фалсафа дар ҷустуҷӯи ҳақиқатҳое мебошад, ки аҳамияти нисбатан доимӣ ва ҷовидонӣ доранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки як мафҳум, образ ва ё падидаеро гирифта, бе санҷиши ақлӣ моҳияти доимӣ ва абадӣ бахшад, ки боз ҳам функсияи дин мебошад. Дин ба худо, охират ва ҳар чӣ марбут ба онҳо аст, ҳамин гуна моҳиятро медиҳад, дар сурате ки хирад вуҷуди онҳоро собит накардааст. Дар ҳамин марҳилаи таърихӣ хулосаи фалсафа ин аст, ки дар ҷаҳони моддӣ ягон чизе, ки ба чашм намоён бошад, доимӣ ва абадӣ вуҷуд надорад, ҳама эфемерӣ, яъне гузаранда ҳастанд. Аз он ҷумла инсон ва системаҳои иҷтимоӣ ва интеллектуалие, ки ӯ сохтааст, доимӣ ва устувор нестанд. Дер ё зуд аз байн мераванд. То ҳанӯз системаҳои иҷтимоӣ ва интеллектуалие, ки одамон сохтаанд, на ба хотири пойдории доимӣ, балки ба хотири манфиатҳои гузаранда будаанд. Манфиатҳои гузаранда он манфиатҳои шахсӣ ва ё коллективӣ мебошанд, ки ба шинохт ва ҳалли хатарҳои вуҷудӣ равона нагардидаанд. Чун ин интиқодро дар мавриди системаҳои дунявӣ ироа медорем, ҳаводорони дин хоҳанд гуфт, ки системаҳои мо пойдор ва абадӣ ҳастанд. Аммо ҷаҳонбинии фалсафӣ системаҳои диниро аз ҳама ноустувортар медонад, чун на фақат системаҳои дунявиро дар зери хатар мегузоранд, балки худ низ дар шакли тасаввур вуҷуд доранд. То ҳанӯз ҳеч далели хирадмандона дар бораи мавҷудияти онҳо ба даст наомадааст.
Аз нуқтаи назари фалсафӣ, ақида ва тафаккури қолабӣ ва догматикӣ, ки яке дар шакли дин зоҳир мешавад, худфиребӣ ва худкушӣ дар рӯёрӯи гузарандагии падидаҳои ҷаҳони моддӣ, махсусан инсон аст. Мо ба чизҳое чун Худо, Охират, Рӯҳи мутлақ, Миллат ва монанди инҳо бовар мекунем, яъне мехоҳем онҳо моро аз маргу нестӣ ва нопойдорӣ наҷот диҳанд, дар ҳоле ки худи онҳо вуҷуд надоранд. Онҳо маҳсули тафаккур, тахайюл ва таваҳҳум, аниқтараш маҳсули тафаккури носолим ва беақлонаи мо ҳастанд. Мо онҳоро ҳатто дар ҳолати солимии ақлу ҳуш ва ҳис “кашф” накардаем. Аз ин рӯ, онҳо маҳсули беақлӣ ва девонагии башарият ҳастанд. Башарият дар ҳамин ҳоли трагокомедӣ қарор дорад, чун ба ин қувваҳои набуда бовар мекунад. Боварӣ ба ғайри худ ҳолате мебошад, ки инсон барои наҷоти худ аз нестию марг ба фароқувва такя мекунад, дар ҳоле ки ин фароқувва вуҷуд надорад ва агар вуҷуд дошта бошад ҳам (масалан, дар нисбати Табиат), ба мо коре надорад. Дар пайи наҷоти мо ҳам нест, балки ҳамин гуна қувваи табиӣ аст, ки моро аз байн мебарад, системаҳои биологӣ ва иҷтимоиро таҷзия ва ба системаҳои дигар иваз мекунад.
Аммо ин гуна муҳокимаронии танқидии фалсафиро шунида, на фақат пешвоёни исломӣ, балки ҳатто олимони гуманитарии мо иддао мекунанд, ки онҳоро таҳқиру тавҳин кардаанд, ба “эҳсоси нозуки мусулмонон нохун задаанд”. Бо чунин мададҷӯӣ аз эҳсоси абстрактии мусулмонон, мехоҳанд пеши роҳи танқиди фалсафӣ ва илмиро бигиранд. Чун худашон натавонистанд дар марҳилаи аввал бо далелҳои ақлӣ, дар марҳилаи дуюм бо таҳқири шахсияти мунаққидони дину хурофот ва дар марҳилаи сеюм бо таҳдиди такфиру куштор мавқеи худро исбот кунанд, акнун, яъне дар марҳилаи чорум мехоҳанд авомро дар байн дароранд, то онҳо адаби ҳарифонашонро диҳанд. Албатта, дар байн кашидани авоми нодон ҳадафи сиёсӣ ҳам дорад. Ҳам худи рӯҳониён ва ҳам олимони динмеҳвар барои пешвоёни сиёсияшон муздурӣ мекунанд ва барои ҳамин бояд мардуми бисёрро дар гирди онҳо ҷамъ оваранд. Роҳи бисёр эффективӣ дар муддати 1400 соли Шарқи мусулмонӣ ҳамин ҳимояи манфиатҷӯёна аз Ислом аст. Ҳам ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва ҳам ҳукуматҳои худкома манфиатдоранд, ки зиндиқиҳо (мунаққидони дин, атеистон) вуҷуд дошта бошанд. На ба он хотир ки шумораи онҳо зиёд шавад, балки 10-12 нафар бошанд, басанда аст. Чанд нафари онҳоро аҳмақу масхара кардан даркор, зидди якдигар гузоштан лозим, агар имкон даст диҳад, сӯиистифода кардану аз сояи вамҳангези онҳо авоми кӯдакмизоҷро тарсондан бояд. Вақте зарур шуд, ҷомеаро аз онҳо тарс додан лозим, ки ин “атеистони ҷанговар” мехоҳанд ҳамаро аз Худо ва динашон маҳрум кунанд. Дар тӯли Истиқлолияти Тоҷикистон ҳам ҳукумат ва ҳам ҳизбу ҳаракатҳои динии Тоҷикистон аз ин сиёсати хатарнок хуб истифода карданд, суд бардоштанд ва ҷояш омад, зарару зиён ҳам диданд. Ҳоли Зиндиқиён бахусус баъд аз омадани Ислом дар сарзамини таърихии Эрон ҳамеша чунин буд ва имрӯз ҳам чунин асту ҳеч фарқе накардааст.
Ҳанӯз ҳарифони академикии Зиндиқиён шеваи бихрадонаи баҳсу мунозира ва муборизаро наомӯхтаанд. Мушоҳидаи дурударози Наврӯзов ҳам нишон медиҳад, ки ҳарифони динмаоб танқидро беобрӯсозии “олимони бузург” медонанд (241). Онҳо танқидро ба дил мегиранд ва ҷояш омад ниқор ҳам мегиранд, гарчанде на ба шахсият, балки ба андешаи онҳо равона шуда бошад ҳам. Барои ҳамин, онҳо ба ҷои муносибати олимона ба танқид ба таҳқири шахсияти мунаққидон мегузаранд ва ҳатто ҷои таваллудро ҳам ба масхара мекашанд. Чаро чунин мекунанд? Бешубҳа, барои он ки худашон идея ва пешниҳоди созандатаре надоранд. Яке мегӯяд ман шаҳриам, барои ҳамин, ҳаққи мутлақи аз номи фарҳанг, забон ва таърихи тоҷик гап задан дорам ва дигаре бошад, инро ба шахси худ таҳқир шумурда, даъво мекунад, ки тоҷикон фақат дар Кӯҳистон боқӣ мондаанд. Яке дигареро ба хотири падараш ва ё гузаштагонаш танқид мекунад, аммо ин танқид не, балки таҳқири шахсӣ аст. Масалан, чи дар даврони Шӯравӣ ва чи дар аҳди Истиқлол Муҳаммадҷон Шакуриро барои падараш Садри Зиё паст мезаданд. Дар натиҷа, дар ӯ як уқдае ба вуҷуд омад, ки Бухороро асл ва Кӯҳистонро бадасл медонист. Дар ин маврид, Наврӯзов баҳсҳои академикҳо ва тарафдорони онҳоро дар солҳои 2005-2006 мисол меорад (241-242). Воқеан, он солҳо мо аз академикҳо ва олимони тарафдори онҳо ба ҷуз таҳқири байниякдигарӣ, ҷои таваллудашон ва монанди ин музахрафот дигар чизе нашунида ва наомӯхта будем. Ошкор аст, ки чунин “трайбализми академикӣ” (251), ки дар “баҳсҳои кланӣ” (243) ва “муборизаи шахсиятҳо” (250) зоҳир мегардад, бесамаранд ва ҳатто барои ҷомеаи тоҷик хатарнок ҳастанд, чун маҳалгароӣ ва динпарастиро тақвият медиҳанд.
Бо ҳамин сабабҳо олимони мо аз танқид сахт метарсанд ва агар танқид ҳам кунанд, ба хотири талаботи қолабии система мебошад. Дар акси ҳол, ВАК аз онҳо мепурсад, ки барои чӣ дар ҳимояи рисолаи онҳо танқид вуҷуд надошт ва ё чаро мақолаи онҳо бе тақриз (ретсензия) чоп шудааст. Ин гуна танқиди қолабиро Наврӯзов “танқиди демагогӣ” меномад (238), ки ба факту далелҳо асос наёфтааст ва аз давомияти мантиқӣ низ маҳрум аст. Як намуди танқиди демагогиро ӯ танқид “ба хотири шуҳрат” меномад, ки олимони демагогӣ меписанданд. Онҳо гурӯҳҳо месозанд ва боз як намуд ё жанри дигари танқид, яъне “танқиди дӯстона” кашф мекунанд. “Ин гуна танқидҳо дар байни кланҳо ва гурӯҳбозиҳои академикӣ сурат мегиранд… на барои кашфи ҳақиқат равона гардидаанд, балки ба он хотир бахшида мешаванд, ки бо тарафи муқобил “муносибатҳоро вайрон накунанд”…” (239). Аз ин ҷо як намуди дигари танқид пайдо мешавад, ки Наврӯзов онро “танқид бо назардошти авторитет” меномад: “Агар танқидшаванда академик аст… дар ин сурат танқид дипломатӣ мешавад, вале агар танқидшаванда унвони пасттар дорад, маъмури илм нест…, танқид бераҳмона ва ғосибона мешавад” (239). Намуди дигари танқиди демагогӣ ба хотири нишон додани бартарияти худ аз дигар олимон мебошад.
Одатан ин гуна танқидҳои демагогӣ фармоишӣ ҳастанд ва барои ин кор олимони ҷавонро истифода мебаранд. Азбаски ҳамин гуна кори сиёҳ дар байни олимони демагогии мо даҳсолаҳо вуҷуд дорад, онҳо гумон кардаанд, ки мақолаи танқидии ман бо фармоиши Султон Наврӯзов сурат гирифтааст. Дар мақолаи ҷавобии худ, Наврӯзов дуруст таъкид кардааст, ки бо ман на фақат шинос нест, балки ҳатто рӯ ба рӯ вонахӯрдааст. Ман ӯро на барои ҳаққи шогирдӣ ва ё ҳаққи дигаре ҳимоя кардаам. Балки ба хотири ростгӯӣ ва фошкорияш аз системаи фасодзадаи илму маорифи Тоҷикистон тарафдорӣ кардам. Ӯ аввалин шахсест, ки манфиатҳои шахсияшро як сӯ гузошт ва ба хотири ояндаи шоистаи кишвар муборизаи рӯирост бурд.
Бе муборизаи мавқеъҳо ва идеяҳо илму фалсафа вуҷуд дошта наметавонанд, идеяҳои нав зода намешаванд ва тасаввуроти анъанавӣ аз байн намераванд. Дар баробари ин, ҳамаи мунаққидон, аз он ҷумла Наврӯзов ба “муҳокимаи ошкоро, дар доираи корӣ ва озодонаи мушкилоти ҳаётан муҳими илм” омода ҳастанд (250). Вале боз ҳам хомӯшӣ, сарфиназарсозӣ, вонамудкунӣ, ки гӯё ҳеч гуна мушкилӣ вуҷуд надорад, танқидро муғризона ва ба иззати нафси худ гирифтан, ки хоси “характери академикӣ‑галаӣ”-и олимонанд (245), монеаи чунин ҳамкорӣ шудаанд. Бо чунин ҳолати носолим “…илми дурӯғӣ (“псевдонаука”) дидгоҳҳои худро тағйир намедиҳад ва ислоҳ намекунад. Илм бошад, баръакс, ошкоро эътироф мекунад, ки иштибоҳ ногузир аст ва дар чунин эътироф на заъф, балки тавоноии бузурги илм нуҳуфтааст” (249). Бо чунин имконияти танқид мо метавонем ихтилофҳои фикрӣ ва фарқиятҳои ақидавиро пушти сар кунем ва дар айни замон ҷустуҷӯи ҳақиқатро идома диҳем. Онҳое, ки манфиатҳои илмро ба конъюктураи сиёсӣ, ба даъвоҳои бесаводонаи элитаи сиёсӣ мутобиқ мекунанд, аз ҷумлаи олимони пастфитратанд” (250).
Ҳамин гуна, набуди танқиди илмӣ ғайриилмӣ ва сиёсатзадаву динмеҳвар будани пажӯҳишҳои гуманитариро нишон медиҳад.
Тамоюли дигаре, ки ғайриилмӣ будани пажӯҳишҳои гуманитариро нишон медиҳад, инфиродӣ, яъне тасодуфӣ, инҳисорӣ ва спонтанӣ шудани таҳқиқоти илмӣ мебошад. Ҳар як олим “илми худ”, “қонуниятҳои худ” ва забони хоси илми худро дорад (10). Интихоби мавзӯъ ва самти таҳқиқоти илмӣ хусусияти спонтанӣ дорад (27). Таҳлилу баррасии масъалаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ низ хусусияти спонтанӣ (19), дақиқтараш сиёсӣ доранд. Яъне, олимон мекӯшанд, ки арзишҳои динӣ, ирфонӣ ва сиёсии асримиёнагиро бо арзишҳои ба ном эътирофшудаи сиёсӣ, чун озодӣ, демократия, ҳуқуқи инсон ва монанди инҳо мутобиқ ва ҳамнаво созанд. Гӯё дар асрҳои миёна чунин арзишҳо вуҷуд доштанд. Кӯшишҳои пайдо кардани идеяи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар “мадинаи фозила” ва ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи исломӣ дида мешавад. Албатта, олимони мо бо чунин монандкунӣ ва шабоҳатҷӯӣ, пеш аз ҳама, мехоҳанд ба саволи дар рисола ва мақолаи илмӣ гузошта ҷавоб пайдо кунанд, яъне: “Мубрамияти мавзӯъ аз чӣ иборат аст?” Баъд аз он ки ба таври хеле кӯтоҳ ва ҳисоботӣ (дар ҳаҷми 1-2 саҳифа) “ақидаҳои пешқадам”-ро дар осори ниёгон пайдо карданд, саҳифаҳои боқимондаро ба таъриф ва тавсифи арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асримиёнагӣ мебахшанд. Дар ин сурат, олимону файласуфони мо аз тафсир (коментария чун методи асосӣ – Наврӯзов) ба сифати чорчӯбаи консептуалӣ ва методологӣ истифода мебаранд ва фақат ақидаҳо ва дидгоҳҳои дигаронро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки хоси мутакаллимони асримиёнагии исломӣ буд. Мутакаллимону муфассирон Қуръонро чун асл қарор дода, тафсирҳои худро дар исботи фармудаҳои қуръонӣ ва радди фармудаҳои зиддиқуръонӣ менавиштанд.
Як тамоюли дигари илмҳои гуманитарӣ эътиборӣ (авторитарӣ) шудани интихоби мавзӯъ мебошад. Махсусан, раёсати Институти фалсафа мавзӯъҳоеро бештар эътибор медиҳад, ки ба сиёсати давр, ба табъу ҷаҳонбинии маъмурону солхӯрдаҳо ва ё оқсақолҳои институт мефорад. Дар ин маврид, ду вижагие вуҷуд дорад, ки яке ба объекти таҳқиқ ва дигаре ба мазмуну мундариҷаи таҳқиқ марбут мебошанд. Объекти пажӯҳиш дар бисёри маврид шахсиятҳо ва мавзӯъҳои аз назари сиёсӣ ва динӣ актуалӣ мебошанд. Як қисми мавзӯъҳои таърихи фалсафа ба чунин шахсиятҳои таърихӣ маҳдуд мебошанд: Форобӣ, Ибни Сино, Ғаззолӣ, Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Аҳмади Дониш, Муҳаммад Иқбол ва ғайра. Қисми дигар ба падидаҳои алоҳидае чун Фалсафаи калом, Тасаввуф, Исмоилия, Ҳанафия ва монанди инҳо рабт доранд. Аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ин мавзӯъҳо бештар тафсири динӣ ва ирфонӣ меёбанд. Таҳлилу танқид хеле кам аст. Ба монанди расонаҳо, институтҳои фалсафа ва дигар илмҳои гуманитарӣ ба марказҳои тарғиботии эътибороти асримиёнагӣ, чун пайғамбарон, имомон, шоҳон (масалан, Сомониён), пешвоён ва дигар “шабаҳҳои қудсии гузашта” (123) табдил ёфтаанд.
Бо чунин муносибати ғайриилмӣ, масалан, агар дар мавриди Ибни Сино ва ё Ғаззолӣ таҳқиқ шуд, онҳоро ҳатман таърифу тавсиф мекунанд ва “навовариҳои илмӣ”-яшонро нишон медиҳанд. Ҳамин гуна, таълимоти ахлоқии тасаввуф аз ҳама пешқадамтар гузошта мешавад. Аммо таззодҳо ва ихтилофҳои тасаввуфӣ сарфи назар гардида, ҷиҳатҳои манфии онро баррасӣ кардан ба табу табдил меёбад. Аҳмади Донишро “маорифпарвар” меноманд, чунки дар замони шӯравӣ зарур буд нафароне дар фарҳангҳои маҳаллӣ пайдо ва номзад карда шаванд, ки заминаи фикрии инқилобро гузошта буданд. Дар симои ӯ яке аз ин шахсиятҳоро пайдо карда буданд. Аммо ин консепсияи историтсизмро ноогоҳона то ҳанӯз нигоҳ медоранд, фақат бо ҳамин фарқ, ки аз ӯ, Ҷамолиддини Афғонӣ ва Муҳаммад Иқбол “маорифпарварони исломӣ” месозанд. Яъне олимони мо консепсияи историтсизмро барои тақвияти таассуботи исломии худ татбиқ мекунанд. Ба ҳамин монанд кӯшишҳо дар мавриди Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Ғаззолӣ, Носири Хусрав ва дигарон мушоҳида мешавад. Ба ғайр аз Ғаззолӣ, аксарияти онҳоро дар даврони шӯравӣ чун шахсиятҳое баҳо медоданд, ки инкишофи таърихии тафаккурро дар таълимоти худ ифода мекарданд. Масалан, дар таълимоти Сино муборизаҳои фикрӣ бо идеологияи динӣ (“натурфилософия”) ва дар осори Носири Хусрав зиддиятҳои синфӣ дар контексти феодалӣ ҷустуҷӯ карда мешуд. Олимони “варзида”, яъне олимони ба ниҳодҳои муътабари ҳукуматӣ наздик ин гуна объектҳо ва мавзӯъҳои омӯзишро ба истилоҳ монополия карда буданд. Ҳар мавзӯе, ки аз назари сиёсӣ муътабар ва актуалӣ мешуд, ба монополияи нухбагони илм табдил меёфт, аз он ҷумла Форобӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад, орифон ва мутакаллимоне чун Имом Абуҳанифа ва Ғаззолӣ.
Мавзӯи илмӣ ба шахсиятҳо марбут ва маҳдуд аст. Ин худ баёнгари авторитарӣ будани фазои консептуалии илмҳои гуманитарӣ мебошад. Барои олимони мо на масъалаҳо ва мушкилиҳои инсон ва ҷомеа, балки шахсиятҳои аз ин ё он ҷиҳат (дар ин маврид аз ҷиҳати динӣ, ирфонӣ, сиёсӣ, идеологӣ) маҳбубу мақбул муҳим ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки “масъалаи инсон, ҳадафи зиндагии ӯ, ҷои ӯ дар таркиби ҳақиқат, масъалаҳои моҳияти хиради инсонӣ, қонуниятҳои воқеияти маърифатӣ, мушкилиҳои ташкили ҳаёти иҷтимоии инсон” мавзӯъҳои марказии фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ ба шумор мераванд (259). Баръакс, илмҳои гуманитарии тоҷик ва олимони “варзида”-и ин соҳа дар хизмати пешвоён ва нухбагони сиёсӣ ва динӣ қарор гирифтаанд. Бисёр мепурсанд, ки чаро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёиён (олимону ҳунармандон) ба зудӣ дар бағали муллоҳо ва сиёсатмадорон даромаданд. Ҷавоб: ҳамин муносибати авторитарӣ ба предмети илм ва ҳунар мебошад. Онҳо на аз пайи ҷустуҷӯ ва кашфи ҳақиқат, балки аз пайи парастиши бутҳое дар симои ин шахсиятҳо мебошанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки ин шахсиятҳо ҳам инсон ҳастанд, вале барои чӣ хилофи масъалаҳои инсон ҳастанд. Гап сари он аст, ки онҳо дар мақоми бутҳое мебошанд, ки гӯё мақому манзалати бартар аз дигар одамон доранд. Дар сурате ки онҳо мавриди парастиш қарор мегиранд ва фалсафаю илми тоҷик низ ба васфи онҳо бахшида шудаанд, мо масъалаҳои умумиинсониро фаромӯш ва мақоми одамони дигарро ба ҳашарот баробар мекунем.
Олимони “варзида” бо шогирдонашон ин мавзӯъҳо, яъне шахсиятҳоро монополия кардаанд ва дигаронро ба мавзӯъҳое машғул медоранд, ки ба онҳо аз назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ шуҳрату эътибор оварда наметавонад. Ин муносибати сиёсиро Наврӯзов низ чун “принсипи муридизм” қайд мекунад, ки олимон мероси гузаштаро бе танқиди илмӣ қабул мекунанд (216). Бо ин роҳ онҳо ба ҳукумати давр наздик мешаванд, ба воситаи конфронсҳои ҷашнӣ соҳиби обрӯ ва даромади молӣ мегарданд ва дар айни замон дар байни мардум мавриди эҳтиром қарор мегиранд. Бо забони Наврӯзов, илми онҳоро метавон илми “вазоратхонаӣ” (“министерский”), “маъмурӣ” (“чиновничий”) ва “илми кисағафсҳо” («наука толстосумов») номид (25).
Ҳамин гуна, эътибороти сиёсӣ ва эътиқодӣ ду унсури муҳими илмӣ, яъне объекти омӯзиш ва чорчӯбаи консептуалӣ ва методологии омӯзишро ба догма табдил медиҳанд. Яъне, чорчӯбаҳои догматикӣ дар илм ҳеч фарқе аз догмаҳои динӣ надоранд. Чунонки Наврӯзов ҳам қайд мекунад, догматикҳои илм ба ҳама масъалаҳои мушкил ва чигили илм ва олами ҳастӣ ҷавоби пешакӣ доранд (221-222). Омӯзиш ва мушоҳидаи бевоситаи худи ман чунин аст, ки ин ҷавобҳои пешакӣ ҳамон догмаҳои динӣ мебошанд. Аз ин бармеояд, ки ин олимон дар зоҳир олиманд, вале дар ботин аз диндорҳои муқаррарӣ фарқ надоранд ва ҳатто аз онҳо ҳам хурофотитар ва афсонапардозтаранд. Яке дар хоб Имом Ғаззолиро ва дигаре дар бедорӣ Имоми Ҳозируззамонро мебинанд, ки парвозкунон сӯи онҳо меоянд. Дар кул, аксарияти онҳо догмаҳои асримиёнагии фалсафаи каломро дар рисолаҳо ва мақолаҳои худ кӯчонда ва аз нав эҳё карда истодаанд. Ҳамин аст моҳияти “эҳё” ва “бозгашт ба асл” дар фалсафаи муосири тоҷик. Онҳо гумон мекунанд, ки “илму фалсафаи миллӣ” илме ҷудо аз илму фалсафаи умумибашарӣ аст ва набояд ба қонуниятҳои умумии маърифати илмӣ итоат кунад. Истиқлолияти илмӣ ин озодии фаъолият ва эҷодиёти олимон аз идеологияҳои маҳаллӣ, миллӣ, динию мазҳабӣ, хурофот ва афсонапардозии асримиёнагӣ мебошад. Чаро ки “воқеияти объективӣ миллӣ нест, то ки як «илми миллӣ»‑ро бо дигараш зид гузошт” (11).
Дар натиҷа, як гурӯҳи олимони диссидент ба ин догмаҳо ба эътироз ва истеҳзо менигаранд. Ба назари онҳо объект, консепсия ва методология омӯзиши илмиро аз ҳақиқат дур карда, бештар ба қоидаҳои бозии сиёсӣ наздик мекунанд. Барои ҳамин, онҳо аз ин унсурҳои таҳқиқоти илмӣ даст мекашанд ва ҷавононро ҳам ба омӯзиши беқайду банд даъват мекунанд. Ошкор аст, ки бе роҳнамои консептуалӣ ва методологӣ ин олимони диссидент ба кирмҳои китобӣ табдил ёфтаанд. Бисёр мутолиа мекунанд, вале мавқеи илмӣ ва интеллектуалии худро надоранд. Бо хондани китоби нав ақида ва мавқеашон низ иваз мешаванд. Аз чунин нигоҳи сатҳӣ ва телескопӣ онҳо диссидент ҳастанд, яъне ба мавзӯъҳо, объектҳо, консепсияҳо ва методологияҳои догматикҳо эътироз ва истеҳзо кардаанд. Аммо чун бо заррабин нигарем, онҳо низ догматик ва эътиборписанд ҳастанд. Пеш аз ҳама, эътибороти мутолиа ва мақолаву китобҳои онҳо мавзӯъҳо, объектҳо, консепсияҳо ва методологияҳое мебошанд, ки олимони “варзида”, яъне тӯтиҳои сиёсати давр қабул надоранд. Ҳам олимони “варзида” ва ҳам муридони онҳо эътиборписанданд, яъне ҳеҷ гоҳ аз номи худ гап намезананд. Ҳамеша чун шахси сеюм дар бораи назари дигарҳо ба мо маълумот медиҳанд, мавқеи онҳоро ба мо мефаҳмонанд, аз гуфтаҳои онҳо дифоъ мекунанд ва ҳатто лозим шавад, аз камоли вафодорӣ ба “шахсҳои якум”‑е чун Муҳаммад, Маркс ва ё Нитше ҳақорат медиҳанд, таҳқир мекунанд, мушт мебардоранд ва зӯрӣ мекунанд.
Аммо олимони диссидент на он қадар дур мераванд, ки ба табъи сиёсати давр нафоранд ва мавриди таъқибу фишор қарор гиранд. Барои ҳамин, онҳо хеле эҳтиёткор ва мулоҳизакоранд. Дурусттараш, онҳоро диссидентҳо ва ё риндҳои мулоҳизакор номем, чунки дар дил эътироз доранд, вале онро дар фаъолияти илмию эҷодии худ нишон дода наметавонанд. Кори аввале, ки диссидентҳои мулоҳизакор мекунанд, ғайрисиёсӣ ва ғайриҷамъиятӣ кардани фаъолият ва натиҷаи кори эҷодӣ ва илмиашон мебошад. Барои ҳамин онҳо вожаи “фарҳанг”-ро дӯст медоранд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин вожа ҷойгузини истилоҳи асримиёнагии “ирфон” мебошад. Фаъолияти “сирф фарҳангӣ” гуфта, фаъолияти рӯҳонӣ ва маънавӣ дар назар дошта мешавад, ки ба сиёсату ҷомеа кор надорад. Дар симои сӯфӣ, ринд, Хайём, Ҳофиз, Мавлавӣ шахсеро мебинанд, ки ҳамин гуна фаъолият мекарданд. Фаъолияти “сирф фарҳангӣ” ба шиори “ту ба ман кор надошта бош, ман ба ту кор надорам” асос ёфтааст. Риндҳо (диссидентҳо)-и илми тоҷик ҳамин гуна фаъолияти мулоҳизакоронаро авлотар медонанд. Гарчанде диссидентҳои солхӯрда худашон дарк мекунанд, ки ҳамин гуна бетарафии онҳо ба сиёсат ва ҷомеа як намуди иштироки сиёсии пассивона ё худ итоаткорона аст. Онҳо худ ва фаъолияти эҷодию илмиро ба шакли пассивонаи иштироки сиёсӣ табдил додаанд, яъне дар хизмати пешвоёну нухбагони сиёсӣ ва динӣ қарор гирифтаанд. Аммо онҳо ин вазъияти худро то охир нашинохтаанд.
Беҳтар мебуд, ки ин зинбапӯштҳо аз озангии кибр ҳам мефаромаданд ва вазъияти худро аз забони Наврӯзов мешуниданд, ки мегӯяд: “…тобеъ кардани илм ба манфиатҳои конъюктураи сиёсӣ ба машғулияти “илмӣ”‑и бисёре аз олимон – лагандбардорони сиёсӣ табдил ёфтааст. Бо иваз шудани конъюктураи сиёсӣ ва самти ҷараёнҳои сиёсӣ мавқеъ ва самти онҳо ҳам ба зудӣ иваз мешавад, фардо низ чун дирӯз ва имрӯз иваз мешавад ва дар хизмати идеологияи ҳукмрони замон қарор мегирад. Ин гуна олимон чун сусмор (хамелеон) мебошанд, ки ба хотири ҳодисаҳои зудгузари сиёсӣ на фақат ранги пӯст, балки дидгоҳ ва виҷдони илмии худро ҳам дигар мекунанд” (214-215). Дар ҷои дигар ин мавқеи олимонро Наврӯзов чунин баён мекунад: «Чӣ хел олиманд, ки бо иваз шудани конъюктураи сиёсӣ ҳам илм ва ҳам дидгоҳҳои илмии худро дигар мекунанд… Олиме, ки бо иваз шудани ҷараёнҳои сиёсӣ дидгоҳҳо ва боварҳои илмии худро иваз мекунад, на олим аст, ки дар хизмати ҳақиқат бошад, балки фоҳишаи сиёсӣ аст» (51).
Ҳам оқсақолҳо ва ҳам риндҳо (диссидентҳо)-и илм аз назари сиёсӣ хунсо (кастратсия) шудаанд. Мавқеи шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ надоранд ва аз он ифтихор мекунанд, ки мавзӯъҳои мавриди омӯзиши онҳо аҳамияти “абадӣ” дошта, бо иваз шудани қудрати сиёсӣ моҳияти худро гум намекунанд. Ҳангоме ки бо як нафар оқсақол баҳси рӯ ба рӯ доир ба консепсия ва методологияи таҳқиқоти таърихи фалсафа доштам, ӯ фаъолияти худро бо як нафар олиме муқоиса кард, ки солҳои 1990-ум Ҳизби демократиро роҳбарӣ мекард. Ба назари ин оқсақол, асарҳояш аз санҷиши замона гузашта, ҷовидонӣ шуданд, аммо фаъолияти сиёсии он файласуф ва ҳаммаслакони дигараш онҳоро “бадном” кард. Сипас, ӯ аз рафи пури чанг рӯзномаи фарсудаи солҳои 1990-умро пайдо кард, ки дар он мақолааш дар бораи як сӯфӣ, ки ӯро ҳукумати кишвар ҷашн гирифта буд, чоп шуда буд. Ба назари ӯ, ҳамин мақола аҳамияти абадӣ дорад.
Бояд рӯирост гӯям, ки таҳқиқоти олимони тоҷик доир ба таърихи фалсафа, ирфон ва дин аҳамияти “абадӣ” надоранд. Чунки онҳо ба таври тафсир (комментария) анҷом дода шудаанд. Наврӯзов ин машғулияти олимонро чунин зебо баён мекунад: “…онҳо нақши коллексионер, ҷамъоваранда ва саҳифабандро иҷро мекунанд” (254). Муфассир бо такрору тақлид ва мадҳу тавсиф умри асар ва ё шахсеро дароз мекунад, ки тафсираш ба он бахшида шудааст. Умри тафсири Табарӣ аз умри Қуръон кӯтоҳтар аст ва умри таҳқиқ дар мавриди тасаввуф аз худи тасаввуф. Дар айни замон умри тасаввуф кӯтоҳтар аз суннат (зиндагии пайғамбари Ислом) аст, чун тақлиди суннат аст. Ин дар ҳолест, ки бо омадани илм умри Қуръон, суннат ва тасаввуф ҳам қатъ мегардад. Фаъолияти ветеранҳои илми тоҷик дар давоми умри худ тақлиди маънавии сӯфиҳо, орифон ва мутакаллимону муфассирони исломӣ буд, ки ҳама тақлидгару талқингари як афсона буданд.
Баҳси ман бо оқсақолҳои илмҳои фалсафии тоҷик дар сари шахсияти онҳо набуд, гарчанде онҳо бо ман бештар дар мавриди шахсиятам баҳс мекарданд (нигаред, “Таърихи фалсафа ҳамчун майдони набардҳои фикрӣ ва худшиносӣ” // “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, № 2, соли 2014, саҳ. 108‑121). Ҳамчуноне ки рӯҳониёни исломӣ ҳам. Ҳар ду гурӯҳ баҳси илмӣ намекунанд, чунки бар зидди принсипҳои илмӣ ҳастанд. Манзури ман он буд, ки дигар таърихи фалсафа, ирфон ва динро тафсир (комментария) надиҳем. Бо методҳои муайяни илмӣ онро нақду баррасӣ кунем. Падидаҳои муайяни афкори фалсафӣ, ирфонӣ ва динии гузаштагонамонро бозкушоӣ (деконструксия) карда, ҳақиқатҳои иҷтимоӣ ва психологии онро шиносем. Наврӯзов ҳам чунин пешниҳод дорад, яъне “мушкилиҳои фаҳмиши иҷтимоӣ-психологии падидаҳои бисёри ҳаёти рӯҳонии мардум”-ро муайян кунем (15). Вазифаи илм ҳамин аст, на тафсири хушку холии падидаҳо. Чунончи, образҳои “инсони комил”, “ринд”, “фақир” ва монанди инҳоро дар афкори тасаввуфӣ чӣ гуна шиносем. Олимони муфассири мо аз ин мафҳумҳо васф мекунанд ва дар ҳар маврид хулоса мебароранд, ки “Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бояд асли инсонии худро фаромӯш накунем, ки онро Ибни Арабӣ бо консепсияи “инсони комил”, Ҳофиз бо консепсияи “ринд” ва Ҷомӣ бо таълимоти ахлоқии “фақир” ҷамъбаст карда буд”. Олимони муфассир ин консепсияҳоро чун зарраҳое медонанд, ки дигар ба ҳиссаҳои хурдтар тақсим намешаванд. Онҳо ҳақиқати маҳз ҳисобида мешаванд, ки бояд чун ҳадя пазируфта шаванд. Бояд ин се образро чун нуқтаи ниҳоии камоли инсон қабул кунем ва ба сӯи он саъю талош варзем. Аммо фаъолияти илмӣ аз чунин тарғиботи хушку холӣ иборат нест. Омӯзиши илмӣ, пеш аз ҳама, бозкушоӣ кардани ин падидаҳои маънавӣ мебошад. Саволҳое, ки пурсида мешаванд, ба ин қароранд: Чаро чунин консепсияҳо ташаккул ёфтанд ва дар ботини худ ҳар яки он чӣ ҳамоҳангиҳо ва ихтилофҳо дорад? Масалан, чаро ринди Ҳофиз майро ҳам ошкор менӯшад ва ҳам пинҳон? Чаро май менӯшад ва дар айни замон аз шарри замона эҳтиёт мекунад? Ҳамин гуна, чаро фақири Ҷомӣ ва ҳар Нақшбандии дигар бо забон қаноатро васф мекунад, вале дар амал ба моли дунё пойбанд аст? Монанди ин саволҳои бисёре пайдо мешаванд, ки ин падидаҳои маънавиро бозкушоӣ карда, заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва психологии онҳоро низ ошкор мекунанд. Дар натиҷа, омӯзиши мо хусусияти танқидӣ мегирад, ки ин падидаҳоро ҳақиқати маҳз намегирем ва вобастагии онҳоро ба дигар вазъиятҳо муайян мекунем.
Бо сабабҳои сиёсӣ-идеологӣ шудани илмҳои гуманитарӣ (ин ҷо манзурам фақат илмҳои гуманитарӣ аст, вагарна илмҳои дақиқ ҳам дақиқияти худро кайҳо аз даст додаанд) ва оқсақолони илм, камҷуръат ва мулоҳизакор будани диссидентҳои илм ва ба ҳошия рафтани (маргинализатсияи) олимони ҷасоратманде чун Султон Наврӯзов боиси он гардидааст, ки ин илмҳо дар солҳои охир пурра аз заминаи консептуалӣ ва методологии худ дур шуданд. Дар доираи илмҳои фалсафӣ мавзӯъҳои ҷашнӣ ва таърихии дини ислом бартарӣ пайдо карданд. Яке аз сабабҳои чунин имтиёз пайдо кардани таърихи фалсафа, ки он ҳам тавсифи шахсиятҳо ва тафсир (коментария)-и сарчашмаҳои исломӣ мебошад, ба маъмуриятҳои гузаштаи дуру наздики Институти фалсафа бармегардад, ки аз ҳисоби муаррихони фалсафа будаанд. Аксарияти онҳоро ҳатто муҳаққиқони таърихи фалсафа гуфтан нашояд, балки муаррихони эпизодҳои таърихӣ ва динӣ номидан ҷоизтар аст. Чунки онҳо фақат таърихи афкори исломиро меомӯзанд ва аз он берунтарро таҳқиқ накардаанд. Ҳатто солҳои охир омӯзиши фалсафии осори пешазисломии Эрон ва осори ғайриисломии асрҳои миёна (Фирдавсӣ, Хайём ва монанди инҳо) сарфи назар шудааст. Ин муҳаққиқон бештар ба мавзӯъҳои ҷашнӣ диққат додаанд, дар сурате ки дар ду даҳсолаи охир аксарияти ҷашнҳои давлатӣ дар доираи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба шахсиятҳо ва ақидаҳои исломӣ (Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имом Абуҳанифа, Имом Ғаззолӣ) бахшида шудаанд.
Аз ин рӯ, бахши асосии маблағгузории илмҳои гуманитарӣ ба ҷашнҳо ва онҳо ҳам бошанд, ҷашнҳои динию мазҳабӣ равона шудаанд. Илмҳои гуманитарӣ, ки бояд ба омӯзиши мушкилоти муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машғул шаванд, асосан дар доираи маоши кормандони илм маблағгузорӣ шудаанд. Таҳқиқотҳои эксперименталӣ ва майдонӣ (омӯзиши бевоситаи объект) бисёр кам гузаронда шудаанд ва ё ба сафарҳои хидматии маъмурият маҳдуд мондаанд. Чунин муносибат ба фаъолияти илмӣ аз шинохти нодурусти илм ва таҳрифи моҳияти “илмҳои бунёдӣ” дар муҳити академии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз дидгоҳи бехатарии вуҷудӣ, илм, дар ин маврид фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ, ин шинохти хатарҳои вуҷудии инсон чун муайянкунандаи қонуниятҳои инкишофи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин хатарҳо мебошад. Дар ин сурат, он машғулиятҳои фикрие “илмҳои бунёдӣ” номида мешаванд, ки бевосита ба шинохти таҷрибаҳои инсонӣ, мушкилоти таърихӣ, иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангие сарукор доранд, ки хатарҳои вуҷудиро таҷассум мекунанд. Аммо олимони мо, баръакс, “илми бунёдӣ” гуфта, абстраксияи (таҷзияи) илмҳои фалсафӣ ва гуманитариро аз ҳаёти мардум ва мушкилоти вуҷудии онҳо мефаҳманд. Дар фаҳмиши онҳо, чунин илм аз ирфон ҳеч фарқе надорад. Дар натиҷа, зарурати баҳсу баррасӣ кардан ва ташаккул додани консепсияҳо ва методологияҳои илмӣ ҳам ба миён наомадааст. Баъзе олимони ҷавон чунин заруратро дарк кардаанд, вале ба сабаби вуҷуд надоштани чорабиниҳои ниҳодӣ (барномаҳо ва лоиҳаҳои илмию таълимӣ, семинару конфронсҳои доимӣ ва ғ.) натавонистаанд, кӯшишҳои худро амалӣ созанд ва дар заминаи он анъана ва ё мактаберо ба вуҷуд оранд.
Ин мушкилиро аз ҳама беҳтар профессор Наврӯзов дарк мекунад ва таъкид месозад, ки барои шинохти равандҳо ва тағйиротҳое, ки дар ҷомеа мегузаранд, олимони ҷомеашинос ва инсоншинос ба дидгоҳҳои нави илмӣ ниёз доранд. Ҳанӯз олимони мо бо сабаби идеологӣ будани пояҳои илм ва ба васфу тараннуми гузаштаи исломӣ ва шӯравӣ машғул будани он наметавонанд консепсияҳо ва методологияҳои муассиреро коркард ва пешниҳод кунанд, ки сабабу омилҳои вазъияти ногувори иҷтимоию психологӣ ва таъсири онро ба шуури оммавӣ таҳқиқ намоянд, ки боиси мушкилоти дигари инсонӣ ва иҷтимоӣ гардидаанд (21-22). Олимони мо, албатта ба истиснои чанд нафар, ҷуръат надоранд, ки равандҳои номатлуб, чун худкомагии сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, муҳоҷирати корӣ, бетарафии умумӣ ва бемасъулиятии шаҳрвандиро омӯхта, пешниҳодҳои мушаххас барои беҳбуди вазъ ироа доранд.
Наврӯзов аз ҷумлаи файласуфони тавоноест, ки дар уқёнуси яхбастаи илмҳои гуманитарии тоҷик роҳи наверо дар баҳси гузашта, мероси гузашта ва бознигарии он кушодааст. Он бути яхини гузашта ва ҳар он чӣ дар зеҳнҳои карахти олимони тоҷик ях бастааст, чун “мероси ниёгон”, дини ислом, ирфон ва монанди инҳоро мешиканад. Бебокона ва қотеона! Дар ҳақиқат, олимони мо дар бораи гузашта бисёр менависанд, вале онро ба вазъияти имрӯза алоқаманд карда наметавонанд. Чунин муносибат ба вазъияти имрӯза на фақат ба парастиши бутҳои гузашта, балки ба тарсу бими олимон аз бутҳои сиёсию динии муосир вобаста аст. “Ба ҳар сурат, азнавсозии гузашта камтар хатарнок аст, назар ба пажӯҳиши дуруст ва муносиби ҳаёти имрӯза, ки барои ин кор сарзаниш шуданашон ҳам мумкин аст” (19). Шикастани бутҳои яхини гузашта ба маънои инкори пурраи мероси гузашта нест. Инро Наврӯзов ҳам таъкид мекунад. Аммо набояд гузаштаро идеализатсия ва имрӯзаро қурбони арзишҳои носанҷидаи он гардонем. Ҳам гузашта ва ҳам имрӯзи мо аксаран арзишҳои ғайриқобили зиндагӣ доранд, ки бояд мавриди омӯзиш ва накӯҳиш қарор гиранд.
Як нуктаи бисёр муҳиме, ки ин ҷо бояд қайд намоям, даъвои тангназаронаи олимони гузаштанигар, ниёгонпараст ва “ошинаҳорхӯр”-и тоҷик дар мавриди “ғарбпарастӣ”‑и онҳое мебошад, ки намехоҳанд мероси ниёгонро кӯркӯрона қабул кунанд. Ҳар касе, ки назари танқидӣ дар мавриди гузаштаи исломӣ ва асримиёнагӣ баён кард, ӯро “ғарбгаро”, “бегонапараст” ва ҳатто “хиёнаткор” меноманд. Аммо ин ҳамагӣ тамғаи сиёсӣ ва мазҳабӣ аст. Дар асл, олимони гузаштагаро худашон аз пайи пайроҳаи шарқшиносони даврони колониалӣ рафтаанд. Онҳо олимони постколониалӣ мебошанд. Яке аз сабабҳои ба гузашта рӯ овардани олимони мо ин қудрати постколониалӣ мебошад, ки онҳоро ба комментария ва констататсияи фактҳо ва фактнамоҳои таърихӣ маҳдуд кардааст. Дидгоҳи постколониалӣ таърихро низ аз нуқтаи назари худи қудрати колониалӣ мешиносад. Таърихеро васф мекунанд ва ҳақ мебароваранд, ки ин қудрат сохтааст. Қудрати постколониалӣ чанд ҳадаф дорад, ки Наврӯзов онҳоро дақиқназарона дармеёбад:
Якум, банд кардани андешаи олимони ҷавон ба афсонаҳои асримиёнагии исломӣ ва аз ин роҳ, дур кардани онҳо аз омӯзиши садҳо проблемаи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон. Дар ин сурат, мо худро дар муҳосираи мушкилоти афзояндаи ҷомеа тасалло медиҳем, ки “чӣ даркор ягон ҷо [пеш] рафтан, дар ҳоле ки мо гузаштаи бой дорем” (112). Фаромӯш мекунем, ки худи мо кӣ ҳастем ва ҳақиқати ҷамъиятии мо аз чӣ иборат аст (261). “Аммо “навгонӣ”‑и идеяҳо ва дидгоҳҳои ҳазорсола хандаовар аст. Боз масхаранок аст, агар ба воситаи онҳо мушкилиҳои инкишофи ҷамъиятии замони худро ҳал карданӣ шавем” (255).
Дуюм, консерватсияи ҳаёти рӯҳонии ҷомеаи тоҷик бо “хурофот, устураҳо ва ривоятҳои асрҳои гузашта”, онҳоро ба “назарияҳои илмӣ” табдил додану монеаи пешрафт гардидан (201, 217).
Сеюм, “Аз хотираи насли имрӯзаи тоҷик шӯстани ҳамаи он чизе, ки ба таърихи даврони шӯравӣ марбут аст” (254).
Бо ин пешниҳодҳои донишманд мувофиқ ҳастам. Мо гузаштаи асримиёнагии худро ба идеал табдил додаем ва бисёр хурофоту афсонаҳои зиддиинсонӣ ва зиддизиндагиро қабул кардаем. Мушкилӣ фақат дар худи гузашта ва осори гузаштагон нест. Мушкилӣ, пеш аз ҳама, дар худи олимон ҳаст, ки гузаштаро аз рӯи догмаҳо ва шаблонҳои сохтаи худ (аз ҷумла теологияи исломӣ ва таълимоти ирфонӣ) мешиносанд. Онҳо низ мисли одамони одӣ на дар доираи ҳақиқати таърихӣ, балки дар доираи тасаввурот фаъолият ва аз ин рӯ, ҳамеша дар гузашта зиндагӣ мекунанд. Дар ин сурат, он коре, ки олимон ва равшанфикрон бояд кунанд ва онҳоро аз дигарон фарқ мегузорад, на инкори гузашта ва ё ҳама чӣ донистани он, балки муносибатро ба он тағйир додан, аз он ҷумла муносибати консептуалӣ ва методологиро аз рӯи биниши онтологӣ дигар кардан аст. Тағйири муносибати онтологӣ моро ба бозбинӣ ва бозофаринии арзишҳои гузашта вомедорад. Арзиши асосие, ки мо бояд аз гузашта гирем, ин гузаштагони мо мебошанд. Онҳоро бояд эҳё кунем. Ин гуна шеваи бархурд бо гузаштаро файласуфи асри 19-и Рус Николай Федоров пешкаш карда буд. Аз ин рӯ, мо наметавонем моҳият ва арзишҳои имрӯзаро пурра аз гузашта ҷудо созем, чун аз ҷиҳати онтологӣ дар байни гузашта, имрӯза ва оянда фарқияти гавҳарӣ вуҷуд надорад. Фарқиятҳо зоҳирӣ ҳастанд ва бо ҳалли мушкилии нестӣ ва марг рафъ мешаванд. Вале олимону файласуфони мо, баръакс, арзишҳое чун таълимоти исломӣ ва ирфониро аз гузашта мегиранд, ки имрӯза ва ояндаро ба нестӣ маҳкум мекунанд.
Дигар консепсияҳою методологияҳо, ба монанди теологизм, историтсизм, эволютсионизм, позитивизм ва ғайра барои риштаи пайванд ҷустан дар байни гузашта, имрӯза ва оянда бесамаранд. Воқеияти таърихӣ ин аст, ки инкишофи пайваста ва қонунмандонаи таърихӣ вуҷуд надорад, ки аз рӯи яке аз ин принсипҳо – теологизм, историтсизм, эволютсионизм ва ё позитивизм амалӣ гардад. Аз назари илмӣ дар таърих ва ё табиат ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҷараёни инкишоф ва пешрафт ғайриимкон ва як гуна афсонапардозии навбатии шабеҳ ба эътиқоди динӣ аст. Ба ифодаи дигар, ин равияҳо ҳам фарқи усулӣ аз ҷаҳонбинии динӣ надоранд, фақат бо ҳамин фарқ ки дар таълимоти динӣ Худо дар раъси инкишофу пешрафт меистад ва дар ин таълимотҳо бошад, Таърих ва Табиат. Таърих ва Табиат ҷойи Худоро иваз кардаанд. Дар ҷаҳонбинии динӣ қазову қадар консепсияҳое мебошанд, ки онҳоро инкишофу пешрафт дар фаҳмиши нав ҷойгузин шудаанд.
Гарчанде аз нигоҳи аввал “ҳақиқатҳои абадӣ” вуҷуд надоранд, вале ҳақиқате дар шакли таҷрибаи муштараки одамон вуҷуд дорад. Ин таҷриба тарс ва ҳамдардӣ дар рӯёрӯи хатарҳои вуҷудӣ (марг ва шаклҳои гуногуни зуҳури он) ба шумор меравад. Аз ин рӯ, шахсан худи ман методологияи омӯзишро дар асоси консепсияи бехатарии вуҷудӣ (онтологӣ) пешниҳод мекунам. Ин методология дар тафаккур ва архетипҳои фалсафӣ, ҷаҳонбиниҳои мифологӣ ва динӣ сарчашмаҳои ягона ҷустуҷӯ мекунад.
Шинохти нодурусти фалсафӣ ва аз даст рафтани мавқеи илм дар ҷомеа боиси тақвият ва густариши «тасвири динӣ-ирфонии ҷаҳон» гардидааст. Акнун “назар ба илм, дин муҳимтар ва афзалиятноктар шудааст” (16). На фақат муллоҳо, балки ҳатто худи олимон дину ирфонро “илм” мегӯянд ва дар китобҳою мақолаҳояшон исбот карданӣ мешаванд, ки “уламои динӣ” ва “илмҳои динӣ” вуҷуд доранд. Чунин номгузорӣ абсурд ва хилофи таърифи илм аст. Таърифи илм, ки муаллифи ин сатрҳо пешниҳод мекунад, ду ҷанбаи муҳим дорад, ки якеро Султон Наврӯзов чун шинохти табиӣ ва моддии воқеият, чун “шинохти адекватии падидаҳо ва қонуниятҳои ҳақиқати объективӣ” муайян мекунад (15). Тибқи назарияи бехатарии вуҷудӣ, бе ҷанбаи дуюм шинохти илмӣ асосан ба илмҳои дақиқ ва табиӣ маҳдуд мешавад, дар сурате ки “қонуниятҳои ҳақиқати объективӣ” воқеиятҳои инсонӣ ва иҷтимоиро наметавонанд ба таври “адекватӣ” ифода кунанд. Аз ин рӯ, ҷанбаи дуюми таърифи илм бевосита ба таърифи танқид марбут мешавад. Яъне илм ин шинохти хатарҳои вуҷудии инсон чун муайянкунандаи қонуниятҳои инкишофи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин хатарҳо мебошад.
Чун мувофиқи ин таъриф дин илм буда наметавонад, беақлона аст гӯем, ки “олими динӣ” ва “илми динӣ” вуҷуд дорад. Олими диншинос вуҷуд дорад, вале ӯ файласуф, ҷомеашинос, равоншинос, инсоншинос ва ё таърихшинос аст. Аммо гуфтан, ки мутакаллим, фақеҳ ва муфассир олим аст ва ҳамин гуна, фалсафаи калом, фиқҳ, тафсир, Қуръон, ҳадис, ирфон ва ё ба забони олимони динмеҳвар “улуми ислом, улуми Қуръон, улуми аҳодиси набавӣ” илм мебошанд, нодуруст аст. Чунин баҳогузорӣ хилофи таърифи илм мебошад. “Ислом чун ҳар дини дигар на “улум”, балки таълимоти эътиқодӣ аст” (100). Дар ин маврид Наврӯзов ба таври муфассал дар боби алоҳидае бо номи “Теологизатсияи илм” муҳокима меронад, ки омӯзанда аст.
Аслан мушкилии олимони гуманитарӣ дар он аст, ки худашон бо эътиқоди ибтидоии динӣ зиндагӣ мекунанд. Ба асрори азал муносибати ғуломона доранд (112), яъне бовар доранд, ки онҳоро бо омӯзиши илмӣ шинохта намешавад. Онҳо ҳатто мушкилот ва номуайяниҳои рӯзонаи ҷомеаро бо консепсияҳои динии тақдир, насиб ва қазову қадар баҳогузорӣ мекунанд. Ба қувваи маърифаткунанда ва тағйирдиҳандаи илм дар мавриди асрори азал, мушкилот ва номуайяниҳои ҷомеа бовар надоранд. Балки бовар доранд, ки ҳақиқатро танҳо ба воситаи эътиқоди динӣ ва шаҳодати ирфонӣ шинохта мешавад, дар ҳоле ки ҳазорсолаҳо бо ин афзорҳо чизе кашф нашудааст. Баръакс, ҳақиқат тиратар ва ношинохтатар мондааст. “…Бо дуои мистикӣ намешавад мардикорони тоҷикро ба Ватан баргардонд ва барои онҳо дар Ватан ҷои кор сохт” (116). Бо тафаккури динию ирфонӣ на фақат киштии яхшикан, киштии зериобӣ, киштии кайҳонӣ ва алоқаи кайҳонӣ сохта намешавад. Дар ин маврид ҷои гап нест. Балки тафаккури динӣ кашфиёти илмиро бидъат номида, олимонро гунаҳкор медонад ва ҳамин тариқ, пешрафти илмиро монеа мешавад. Боварҳои динию ирфонӣ ба догма табдил ёфта, ҳазорсолаҳо тағйир намеёбанд ва бо истифода аз зӯрии сиёсию тарси равонӣ пеши роҳи навовариҳоро мегиранд. Наврӯзов дуруст қайд мекунад, ки яке аз сабабҳои эҳёи догматизми динӣ ва таълимоти ирфонии асримиёнагӣ “танбалии маънавӣ” ва “тафаккури ибтидоӣ” (114) мебошад. Ирфон, медитатсия, нирвана ва ғайра ҳолатҳое мебошанд, ки инсон ҷисм ва ақлашро ба ҳоли худ мегузорад, онҳоро барои омӯзиши дониш ва шинохти ҳақиқат ранҷ намедиҳад. Барои диндор ва ориф “чизе пеш омад, хуш омад”. Аммо чун равони тарсолуд дорад, он чизе ба назар бадвоҳима менамояд, ҳамонро бе камтарин андеша қабул мекунад. Ҳамин гуна, илми тоҷик ба “гибриди зеҳнӣ” («интеллектуальный гибрид»), яъне гибриди илм ва эътиқод табдил меёбад (115). Нафароне, махсусан аз байни олимони гибридӣ, пайдо мешаванд ва даъво мекунанд, ки ҳамаи илмҳо дар Қуръон нуҳуфтааст (204). Ин ҳамон даъвост, ки дар оғози Ислом Умар фармуда буд, то ҳама китобҳоро дар Эрон сӯзонда, ба дарё афкананд.
Зарурати ислоҳоти илму маорифи Тоҷикистон
Чунонки дар оғоз қайд кардем, ислоҳоти гузаронда дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ислоҳоти сатҳӣ буда, аксаран характери маъмурӣ доштааст. Муҳимтарин бахши ин ислоҳоти декоративӣ ва косметикӣ муттаҳид, ҷудо ва боз муттаҳид кардани институтҳо будааст, ки аз кашокашҳои дохилии раёсати Академия ва маъмурони институтҳо реша мегирад. Агар вазъият ба ҳамин шакл давом ёбад, имкон дорад, ки дар оянда низ институтҳои муттаҳидшуда боз ҷудо шаванд, то вазифаталабон соҳиби вазифа гарданд. Дигар бахши муҳими ислоҳоти илми академӣ равонасозии маблағгузорӣ ба барномаҳои илмӣ (гурӯҳҳои таҳқиқотӣ), на ба ниҳодҳои маъмурӣ (институтҳо, марказҳо ва шуъбаҳо) мебошад, ки танҳо дар коғаз вуҷуд дорад. Дар амал бошад, ба таври куҳна аст, яъне асосан ниҳодҳои маъмурӣ ва маъмурону оқсақолон маблағгузорӣ мешаванд.
Барои ислоҳоти Академияи илмҳо олимони алоҳида пешниҳодҳои созандаи мушаххас кардаанд, вале чун зидди манфиатҳои маъмурӣ ва молиявии оқсақолони илм буданд, ин пешниҳодҳоро ҳамеша рад мекарданд. Ҳатто мегуфтанд, ки ин олимон қасди барҳам додани Академияи илмҳоро доранд. Аммо ин тавр нест. Ҳадафи ягона ва холисона аз пешниҳодҳо ислоҳоти илм ва маориф ва аз ин роҳ беҳтар кардани вазъи онҳо мебошад. Бадбахтона, ин пешниҳодҳои мушаххас, ки аз тарафи Наврӯзов ҳам баён гардидаанд, ҳеч гоҳ ба эътибор гирифта нашудаанд.
Пешниҳоди аз ҳама муҳим ҳамгироии илм ва маориф мебошад, дар ҳоле ки илм ва маориф аз якдигар дар изолятсия қарор доранд. Як сабаби асосӣ ҷудоии маъмуриятҳо, захираҳои инсонӣ ва моддию молиявии Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар мебошад. Бо ҳамин сабаб илм хеле кам маблағгузорӣ мешавад, асосан ба буҷаи давлатӣ вобаста мегардад ва барои таҳқиқотҳои бунёдӣ (озмоишӣ ва майдонӣ) имкони молиявӣ вуҷуд надорад. Ҷудоии илм ва маориф (дар ин маврид Академияи илмҳо ва донишгоҳҳо) боиси аз ҳам дур шудани назария ва амалия, таълими назариявӣ ва озмоишӣ-амалӣ мегарданд. Омӯзгорони донишгоҳҳо лексияҳои худро аз рӯи матнҳо ва донишҳои 20-30 соли пеш мегузаронанд (61-62).
Як роҳи самараноки ҳалли мушкилӣ ҳамгироии илм ва маориф аз роҳи ташкили маблағгузории муштараки ғайрибуҷавӣ ва дар марҳилаи аввал аз ҳисоби буҷаҳои шартномавии донишгоҳҳо ва захираҳои буҷавӣ ва махсуси давлатӣ ба шумор меравад. Барои коҳиши хатари фасод дар истифодаи маблағгузории муштарак, ҳамгироӣ бояд на дар сатҳи раёсатҳо ва маъмурон (Президиуми АИ ва Раёсатҳои донишгоҳҳо, институтҳо ва факултаҳо, шуъбаҳо ва кафедраҳо), балки дар байни кормандони илмӣ ва омӯзгорон сурат гиранд. Яъне, аз ҳисоби онҳо гурӯҳҳои таҳқиқотӣ ташкил ва лоиҳаҳои таҳқиқотию таълимии онҳо дар шакли бурс (грант) маблағгузорӣ шаванд. Дар ин сурат на фақат таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби маблағҳои иловагии мактабҳои илмӣ маблағгузорӣ мешавад, балки инчунин ҷараёни таҳқиқи илмӣ ва таълими донишгоҳӣ дар якҷоягӣ ба нақша гирифта мешаванд. Айни ҳол, як мушкилии асосӣ аз он иборат аст, ки барои машғул шудан ба таҳқиқоти бунёдии илмӣ корманди илмӣ наметавонад дар айни замон ба таълим ҳам машғул гардад. Чунки ҷараёни таълим чунон ба нақша гирифта шудааст, ки махсусан омӯзгорони ҷавон барои таҳқиқот вақт ёфта наметавонанд. Барои ислоҳи ин вазъ, омӯзгор бояд худаш барномаи фардиашро тартиб диҳад ва барои таҳқиқоти бунёдӣ ва такмили ихтисос соатҳо, рӯзҳо ва ҳатман ҳафтаҳою моҳҳо ҷудо карда тавонад. Барои ин интегратсияи илму маориф як роҳи асосии ҳалли мушкилӣ мебошад.
Дигар роҳи ҳалли мушкилӣ либерализатсияи ҷараёни таҳқиқи илмӣ ва таълими донишгоҳӣ мебошад. Зоҳиран системаи кредитӣ, ки тӯли чанд соли охир дар мактабҳои олии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба ҳамин хотир аст. Аммо бо сабаби нофаҳмӣ ва нодуруст ба роҳ мондани аслҳои ин система буҳрони соҳа амиқтар ва чигилтар шудааст, ки тафсилоти он мавриди баҳси дигар аст.
Ба ҳам овардани илму маориф мушкилоти бюрократизм ва “муридизм”‑и илму маорифро ҳам то андозае аз байн мебарад. Дигар зарурат намемонад, ки оқсақолони илм боқӣ монанд, ба “коҳинони илм” (209) табдил ёбанд ва тамоми захираҳои маъмурӣ ва молиявии Академияи илмҳоро монополия кунанд, онро ба чопхонаи шахсии худ табдил диҳанд ва унвонҳоро чун доми тазвири ҷавонон истифода баранд. Дар ҳеч ҷомеаи пешрафта унвонҳои беохири илмӣ вуҷуд надорад, магар дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки ҳанӯз ба системаи колониалии ВАК побанд мондаанд. Олимон бояд тамоми умр (!) ба хотири унвонҳои беохир кор кунанд, на ба хотири таҳқиқот ва кашфиёти илмӣ. Ин дар ҳолест, ки “фақат аз ҳама бештар ҳиллагарҳояшон академик ва узви вобаста мешаванд” (208). Дар чунин системае, ки Наврӯзов онро дуруст чун “протексионизм” муайян мекунад (209), оқсақолҳо соҳиби ҳама имтиёзҳои маъмурӣ ва молиявӣ ҳастанд, грантҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалиро аз худ мекунанд ва гонорарҳои якумрӣ мегиранд, новобаста ба он ки ба фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ машғул ҳастанд ё не.
Дигар ҷиҳати бисёр муҳими ислоҳоти илму маориф даст кашидан аз системаи таъйинотии кадрҳои ин соҳа ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, Президенти АИ ва ректорҳои донишгоҳҳо, директорони институтҳо, мудирони марказҳо, шуъбаҳо ва кафедраҳо набояд таъйинотӣ, балки интихоботӣ бошанд. “Ивазкунии зуд-зуди ректорон пойдории кори онҳоро халалдор мекунад. Дар ДМТ [Донишгоҳи миллии Тоҷикистон], масалан, дар муддати 13 сол 5 ректор якдигарро иваз намуданд” (81-82). Чунин муносибати авторитарӣ, ки дар ҷои дигар онро системаи парастишу вафодорӣ номида будам, аз чанд ҷиҳат ба манфиати Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар нест. Якум, чун таъйини онҳо аз иродаи як нафар (Президенти Тоҷикистон) вобаста аст, онҳо на ба донишгоҳ ва беҳбудии он масъул мешаванд, балки ба шахси таъйинкунанда вафодории худро нишон медиҳанд. Дуюм, ба маснади президенти АИ ва ректорҳои донишгоҳҳо нафароне мебиёянд, ки дар парастишу вафодорӣ дар нисбати шахси таъйинкунанда шахсиятҳои “варзида” мебошанд, аммо мутахассиси санҷидаи соҳа нестанд, вазъият ва мушкилоти муассисаҳоро намефаҳманд. Сеюм, чун ректорҳо якдигарро иваз карда меистанд, “устои ҳамакора, вале бекора” мешаванд. Аслан онҳо вақт, ҳавсала ва ҳавасмандии омӯхтан ва ҳал кардани мушкилоти муассисаҳои тобеи худро надоранд, чунки медонанд, ба зудӣ курсиро холӣ мекунанд ва дар сурати вафодорӣ нишон додан “болотар” мераванд ё аққалан ротатсия мешаванд.
Яке аз муҳимтарин бахшҳои ислоҳоти илму маориф бояд дар моҳият ва муҳтавои барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва мавзӯъҳои илмӣ сурат гирад. Муддати 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баъзе тағйироту ислоҳот дар ин самт шудааст, аммо на ба маънои мусбати он. Балки дониши ғайриилмии “архаикӣ ва ирфонӣ” ҳамчун “анъанаи миллӣ” ва “мероси маънавии миллӣ” мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва илмиро тағйир медиҳад (70). Дигар ҷиҳати носозгори барномаҳои илмӣ ва таълимӣ муҳтавои идеологии онҳо ба шумор меравад. Онҳо ба “бузургон” ва афкори догматикии онҳо бахшида шудаанд, аммо дар мавриди воқеияти имрӯзаи мо ва ҷаҳон маълумоти бисёр кам дода мешавад. Масалан, догмаҳое, ки мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва илмии фалсафаро шакл медиҳанд, аз “архетипҳо ва артефактҳои тафаккури фалсафии ҳазор соли пеш” сарчашма мегиранд (262). Ин дар ҳолест ки “фалсафа, чун дигар системаҳои рушдкунандаи дониш, ба андешаи тоза дар заминаи тоза ниёз дорад” (265). Бо ҳамин сабабҳо барномаҳо наметавонанд қобилияти таҳлилӣ ва танқидии хонандагон ва донишҷӯёнро инкишоф диҳанд. Барои беҳбудии вазъият, яъне ислоҳоти дуруст дар барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва мавзӯъҳои илмӣ мутахассисони соҳавӣ ва байнисоҳавӣ намерасанд. Зарур аст, ки сатҳи омӯзгорон ва олимони ҷавон бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқоти пайваста баланд бардошта шавад. Дар ин вазъият, Наврӯзов ҳақ аст, ки афзудани шумораи мактабҳо, омӯзгорон, хонандагон, компютерҳо, ҷорӣ кардани формаи ягонаи мактабӣ ва ба ҳамин монанд нишондиҳандаҳо кафолати ягонаи пешрафти илму маориф нест (75).
Хулоса
Дар ин мақола мушкилоти сохторӣ ва барномавии илму маориф дар Тоҷикистон, аз он ҷумла “ҷомеаи истеъмолӣ”‑и олимон, муборизаи байни кланҳо ва маҳалҳо дар илм, тарғиби арзишҳои ғайриилмӣ ва теологизатсияи илмҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти суратгирифта дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон “ислоҳоти декоративӣ” ва “бозии навбатӣ дар илм” буда, давоми мантиқии муборизаи байни кланҳо ва маҳалҳо мебошад. Ба ҷои беҳтар кардани сифати фаъолияти маъмурӣ ва эҷодӣ дар Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар, бештар ба миқдор, унвон ва зоҳир эътибор дода мешавад. Чорабиниҳои ҷашнӣ ва маъмурӣ ҷои семинару конфронсҳои илмиро гирифтаанд. Захираҳои маъмурӣ, молиявӣ ва илмии ин муассисаҳо на барои пешрафти илму маориф, балки барои муборизаҳои байни кланҳо истифода бурда мешаванд.
Олимони мо ба мероси “ниёгон” эътибори таассубомез медиҳанд, ки боиси динию хурофотӣ ва ирфонӣ шудани фаъолияти касбӣ ва эҷодии онҳо гардидааст. Онҳо дигар танқидро аслан пазируфта наметавонанд, гарчанде бе танқид рушди илм ва шинохти ҳақиқати таърихӣ ва иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Дар ин мақола ба назари танқидии профессори фалсафа Султон Наврӯзов аҳамияти хосса дода шудааст ва дар айни замон кӯшиш ба анҷом расидааст, ки таърифи танқид ва илм ба ҳам алоқаманд карда шавад. Онҳо ҳамчун шинохти хатарҳои вуҷудӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардиданд, ки ҳам хилофи таълимоти догматикии динӣ аст ва ҳам ба таърифи модернистию постмодернистии илм созгор нест. Аз ин нуқтаи назар, ҳам биниши динӣ (ҳақиқати догматикӣ), ҳам биниши модернистӣ (ҳақиқати объективӣ) ва ҳам биниши постмодернистӣ (ҳақиқатҳои плюралистӣ) маҳдуд ва яктарафа ҳастанд. Шинохти хатарҳои вуҷудии инсон чун муайянкунандаи қонуниятҳои инкишофи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ ва корбурди онҳо барои муайян кардани ҳадаф, вазифаҳо ва афзорҳои пажӯҳиши илмӣ муҳим мебошад. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, ин мақола ба фаъолиятҳои эҷодии файласуфон ва олимони гуманитарии тоҷик бархӯрд кард ва танқиди Наврӯзовро зарур ва созанда дарёфт. Бо умеди он ки маъмурон ва кормандони илму маорифи кишвар чунин арзёбии танқидиро ба манфиати ислоҳ ва пешрафти Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар дарёбанд, ин ҷо мақоларо хатм мекунам.
Бедил ва “корманди илм”
Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба Бедил баргузор гардид. Аммо агар қазияи “корманди илмӣ” намебуд, шояд бисёриҳо аз воқеияти илму дониш дар ниҳоде, ки худ ба таҳқиқи илмӣ машғул аст, огаҳ намешуданд. Хуб аст, ки як нафар он чӣ дили тангаш мехост, гуфт. Албатта, назару эҳсосе, ки ӯ ошкор кардааст, аз нодонию ҷаҳолат аст. Мисли ӯ кам нестанд, вале ба хотири чизе (тарс, манфиат…) назарашонро изҳор намекунанд. Инаш хатарноктар аст. Худи Академияи илмҳо на фақат ба як муҳити бесамар табдил ёфтааст, балки мисли саратоне аст, ки худро ошкор намекунад ва лаҳзаи кӯтоҳе пеш аз марг хуруҷ ва қурбониашро ғафлатгир мекунад. Ман инро ҳавоӣ намегӯям, ин системаро муддати қариб 20 сол аз дохилаш шинохтаам ва барои ислоҳи он кӯшишҳои беҳудае ҳам кардаам. Охирин сухане, ки раиси Академия вақти аз кор рафтанам гуфт, ин буд, ки унвони илмии ман, ки дар Олмон гирифтаам, ба талаботи илмии онҳо мувофиқ нест. Беҳтараш, унвонро аз ВАК-и Русия бигирам. Акнун мебинем, ВАК чӣ гуна тавонистааст сатҳи илмиро дар Академияи илмҳо нигоҳ дорад. Ҳоло инҳо тамоми кӯшишро ба он равона кардаанд, ки исбот кунанд, ВАК-и тоҷикӣ ба манфиати илм нест ва боиси афзоиши олимони “тасодуфӣ” мегардад. Магар айни ҳол чунин олимон нестанд?
Агар роҳбарияти Академияи илмҳо аз пайи ислоҳ мешуд, пеш аз ҳама, ба тавсия ва танқиди олимон гӯш медод. Ҳар касе танқид кард, ҳатман аз ин ниҳод бо ҳар роҳе берун карда мешавад. Адолатро на бо қасос гирифтан, балки ислоҳ кардан метавон устувор кард. Он чӣ дар робита ба “ходими илм”-и дашном (намехоҳам номашро бигирам, чунки ӯ “единственный случай” ва ё “исключение” нест) сурат мегирад, роҳи ҳалли қатъӣ нест. Як нафарро ҷазо додан метавонад бештар таъсири манфӣ дошта бошад, аз он ҷумла тарсро дар дили дигар ходимони илм меандозад. Дигарон хомӯштару эҳтиёткортар хоҳанд шуд. Аммо мушкилоти система боқӣ мемонад. Дар ошкоргӯии ин “ходими илм” аққалан ду мушкилии асосии система фош гардидааст:
Якум, ҷудоӣ ва ҳатто душманӣ дар байни илмҳо. “Ходими илм” мегӯяд, ӯ мутахассиси илмҳои дақиқ аст ва барояш фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ беаҳамият мебошанд. Ҳатто бовар дорад, ки фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ барои рушду инкишофи ҷомеа зарур нестанд. Бояд гуфт, ки ин назари фақат як нафар нест, балки дар даҳсолаҳои охир ба таври системавӣ дар зеҳни насли нав ҷо карда шуд. Дар ҳама ҷо иддао мекарданд, ки мо ба илмҳои дақиқ, техника ва технология бештар ниёз дорем. Вазорати маориф ҳам пайваста соатҳои илмҳои гуманитарӣ (мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ)-ро дар донишгоҳҳо кам мекард. Ҳам донишгоҳҳо ва ҳам Академияи илмҳо то ҳанӯз барнома, лоиҳа ва ё семинари илмие надоранд, ки байнисоҳавӣ бошанд. Ин нишонгари қафо мондани илми тоҷик аз воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Пешрафтатарин муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷаҳон лоиҳаҳо, барномаҳо, шуъбаҳо, кафедраҳо ва факултету институтҳои байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд. Финландия, ки пешрафтатарин системаи маориф дар ҷаҳон дорад, аз тадриси фаннӣ ба тадриси мавзӯӣ рӯ овардааст. Акнун фалсафа, забоншиносӣ, равоншиносӣ дар якҷоягӣ бо илмҳои табиӣ ва дақиқ (физика, химия, биология, математика, информатика) моделҳои ягонаи инкишофи ин ё он соҳаи зиндагиро месозанд. Шинохти ҳақиқат (эпистемология) низ дигар байнисоҳавӣ шудааст. Соҳаҳои таҳқиқотӣ ва омӯзишии “Омӯзишҳои рушд”, “Илмҳои зиндагӣ” ва монанди инҳо дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд. Ҳатто дар замони Шӯравӣ фанни Информатика дар мактаби миёна чун фанни байнисоҳавӣ дониста мешуд, ки қонуниятҳои мантиқ, фалсафа, забоншиносӣ, математика ва монанди инҳоро истифода мебарад. Аммо аз ин таҳаввулоти чанд даҳсолаи охир насли нави “ходимони илм” бехабар ҳастанд. Онҳо бехабар ҳастанд, ки илмҳои фалсафӣ илмҳои теологию схоластикӣ нестанд, балки қонуниятҳои умумии илмҳоро меомӯзанд. Ба ҳамин хотир, фанҳое чун фалсафаи илм, мантиқи аналитикӣ, футурология ва ғайра арзи ҳастӣ кардаанд. Фарзи мисол, барои омӯхтан ва ҳалли мушкилоти вобаста ба иқлим на фақат илмҳои табиӣ чун физикаро бояд донист, балки аз илмҳои инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳам истифода бурд ва ҳамчунин аз илми компютеру математика огоҳ буд, то модели беҳбудии иқлимро сохта, баҳри амалӣ кардан ба ҳукумат пешниҳод кард. Барои Тоҷикистон пойдорӣ ва самаранокии сохтмони НОБ-и Роғун, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва монанди инҳо бе таҳқиқот ва моделсозии байнисоҳавӣ ғайриимкон хоҳад буд. Вагарна аллакай дар аҳди охири Шӯравӣ илми байнисоҳавии экология ба вуҷуд намеомад. Ин ҳақиқати содаро на фақат “корманди илм”, балки иддае аз роҳбарони илмӣ ҳам намефаҳманд.
Дуюм, маҷбурӣ будани илм. Худи “корманди илм” эътироф кардааст, ки ӯро маҷбурӣ ва бо таҳдид ба толори Академияи илмҳо оварда буданд. Як нафар номзади илмҳои фалсафа низ чунин тарзи пур кардани толорро эътироф кардааст. Аз як ҷиҳат, ин методи роҳбарияти Академияи илмҳоро фаҳмидан мумкин аст. Онҳо медонанд, ки агар маҷбур накунанд, толор пур намешавад. Чунки мавзӯъҳои ҷашнӣ ҷолиб нестанд. Аслан мушкилӣ дар шахсият ва осори маънавие соҳибҷашнҳо, дар ин маврид Бедил нест. Мушкилӣ боз ба система бармегардад. Профессор Султон Наврӯзов дар китоби худ бо номи “Игры в науку” (китоби 1, Душанбе: Ирфон, 2012, 360 саҳ.) Академияи илмҳоро “академияи ҷашнвораҳо” (“академия юбилеев”) номидааст. Чунонки ӯ мегӯяд, фақат дар соли 2008 ҳафт конференсияи ҷашнӣ гузаронда шуда буд. Конференсияи ҷашнӣ ба ин ё он шахс бахшида шуда, аз ҳукумат маблағҳои зиёд ситонда мешавад. Мушкилии ташкили конференсияҳои илмӣ дар чунин шакл, пеш аз ҳама, дар он аст, ки масалан Бедилро ҳамагӣ як рӯз ба ёд меоранд, олимон мақолаҳои дар архив будаашонро бароварда қироат мекунанд ва иштирокдорони бо дархосту иҷбор ва таҳдид ҷамъомада гӯш мекунанд, хоб мераванд, шоҳмот бозӣ мекунанд ва бо ҳамин тамом. Қуллаи илм фатҳ мешавад. То санаи бузурги дигар. Илм чунин нест. Бахусус дар замони муосир он бояд байнисоҳавӣ бошад, мушкилоти ҷомеаро низ фаро гирад, баррасӣ кунад ва моделҳои рушд пешниҳод кунад. Аз ин нуқтаи назар, шахсият ва осори Бедил низ метавонад аҳамияти илмӣ ва байнисоҳавӣ дошта бошад. Ӯ ба мо шароити ҳамкории байниминтақавӣ ва байналмилалиро меомӯзад.
Бо вуҷуди чунин “тасодуфҳо”, бовар надорам, ки роҳбарияти илму маорифи Тоҷикистон аз пайи ҳалли мушкилот шаванд. Балки ин гуна ҳолатҳоро чун “тасодуфӣ” эълон мекунанд ва бо ҷазо додану аз муассиса рондан мушкилиро ҳалшуда эълон мекунанд ва ба зинаҳои болоии ҳукумат ҳисобот медиҳанд. Аммо ба назар намегиранд, бе ислоҳи системавӣ вазъият бадтар хоҳад шуд. Албатта, баъд аз ин “корманди илм” дар конфронси ҷашнӣ хоб намеравад, шоҳмот бозӣ намекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дашном намедиҳад, вале саратон табобат намешавад.
Дар чунин вазъият ҷазо додан роҳи ҳалли фардӣ аст. Як “корманди илм”-и дашном аз системае берун мешавад, ки худ чунин кормандонро тарбият кардааст.
(ЭЗОҲ: Гарчанде дар худи матлаб возеҳу равшан баён шудааст, бори дигар ин ҷо таъкид мекунам, ки ин матлабро на ҳамчун ҷавоб ба як нафар “корманди илм”, балки ҳамчун масъалагузорӣ дар мавриди системаи илми кишвар бипазиред. Ҳатто намехоҳам ин нафар ҷазо гирад, чунки ӯ “тасодуфӣ” нест, балки системавӣ, ҳамагонӣ ва фарогир аст. Бо ишорат ба ин як нафар ҳам навиштанӣ набудам, аммо чун огоҳ шудам, ки “ҷазо гирифтааст” ва дигаре “ронда шудааст”, ба навиштани ин матлаб даст задам. Намехостам ва намехоҳам, ки ин навишта ба зарари касе тамом шавад, чунки ӯ сабаб нест, балки симптом ва натиҷа аст. Ӯ қурбонӣ, “гӯсфанди қурбонӣ” аст, агар хоҳед чунин номаш гузорам.)
Пантуркизм дар либоси дингароӣ: илми академии тоҷик дар хизмати исломи туркӣ
(Тақриз ба китоби “Ҳикмати таҳаммул” (маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе: Ирфон. – 2014. – 364 саҳифа; ISBN 978-99975-0-110-3)
Назари Фатҳулло Гулен дар ниқоби “таҳаммулпазирӣ” равшанфикрони тоҷикро нисбат ба ташаккули ҳувияти миллӣ ва мубориза бурдан барои нигаҳдошти давлатдории миллӣ ва дунявӣ мунҳариф ва бетараф месозад. Ин гӯсфандсозии ҷомеа аст, то ки чӯпон ин рамаро ба самти дилхоҳи худ равона созад. Дар ин маврид ба самти Пантуркизм дар либоси дингароии туркӣ.
Имрӯз гурӯҳҳои муайян дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар пайи сохтани модели исломи туркӣ ҳастанд, ки “таҳаммулпазирӣ” меҳвари он дониста мешавад. Пеш аз баёни матлаб бояд гуфт, ки таҳаммулпазирӣ дар байни дину мазҳабҳо консепсияи кашфкардаи Гулен нест. Дар зери ин ниқоб исломи туркӣ, ки варианти нави Пантуркизм аст, пинҳон аст. Бо ин найрангҳо ба мардумони зери султаи худ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳанд, ки онҳо ҳамагӣ ҳамин ду роҳ доранд ва беҳтар аст, ки дуюмиро бипазиранд, вагарна хатарҳое чун Толибон ва ДИИШ онҳоро пайгир хоҳад шуд. Дар ҳоле ки инҳо низ моделҳои сохтаи дасти онҳост. Дар зери чунин фишор кишварҳои дунявиро ба давлатҳои мазҳабии туркӣ табдил ва таъсиру нуфузи сиёсии худро густариш медиҳанд. Ин аст моҳияти аслии неоколониализм ва пантуркизми навин, ки дар симои Ҳаракати Гулен зоҳир гардидааст.
Ҳаракати Гулен ба афкору ақидаҳои пешвои ин ҳаракат – Фатҳулло Гулен (Гюлен) марбут аст. Ин ҳаракат аз аввали солҳои истиқлолият ва махсусан баъди қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар охири солҳои 1990 дар Тоҷикистон фаъол гардидааст ва айни ҳол дар кишвар литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ, маркази омӯзишӣ ва як қатор марказҳои тиҷоратӣ ва сохтмонӣ дорад. Литсейҳои Ҳаракат бо номи “литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ” маъруф буда, наврасони лаёқатмандро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд, вале ба қавли Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солиёни фаъолияти худ дар тайёр кардани кадрҳои баландсавия ва махсусан олимону муҳаққиқони ҷавон бисёр кам саҳм гузоштаанд. Бо назардошти он ки Ҳаракати Гулен на фақат дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, Туркия ва дигар кишварҳои олам ба таври ошкоро ва пинҳонӣ фаъол аст, таҳқиқи илмӣ дар мавриди он бисёр муҳим ва барӯз (актуалӣ) мебошад. Мо бояд бо истифода аз усулҳои пешқадами таҳқиқотӣ ошкор намоем, ки ин Ҳаракат ба чӣ корҳо машғул аст ва дар ояндасозии ҷомеаи мо чӣ нақш дошта метавонад.
Яке аз ниҳодҳои таҳқиқотие, ки ба Ҳаракати Гулен ва афкору ақидаҳои пешвои он таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, Институти фалсафаи АИ ҶТ ва муҳаққиқони алоҳидаи соҳаҳои фалсафа мебошанд. Кормандони ин муассиса ва як қатор зиёиёни тоҷик, ки унвони номзад ва доктори илм доранд, мақолаҳо, маҷмӯаҳо ва китобҳои алоҳида дар бораи шахсият ва ақидаю афкори Фатҳулло Гулен таълиф кардаанд. Гуфтан метавон, ки омӯзиш дар ин маврид ба яке аз самтҳои асосии ба истилоҳ “таҳқиқоти фалсафӣ” табдил ёфтааст. Мутаассифона, дар бисёри маврид таҳқиқоти олимони мо характери тавсифӣ, нақлӣ, кӯркӯрона ва бе ҳеч гуна нақди илмӣ дорад. Онҳо дар мақолаҳо ва китобҳои худ шахсият ва афкори Гуленро тарғибу ташвиқ ва васф мекунанд, ки хилофи талаботи илмӣ аст. Аз рӯи талаботи илмӣ қабул шудааст, ки як нафар ва ё як гурӯҳи алоҳидаи таҳқиқотӣ як мавзӯъ ва ё як шахсиятро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳад. Аммо якуякбора машғул шудани даҳҳо нафар олимони соҳаҳои гуногун ба шахсият ва афкори Гулен характери тарғиботӣ ва идеологӣ дорад. Чунин тарзи муносибат ба объекти омӯзиш ду сабаб дорад: 1) Институти фалсафа аз ҷиҳати методологияи таҳқиқот бо ду по мелангад. Ҳар шахсият ва ақидаеро, ки олимони фалсафа мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, ба объекти парастиш ва қудсият табдил медиҳанд. Дар симои Гулен низ онҳо объекти парастиши худро сохтаанд, чуноне авом аз худову пайғамбар чунин объект месозад. 2) Чунин эҳсос мешавад, ки олимони фалсафаи мо ба Гулен ва ҳаракати ӯ алоқамандии шахсӣ доранд ва шояд аз назари молиявӣ низ аз тарафи ӯ ҳавасманд карда ва дастгирӣ меёбанд.
Бо чунин муқаддима мехоҳем дар мавриди маҷмӯаи чопкардаи 39 профессор, доктору номзади илм ва муҳаққиқи фалсафа ва дигар илмҳои тоҷик тақризе пешниҳод кунем. Мехоҳем ҷомеаи тоҷикро огоҳӣ диҳем, ки олимони мо, ки аз ҳисоби андози онҳо унвону мақом гирифтаанд ва гӯшаҳои зиндагии худро гарму обод кардаанд, ҳоло ба чӣ кор машғуланд.
Пеш аз баёни мавқеи шаҳрвандии худ дар мавриди зархариди гумоштаҳои хориҷӣ будани онҳо, мехоҳем чанд саволеро барои қазовати хонанда дар миён гузорем: Сабаби таваҷҷӯҳи олимони тоҷик ва навиштани ҷилд‑ҷилд китоб, мақола ва маҷмӯаи тавсифӣ ва ғайриилмӣ, аниқтараш тамаллуқнома дар чист? Чаро ба ҷои ин ҳама тавсифу таърифҳои хасакӣ мо шахсият ва афкори Гулен ва ҳаракати ӯро аз нуқтаи назари илмӣ намеомӯзем? Мутаассифона, ягон китоб ва мақолаи дар дастраси мо буда характери илмӣ надорад. Олимони мо ба худ савол намегузоранд, ки то чӣ андоза Ҳаракати Гулен манфиати доираҳои муайяни сиёсиро ҳимоя ва ташвиқ мекунад. Олимони тоҷик дар мавриди мамнӯъ будани Ҳаракати Гулен дар Туркия ва дар ҳудуди Федератсияи Русия бо номи “Нурҷулар” сарфи назар мекунанд? Дар кишварҳои туркзабони Узбекистон, Туркманистон ва Озарбойҷон фаъолияти литсейҳои туркии Гуленро манъ кардаанд. Аммо олимони мо дар ин бора нуктаеро ёдрас намекунанд ва таҷоҳули орифонаеро пешаи худ кардаанд.
Бо назардошти ҳамаи ин саволҳо, шубҳаҳо ва далелҳои бадастомада дар бораи фаъолиятҳои таълимӣ, фарҳангӣ, динӣ, идеологӣ ва тиҷоратии Ҳаракати Гулен, олимони мо бояд таҳқиқотҳои алоҳида гузаронанд. Ин вазифаи бевоситаи олимони соҳаи фалсафаи мо аст. Дар ин маврид олимони рус, олмонӣ ва турк аллакай таҳқиқотҳои алоҳида ба анҷом расонда, унсурҳои тундгароии Ҳаракатро ошкор кардаанд. Хадамоти иктишофии кишварҳое чун Русия ва Туркия муайян кардаанд, ки Ҳаракати Гулен дар амалҳои тундгароӣ, аз қабили интишори китобу навиштаҷоти характери бадбинии динию мазҳабӣ дошта, тарғиботи идеологияи бегона, ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба ҷангҳои ҷиҳодӣ, сохтани бомбаҳои дастсохт ва монанди инҳо низ даст дорад. Барои ҳамин, додгоҳи Русия ин Ҳаракатро ба гурӯҳҳои ифротгаро мансуб ва фаъолияти онро дар қаламрави Русия мамнӯъ карда буд. Маркази мо ин мавзӯъро омӯхта, дар як силсиламақолаи худ ошкор карда будем (“Чаро Ҳаракати Гулен ифротгаро эътироф шудааст?” (рӯзномаи Фараж, № 35‑38 (404‑407), 27 август – 17 сентябри соли 2014).
Мо дар ин ҷо таҳқиқотҳои олимони рус ва мамнӯъ шудани ҳаракатро дар қаламрави Русия ба он хотир ёдрас кардем, ки файласуфмаобони тоҷик, аз қабили Н. Одилов ва М. Раҳимов иддао мекунанд, ки гӯё Гулен бо Русия дар сатҳи баланди давлатӣ ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дорад (13). Маълум аст, ки ин дурӯғпароканӣ ба хотири сафед кардани Гулен ва ҳаракати идеологию мазҳабии ӯ мебошад. Сабаби қаробат нишон додан дар байни Гулен ва Мавлавӣ низ бо ҳамин мақсад сурат мегирад. Бо ин мақсад Н. Одилов Гуленро чун “пайрави Имоми Аъзам ва Мавлонои Рум” ва ҳатто чун “Румии асри 21” муаррафӣ мекунад (13).
Мутаассифона, як қатор ҳайати роҳбарият ва муҳаққиқони пешбари Институти фалсафаи АИ ҶТ, ба ҷои омӯхтани ин масъалаҳо ва муайян ва мушаххас кардани мавқеи Ҳаракати Гулен дар Тоҷикистон, ба тарғибу ташвиқ ва нашри ақидаҳои Ф. Гулен машғуланд. Таълимоти Гулен исломи туркӣ мебошад, ки албатта ҳеч гуна навгонӣ надошта, дар раванди ҳукумати тӯлонии туркҳои усмонӣ ташаккул ва таҳаввул ёфтааст. Сабаби таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрати Ғарб чун ИМА ба модели исломи туркӣ на ақидаи пешқадам ва ё таҳаммулпазир будани он, балки мазҳаби авом ва аз ин рӯ, нуфузи он дар байни қавмҳои туркии Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад. Муҳаққиқони Академияи илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмӣ‑таҳқиқотии Федератсияи Русия исбот кардаанд, ки маҳз ба ҳамин хотир ИМА манфиатдор аст, ки дар минтақа Ҳаракати Гулен тавсиа ёбад ва ба воситаи он таъсири худро дар муқобили Русия афзоиш диҳад.
Яъне, ин ҳаракат афзори муборизаи идеологии ИМА дар муқобили Русия аст. Барои ҳамин, ниҳодҳои идеологии ИМА бо роҳҳои гуногун эътибори байналмилалии Ҳаракати Гуленро баланд мебардоранд. Аммо файласуфи тоҷик Муҳсин Раҳимов воқеиятро таҳриф карда, мегӯяд: “Таъсири ақидаҳои навоваронаи Фатҳуллоҳ Гюлен дар ҷаҳони муосир рӯз то рӯз меафзояд” (153). Муҳсин Раҳимов ва Насиба Содиқова ӯро яке аз бузургтарин мутафаккирони асри 20 ва 21 меҳисобанд. Ба таваҷҷӯҳи ин “муҳаққиқон” маълум бод, ки Гулен на дар байни файласуфон ва на дар байни олимон ҳеҷ гуна мақоме надорад ва ҳатто ягон китоб ё мақолааш чун марҷаъ (сарчашма барои муроҷиат) дар ҳеч куҷо истифода бурда намешавад. Магар рисолати файласуфи ва равшанфикри тоҷик ҳамин гуна тарғиботи подарҳавои идеологияи бегона аст?
Дар маҷмӯаи “Ҳикмати таҳаммул” тамоми мақолаҳо характери тарғиботӣ ва ғайриилмӣ доранд. Ба ин қатор мақолаи доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Шамолов А. А. низ шомил аст. Ӯ дар аввал дар бораи вазъи ҷаҳонӣ ва кӯшишҳои абарқудратҳо барои дар зери нуфузи худ даровардани кишварҳои исломӣ сухан меронад. Аммо ӯ дар назди худ савол намегузорад, ки Фатҳулло Гулен ба ин кӯшишҳо чӣ рабте дорад. Чаро як зумра файласуфони тоҷик бо истифода аз ниҳоди муҳими давлатӣ – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, ки бояд илмҳои фалсафии тоҷикро намояндагӣ кунад, ба тарғиби як имоми масҷиди туркӣ машғул шудааст? Магар ин мояи ифтихори тоҷик аст ва ё боиси нанги ин миллати куҳанбунёд? Вақте ки ин муҳаққиқ мегӯяд: “консепсияи ба зӯроварӣ муқовимат накардан дар тафаккури ахлоқи шарқӣ решаи чуқур дорад.” ва дар ин маврид аз Гулен васф мекунад, магар ӯ фикр намекунад, ки “ба зӯроварӣ муқовимат накардан” ба чӣ маъно аст? Оё ин ба он маъност, ки дар муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир бетараф ва бепарво бошем ва ба “ҳикмати таҳаммули Ф. Гулен” такя кунем? То чӣ андоза чунин муносибат ва бархурд ба воқеият метавонад барои миллати тоҷик созгор бошад, муҳтарам профессор мавриди пурсиш қарор намедиҳад. Магар ӯ фикр намекунад, ки шояд фақат мо тоҷикон ба зӯроварӣ муқовимат намекунем ва дар ҳақиқат таърихан намекардем. Вале маҳз арабҳо ва туркҳо буданд, ки дар нисбати миллати бофарҳанги тоҷик зӯроварӣ мекарданд. Ҳар як тоҷики бо нангу номус ҳама гуна панду насиҳати туркиро дар мавриди “таҳаммулпазирӣ”‑и туркӣ дар муқобили зӯроварӣ барои худ ҳамчун масхара қабул хоҳад кард. Магар мардуми мо ниёз ба чунин насиҳат дорад, боз аз ҳамонҳое, ки худ ҳамеша зӯроварӣ мекарданд? Баъдан, мақолаи тарғиботии А. Шамолов дар охир равшан месозад, ки ӯ чӣ мехоҳад: ӯ мехоҳад қонунҳои маънавиёти диниро дар сиёсати давлатӣ ворид кунад. Ин аст пешниҳоди ходими пешбар ва директори институти идеологии Тоҷикистон. Мутаассифона, дар мақола ягон унсури таҳқиқи илмӣ дида намешавад. Адабиёте, ки дар охир номбар шудаанд, қисман аз худи Гулен ва қисман аз файласуфоне ҳастанд, ки дар дохили матн аслан истифода нашудаанд. Адабиёти дар дохили матн истифодашуда, аз он ҷумла китоби “Муколама ва таҳаммулпазирӣ”‑и Исо Томас Мишел характери тарғиботӣ‑динӣ дорад.
Тарғиботи файласуфмаобони тоҷик аз ҳаракати пантуркистии Гулен аз он иборат аст, ки ӯ гӯё мехоҳад мушкилоти “қашшоқӣ, терроризм, маҳви бесаводӣ, ақибмонии иқтисодӣ…”‑ро ҳал кунад (153). Аммо аз ин бегонапарастон пурсида мешавад, ки Гулен ба ғайр аз ҷалб ва бегона кардани ҷавонони лаёқатманди тоҷик ба воситаи литсейҳои худ ва суди тиҷоратӣ ҷустан дар Тоҷикистон чӣ кореро барои рушди ин ҷомеа кардааст? Магар литсейҳои туркӣ нестанд, ки дар “фирори мағзҳо” саҳмгузорӣ мекунанд? Магар ҳамин литсейҳо ва муассисаҳои тиҷоратии Гулен ва дигар гурӯҳҳои исломи сиёсӣ нестанд, ки дар мазҳабӣ кардани наврасон ва ҷавонони лаёқатманд саҳмгузорӣ мекунанд? Оё ин муҳаққиқон мисол оварда метавонанд, ки модели рушди Гулен дар ягон гӯшаи ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифта бошад ва ҷомеаеро аз буҳрони иқтисодӣ берун оварда бошад?
Мушкилии дигари омӯзиши кӯркӯронаи осори Гулен аз тарафи муҳаққиқони фалсафаи тоҷик, аз он ҷумла А. Шамолов ва М. Раҳимов дар он аст, ки моро аз омӯзиши мустақими фарҳанг ва фалсафаи аврупоӣ бозмедорад. Ӯ чунин ақидаеро паҳн кардааст, ки гӯё ин фарҳанг ва фалсафа сартопо “эгоистӣ” мебошад. Дар мисоли “индивидуализм” чунин эгоизмро нишон додан мехоҳад. Аввалан, ин фаҳмиши яктарафа ва сатҳии фарҳанг ва фалсафаи аврупоӣ мебошад. Дуюм, Гулен худро безор аз тамаддун ва сиёсати Ғарб нишон медиҳад, то ки бо ин найранг ва доми тазвир ба дили мусулмонон ба осонӣ роҳ ёбад. Вале агар ба таҳқиқоти олимони рус бовар кунем, ӯ бо Хадамоти иктишофии ИМА (ЦРУ) ҳамкорӣ ва барномаҳои пинҳонӣ дорад.
Дар хулоса, бояд гуфт, ки ин китоб аз ҷумлаи китобҳои аз назари идеологӣ бисёр зарарнок ва аз назари илмӣ бепоя аст. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки он аз доираи мутолиаи хонандагон ҳар чӣ зудтар бардошта шавад. Барои исботи ин мавқеи худ ба таври фишурда ин лағзиш ва нуқсонҳои мавҷуд дар китобро ба таври феҳраствор дар поён зикр менамоем:
- Мақолаҳои файласуфони мо нишон медиҳад, ки фалсафаи мо дар чӣ сатҳи риққатборе қарор дорад, ҳам аз назари илмият ва ҳам аз назари вобастагии идеологӣ. Докторону профессорони мо чӣ сатҳи ибтидоии тафаккур ва таҳқиқ доранд.
- Сӯиистифода аз номи Президенти ҶТ ба хотири на фақат сафед кардани мавқеи худ, балки ба хотири ба дигарон низ расонидан, ки нуктаҳои идеологии онҳо бо мавқеи Президент як аст. Бо ин роҳ мехоҳанд раъй ва ҳусни таваҷҷӯҳи Президентро ба худ равона кунанд.
- Н. Одилов даъво мекунад, ки литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ ҳеч гуна нияти “ким кадом як “пантуркизм”… вуҷуд надорад”. Вале даъвои ӯ дар асоси таҳқиқоти илмӣ нест, ки далелҳои мавҷударо дар мавриди пантуркистӣ ва экстремистӣ будани Ҳаракати Гулен рад намояд.
- Мақолаи Н. Одилов ва Н. Содиқова характери тарғиботӣ дорад, аз он ҷумла дар бораи шахсият ва афкори Гулен, дар бораи литсейҳо, рӯзномаи “Замон”, телевизион ва ғайра. Аммо кадом сарчашмаҳоро истифода мебаранд, нишон дода намешаванд, дар ҳоле ки асари илмӣ инро талаб мекунад. Мутаассифона, илмҳои фалсафии мо дар чунин вазъияти риққатбори методологӣ ва мазҳабмеҳварӣ қарор доранд.
- Агар ин файласуфмаобон ба талаботи илмӣ риоя кунанд, бояд, пеш аз ҳама, таҳаммулпазириро аз назари илмӣ шарҳ диҳанд ва заминаҳои таърихии онро равшан намоянд. Баъд дар мавриди Гулен татбиқ кунанд. Чунин тасаввуроте паҳн мекунанд, ки гӯё Гулен ягона нафаре мебошад, ки ин таълимотро паҳн кардааст.
- Н. Одилов иддао мекунад, ки Гулен ва шабакаҳои ӯ муқобили пантуркизм аст, вале инро бо далелҳои илмӣ нишон дода наметавонанд.
- Сарчашмаҳои истифодабурдаи олимон, аз он ҷумла Н. Одилов, Шамолов ва Н. Содиқова аксаран тарғиботӣ ҳастанд, дар ҳоле ки таҳқиқоти илмӣ бояд нуқтаи назарҳои гуногунро инъикос кунад. Дар айни ҳол, худи ҳамин сарчашмаҳои тарғиботӣ низ, ки аксаран китобҳои Гулен ҳастанд, аз тарафи ягон муаллиф мутолиа нашудаанд. Н. Содиқова дар сатри охири мақолаи худ Гуленро бо Ҳабермас муқоиса мекунад, дар ҳоле ки ошкор аст Ҳабермасро ва ҳатто Гуленро нахондааст ва ё сарсарӣ аз назар гузарондааст.
- Мақолаҳо аксаран ягон навоварии илмӣ надоранд ва дар сатҳи иншои мактаббачагон, ҳатто на донишҷӯёни курсҳои ибтидоӣ навишта шудаанд. Баёни мақсад ҳатто дар як сатр ҳам омехта аст, мисле ки аз як мавзӯъ ба мавзӯи дигар мепаранд. Ё мақолаҳоро дар соати охири кор навиштаанд ва ё аслан савияи навиштани мақола надоранд. Масалан, мақолаҳои Н. Одилов, А. Шамолов, Н. Содиқова. Аслан сатҳи илмии онҳо ҳамин аст. Аз назари имлоӣ, мақолаҳо пур аз хато ва бо услуби бисёр ноҳамвору ба табиати забони тоҷикӣ бегона навишта шудаанд. Гӯё нафароне навиштаанд, ки аслан таҳсилдида нестанд.
- Мақолаҳо, аз он ҷумла навиштаҳои Н. Содиқова ва А. Шамолов танҳо тарғиби дину мазҳаб аст, чунончи боварӣ ба ҳашр, имони комил, вобастагии озодии инсон ба имон, бартарияти рӯҳ бар ҷисму моддиёт.
- Н. Одилов таҳаммулпазирӣ гуфта, аз ҷангҳои пайғамбар мисол меорад. Дар асл, Одилов намедонад, ки бахшишу меҳрубонӣ ва гузашти душман ҳадафи тактикӣ дошт, яъне бо ин роҳ аз ҷиҳати равонӣ ҳарифонро бесилоҳ ва мутеъ мекард.
- Сартосари матлабҳо аз ривоятҳои динӣ ва гуфтаҳои Гулен иборат аст, ки дар онҳо ҳеч гуна таҳлилу баррасии илмӣ ба чашм намерасад.
Мо ба таҳлили ҳамин чанд мақолаи файласуфмаобони тоҷик иктифо мекунем ва аз назари илмӣ зарур намедонем, ки дар мавриди ҳамаи мақолаҳо гӯем. Дар кул, аксарияти онҳо ҳамин лағзишҳои номбаршударо доранд. Маҷмӯаи “Ҳикмати таҳаммул” ва дигар китобҳо ва мақолаҳои навиштаи файласуфони № 1‑и тоҷик далели бебаҳси теологизатсияи Институти фалсафа ва умуман илмҳои фалсафӣ, гуманитарӣ ва ҳатто дақиқи тоҷик аст.
Дар ҳошияи як китоби дарсии Ҷомеашиносӣ барои мактабҳои олӣ
Солҳои охир аз забони олимону муаллимони мактабҳои олӣ бисёр мешунавем, ки донишҷӯён бесаводанд, ҳатто номи худро бехато навишта наметавонанд ва ё ду карат дуро намедонанд, ки чанд мешавад. Вале як дафъа ҳам бошад, оё аз худ пурсидаем, ки саводи худи мо – олимону муаллимон дар чӣ сатҳ қарор дорад ва дар остин чӣ чиз ниҳон дорем – офтоби дониш ва ё оташи ҷаҳолат?
Як китоби дарсиеро бо номи «Сотсиология» Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон соли 2000 ба забони тоҷикӣ аз чоп баровардааст. Муаллифи он Одина Ғуломов мебошад. Азбаски худи ман ҷомеашинос (сотсиолог) мебошам, бо мақсади омӯзиш ин китобро дастрас карда мутолиа кардам. Мақсади аслии ман эродгирӣ набуд, аммо як қатор камбудиҳои дағал дар ин китоб маро ба изҳори эҳсосотам дар ҳошияи он водор кард.
Умедворам, ки муаллиф, муҳарриру муқарризон ва ҳамчунин мақомоти дахлдор, ки ин китоби дарсӣ аз зери назари онҳо гузаштааст, ба маҳсули кори худ бо назари тоза ва беғаразона муроҷиат мекунанд ва дар ислоҳи он мекӯшанд.
Ба хотири барафтодани пардаҳои торик аз рӯи ҳақиқат, инак чанд бобате, ки дар мавриди онҳо мулоҳизаҳои худро баён месозам:
Аз бесаводист ва ё аз бемасъулиятӣ?
Талаби аввалин ва оддитарин барои навиштани ҳама гуна асар, чи бадеӣ ва чи илмӣ, ин риояи қонунҳои забонӣ аст. Аммо, мутаассифона, баъзеҳо забонро бесаводона истифода мебаранд ва ин дар ҳолест, ки бо ин гуна муносибат донишҷӯёнро ҳам ба бесаводӣ ва пурхатоӣ гирифтор месозанд.
Китоби мавсуф низ сар то по аз хато ороста ёфтааст. Барои намуна саҳифаи 16-и онро ба таври тасодуфӣ интихоб карда аз назар гузаронидам. 24 хато, аз он ҷумла 13 хатои имлоӣ, 8 хатои услубӣ ва 3 хатои техникиро ба қайд гирифтам. Дар ин саҳифа 2 ҷумла аслан бе ягон рабти мантиқӣ, ки хоси забони тоҷикӣ бошад, сохта шудаанд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки таассуроти хонанда аз чунин иштибоҳоти дағал ҳамагӣ дар як саҳифаи китоби дарсӣ чӣ гуна хоҳад буд?! Касе, ки ба хондани асарҳои аз нигоҳи забонӣ бехато машғул бошад, ҳеҷ гоҳ (!) саҳифаи минбаъдаро намегардонад. Беҳтараш, ба забони бегона мутолиа мекунад, то ки хории забони модариашро ба ин ҳадди таҳқиромез набинад! Бори дигар аз якдигар пурсем, ки кадоме бесавод аст – муаллим ва ё донишҷӯ? Кӣ ба бесаводии оммавӣ сабабгор шудааст? Магар аз ин қабил муаллифон не? Вақте ки ин китоб таҳия мешуд, кӣ масъул буд, то китоби дарсӣ аққалан бехато омода гардад? Ва ё бесаводӣ боиси бемасъулиятӣ гаштааст? Саҳифаҳои дигар низ пур аз хато ҳастанд, ҳатто дағалонатар. Ҷумлаҳои зиёд бар хилофи услуби забони тоҷикӣ «сохта шудаанд»; ман ҳайронам, ки дар онҳо кадом табиати забоние нуҳуфта бошад.
Бехабарӣ аз илми муосир
Дигаронро гунаҳкор кардан, бесавод гуфтан ва бехабару ҳаваскор номидан осонтар аз он аст, ки ба худ машғул шавӣ ва пеш аз ҳама камбудиҳои худро аз назари таҳқиқ гузаронӣ. Дар чанд ҷои ин китоби дарсӣ ба сотсиологҳои ҳаваскор сангандозӣ карда мешавад, ки онҳо гӯё аз таърихи ин илм, аз сарчашмаҳо ва аз вазъи ҳозираи инкишофи он бехабаранд. Ин гуна эродгирӣ шояд то ҳадде дуруст бошад. Аммо мушкилоту камбудие, ки айни ҳол ҷо доранд, бесабаб нестанд. Дар даврони Шӯравӣ ихтисоси сотсиология дар мактабҳои олии Тоҷикистон вуҷуд надошт. Чанд нафаре, ки дар шаҳрҳои марказӣ таҳсил гирифта буданд, мутаассифона, бо сабаби маҳдудиятҳои идеологӣ сотсиологияро бо маънои томаш намеомӯхтанд. Онҳо фақат аз рӯи мактаби функсионализми шӯравӣ (марксизм-ленинизм) таълим мегирифтанд. Ба онҳо мефаҳмонданд, ки нақши инсон дар инкишофи таърихӣ ва ҷамъиятӣ ночиз аст, балки муносибатҳои истеҳсолиро дар ин маврид омили асосӣ медонистанд. Бо ҳамин роҳ андешаи донишҷӯёнро бо афсонаи детерминизми иқтисодӣ банд мекарданд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҷомеашиносӣ (сотсиология)-и русу тоҷик банди чунин «ҳақиқатҳо» мондааст.
Муаллифи китоби номбурда даъво мекунад, ки аз таъриху сарчашма, ғоя ва маромҳои асосии сотсиология огоҳӣ дорад. Ин тавр нест! Агар огоҳӣ медошт, ба ғайр аз консепсияи детерминизми иқтисодӣ, ки гаштаву баргашта ба он рӯ меорад, аз дигар консепсияҳо низ ёдовар мешуд. Сарчашмаҳои илмӣ ва ҷараёнҳои фикриро баён мекард. Онгоҳ, хонандаи китоб дармеёфт, ки сотсиология ҳамагӣ иборат аз тавсифи маҳдуди функсионалистӣ нест. Ба ғайр аз ин, дар асрҳои 19-20 мактабҳои бешумори эпистемологӣ ва методологӣ ба миён омаданд, дар ҳоле ки ягонтои он дар китоб аққалан ёдрас нашудааст. Бояд қайд кард, ки онҳо дар пешбурди илми муосири сотсиология саҳми ҷиддӣ гузоштаанд ва муҳимтарини онҳо ба таври зеранд:
- Сотсиологияи шаклии Ҷорҷ Зиммел;
- Сотсиологияи фаҳмиш – асосгузораш Макс Вебер;
- Сотсиологияи дониш – асосгузораш Карл Маннҳайм;
- Сотсиологияи ҷараёномӯзӣ – Норберт Элиас;
- Сотсиологияи феноменологӣ – Шутс, Гарфинкел;
- Танқиди иҷтимоӣ – Мактаби Франкфурт;
- Назарияҳои фаъолият – Вебер, Шутс, Ҳабермас ва ғайра.
Китоби дарсӣ аз ҷиҳати методологӣ ҳам сахт махдуд ва заиф мебошад. Аз ин нуқтаи назар, бар хилофи тасаввуроти муаллиф, сотсиология аз оморшиносӣ (статистика) фарқи ҷиддӣ дорад. Сотсиология илми сифат аст на миқдор ва сифат на ҳамеша ҳосили мутлақи миқдор аст. Тарзи ба даст овардани маълумот бо роҳи оморӣ ҳамагӣ як марҳилаи ибтидоии кори илмӣ аст. Баъд аз он ки дар ин китоби дарсӣ қисмати вобаста ба Методологияро аз назар гузаронидам, ба чунин хулоса расидам, ки муаллиф аз методологияи нави илмӣ дар соҳаи сотсиология огаҳ нест. Ва ин камбудии андак ҳам нест! Биёед як дида бароем, ки аз ҷумла кадом методологияҳои навтарин вуҷуд доранд:
- Методи тадқиқи фаъолият;
- Методологияи этнографияи коммуникативӣ;
- Омӯзиши ҳодисаи алоҳида;
- Мушоҳида зимни иштироки фаъолона;
- Баёни сабабӣ;
- Герменевтика;
- Таҳлили бисёргуна ва таҳлили ҷамъӣ;
- Таҳлили мундариҷа;
- Этнометодология ва таҳлили гуфтугӯӣ;
- Фалсификатсионизм;
- Методи эксперименталӣ;
- Таҳлили омил;
- Сотсиологияи ҳаёти ҳаррӯза;
- Сотсиологияи феноменологӣ;
- Методи драматургӣ;
- Методи деконструктивӣ;
- Таҳлили дискурс ва ғайра.
Бояд қайд кард, ки аз рӯи фаҳмиши муосир сарчашмаҳои шинохти объекти омӯзиш дар сотсиология гуногунанд ва вобаста ба ҳар кадоми ин сарчашмаҳо методи тадқиқот низ тағйир меёбад. Масалан, корбарандагони методи герменевтикаи илмӣ мегӯянд, ки ҳар як матн дар мазмуни худ мӯҳтавои иҷтимоии хосеро нуҳуфтааст. Бинобар ин шинохти асолати матн ба шинохти мӯҳтавои он мусоидат мекунад. Ё худ Карл Маннҳайм ва пайравони мактаби ӯ тасдиқ мекунанд, ки ҷаҳони воқеии атрофи мо иборат аз маъноҳое мебошад, ки зимни фаъолияти маънавии инсон ташаккул ёфтаанд. Аз ин рӯ, агар худи ҷаҳони моддӣ ба мо қисман бегона ҳам бошад, воқеияти таърихӣ ва иҷтимоии онро худи мо ба вуҷуд овардаем. Аз ин нуқтаи назар, ҷустуҷӯи консепсияҳои инсонии барпошавии воқеияти иҷтимоӣ асли методологияи сотсиологияи донишро ташкил додааст. Ин гуна биниш ба сотсиологияи фаҳмиши Макс Вебер ва ба як қатор назарияҳои фаъолият низ хос аст. Ба ҳамин минвол, метавон мисолҳои бисёре овард.
Аз нигоҳи ҳақиқатшиносӣ (эпистемологӣ) низ китоб заиф аст. Аввалан, ҳеҷ гуна маълумоти кофӣ ва қонеъкунанда, чи дар мавриди таърихи афкори иҷтимоӣ ва чӣ дар мавриди назарияи иҷтимоӣ, дода нашудааст. Дигар ин, ки аксарияти мавзӯъҳои консептуалӣ барғалат таъриф ва баҳо дода шадаанд. Сотсиологияи имрӯза аз ин гуна тасаввуроти примитивӣ дар мавриди инсон, ҷомеа ва қонуниятҳои мавҷудияти онҳо фарсахҳо пеш рафтааст. Дар китоби мазкур бошад, ҳанӯз ҳам масъалаҳои аҳамиятноки ҳақиқатшиносӣ ба тариқи кӯҳна ва яктарафа баррасӣ гаштаанд.
Баёни ақидаҳои иҷтимоии мутафаккирони форсу тоҷик низ сатҳӣ ва маҳдуд сурат гирифтааст. Муаллиф мекӯшад, ки бо тарозуи болшевикӣ на фақат афкори донишмандони тоҷик балки илму дониши ҷаҳониёнро низ мавриди санҷиш қарор диҳад. Аксарияти донишмандони аврупоӣ ба хулоса расидаанд, ки сахттарин иштибоҳи илм аз он иборат аст, ки он дар хизмати идеология ва ё манфиати гузарон қарор гирад, дар натиҷа, манфиатҳои ростини инсониро зери по кунад.
Як нуктаи дигар шигифтовар аст, ки нафароне худро донишманд меҳисобанд ва ба шогирдон дарси «маърифат» медиҳанд, дар ҳоле ки на фақат аз муҳимтарин сарчашмаҳои илмӣ бехабаранд, балки ҳатто номи онҳоро дуруст навишта наметавонанд. Шояд «илми» маҳдудтар аз манфиатҳои инсонӣ ин ҷиҳатҳоро фазилат донад, аммо илми асил бар ин гуна пояҳои ноустувор наметавонад истеҳком ёбад.
Дар охир, як масъалаи дигар бояд ёдрас карда шавад, ки марбут ба сифати чопи китоби дарсӣ аст. Орзумандем, ки минбаъд ҳам ба сифати мазмун ва ҳам ба сифати чопи китоб диққат дода мешавад ва донишҷӯёни мо аз хондани китоб на бесавод балки босавод мегарданд.
Илм ва хурофот
(Тақриз ба китоби “Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам”, таълифи Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр)
I – Муқаддима
Соли 2000 пажӯҳишгари ҷавони тоҷик Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Бузургмеҳр) китобе бо номи “Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам” дар Интишороти “Нодир”-и ш. Душанбе чоп кард.
Пеш аз баёни матлаб як нуктаро ошкор бояд кард, ки асари мазкур мебоист бо шеваи илмӣ навишта мешуд. Аммо, мутаасифона, китоб, чи аз назари методологӣ ва чи аз назари мавзӯъгузорӣ, ба китоби илмӣ кам монандӣ дорад. Он бештар ба китоби таблиғотӣ шабеҳ буда, дар ҷодаи илм ноустувор будани як зумра намояндаҳои илмро намоён месозад. Ин гуна намояндаҳо Абдулҳай Комилӣ, Шерзод Абдуллозода, Ҳоҷӣ Мулло Зайнуддини Набот ва худи муаллиф Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр мебошанд. Рӯйхати пурраи олимонеро, ки дар нашри ин асар мусоидат кардаанд, муаллифи китоб дар саҳифаҳои 24-26 меорад.
Инак, мегузарем ба баёни матлаб.
Ба ҳар сурат, чанд нақде, ки аз ин китоб гирифта мешавад, ба хотири пешрафти кор аст, на ба хотири пеши роҳи ҷараёни омӯзиши мероси ниёгонро гирифтан. Аз ин ҷиҳат нависандаи китобро таҳният мегӯем, ки дар ин кор аз худ садоқат нишон доданист.
II – Асаре илмӣ ё таблиғотӣ?
Бори дигар бояд қайд кард, ки китоби мазкур бештар аҳамияти тарғиботӣ-динӣ дорад, на илмӣ-танқидӣ. Мутаасифона, на муаллиф ва на саҳмгузорони ин таълиф ҷуръате надоранд, ки дар таҳқиқ талаботҳои илмиро риоя кунанд ва ба ҳар як санад ё нақл назари танқидӣ изҳор намоянд. Дар охири китоб 117 сарчашма номбар шудааст, аммо дар рафти омӯзиш фақат аз чандтои онҳо истифода бурда шудааст. Ин гуна муносибат, аз нигоҳи илмӣ, ҳатман шубҳа ба эътимоднокии далелҳои оварда эҷод менамояд. Масалан, дар ҳар як боб аз сарчашмаҳои маҳдуд ва алоҳида истифода бурда шудааст. Аз ҳама бештар “Маноқиби Имоми Аъзам”-и Мавлавӣ Аллома, “Имоми Аъзам Абуҳанифа (р) – донишманди илми калом”-и Иноятуллоҳ Иблоғ, “Салоти Масъудӣ” ва нисбатан кам андар кам аз 10-15 сарчашмаи дигар аз байни 117 сарчашма мавриди истифода қарор гирифтаанд. Қариб 100 сарчашма дар ин омӯзиш бевосита баррасӣ нагардидаанд. Аммо дар ин ҷо на худи омор (статистика) балки тарз ва мақсади истифода аз сарчашма муҳим аст. Беш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар аксари маврид санад ва нақлҳои сарчашмаҳо тасдиқ ва қабул карда шудаанд, бе ҳеҷ гуна таҳлили муқоисавӣ ва танқидӣ. Ин хилофи талаботи илмӣ мебошад. Муаллиф дар ду бахши ҷиддии асари худ, ки яке “Мероси илмии Имоми Аъзам …” (саҳ. 55-114) ва дигаре дар мавриди “ситоиши Имом Аъзам…” ва ғайра (аз саҳифаи 145 то саҳифаи 198) мебошанд, асосан аз ду сарчашма истифода мекунад: якум, аз асари Иноятуллоҳ Иблоғ – “Имоми Аъзам…” (200 саҳифа) зиёда аз 54 маротиба дар саҳифаҳои 55-144 ва дуюм, аз “Маноқиби Имоми Аъзам” (саҳ. 3-158) зиёда аз 42 маротиба дар саҳифаҳои 145-198. Дар мавриди бахши дигари китоб “Шахсияти Имоми Аъзам…” (саҳ.115-144) низ асосан аз китоби Иноятуллоҳ Иблоғ истифода шудааст. Аслан ин тарзи истифода дар ҳеҷ илме вуҷуд надорад, дар ҳоле ки матнҳои ин ду сарчашма, ки иборат аз ривоятҳои асримиёнагӣ ва берун аз ҳақиқатанд, бе ҳеҷ гуна таҳлил кӯчонда шудаанд. Дар ҷузъи асосии китоб аз саҳифаи 55 то саҳифаи 198, ки асосан дар мавриди шахсият ва мероси маънавии Имоми Аъзам мебошад, қариб ҳеҷ гуна ҷустуҷӯ ва таҳлили илмӣ дучор намешавад. Муаллиф афсонаҳои гуфтаи дигаронро такрор мекунад ва гӯё бо ин метавонад хонандаро мутмаин гардонад.
III – Нақли афсона ва ё ботил кардани он?
Дар ҳамин ҷо ҷиҳати методологии асарро як сӯ мегузорем ва рӯ меорем ба мазмун ва моҳияти илмӣ ва маънавии он. Аслан ба навиштани ин ҷавоб чаро даст задам? Чанде пештар бо як нафар марди рустоӣ сӯҳбат доштем ва ӯ гӯшрас кард, ки чунин китобе ба дасти ман афтид ва онро хондам. Китоб ҳеҷ чизи нав надорад. Танҳо ривоятҳоеро нақл мекунад, ки мо низ онҳоро медонем…
Пас, саволе дар андешаи ман пайдо шуд, ки магар кори донишманди муҳаққиқ ҳамин қадар аст? Магар ҳадафи ӯ нақли афсона аст ва ё ботил кардани он? Магар равшанфикрӣ ва рӯшангарӣ ҳамагӣ мафҳумҳои бебунёданд? Инак, дар партави ин пурсишҳо мепардозем ба нақди нуктаҳои муҳимтарини китоби мавриди баррасӣ.
1) Муаллиф дар боби “Бо баҳонаи пешгуфтор” дар саҳифаи 10 мегӯяд, ки “аз паи пирони хирад роҳ паймоем” ва “ба таърихи пурфарози асли худ назар афканем”. Аз худи ҳамин оғоз маълум аст, ки таърихи гузашта ва мероси маънавии он барои муаллиф муқаддас мебошанд. Аз ин рӯ, рӯҳияи нависандаи китоб рӯҳияи олимона нест, ӯ наметавонад ба «пирони хирад» чун Имоми Аъзам бо назари танқиди илмӣ нигоҳ кунад. Муаллиф наметавонад дар ҷараёни таърихӣ баробари баландӣ пастӣ ҳам бинад, баробари асл беаслӣ ҳам бинад. Мутаассифона, иштибоҳ аз ҳамин гуна нигоҳи иштибоҳӣ ба таърих ва парастиши ноҷои “пирони хирад” оғоз мегардад.
2) Бузургмеҳр дар боби “Даричае рӯ ба мавзӯъ” (саҳ. 11-27) мекӯшад то ба исбот расонад, ки Имоми Аъзам шайхи хонақоҳӣ набуд (саҳ. 21) ва таълимоту афкораш пешқадам ва прогрессивӣ буданд (саҳ. 20). Нависанда мегӯяд, ки ӯ форсиасл буд ва аз ин рӯ барояш донишу маърифат муқаддас буд. Боз ҳам мутаассифона, Бузургмеҳр аз ихтилофи донишу маърифати илмӣ бо донишу маърифати динӣ ёдовар намешавад, балки донишу маърифатро маҳдуд ба дин мегардонад. Аммо ҳақиқати ҳол билкул дигар аст. Шояд “нажоди ориёӣ дарк ва эҳсос кардаанд, ки донишу маърифат, ин ҳамон нури нурзиёи эҷодист, ки маҳз тавассути он метавон дунёро ва Офаридгорро шинохт” (саҳ. 11). Аммо имрӯз ҳар инсони пешрафта дарк кардааст, ки дониш ҳам мисли офаридгори он – инсон – хокист ва бо роҳи таҷрибӣ ба даст меояд, на бо дигар роҳ. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои дониши фалсафӣ ва маънавии муосир арҷ гузоштани ҷаҳони моддие мебошад, ки одамонро иҳота кардааст ва одамон ҳам як ҷузъи таркибии он ба шумор мераванд. Вале мувофиқи тасаввуроти иртиҷоӣ, ин ҷаҳон “ҷаҳони торику пурғавғо ва пуршӯру шари инсонҳои хокӣ” (саҳ. 11) номида мешавад. Боварии фалсафии имрӯза ба ин натиҷа расидааст, ки ин ҷаҳон метавонад аз ҳисоби зиндагии инсонӣ равшан, нек ва пурмаъно бошад. Фалсафаи муосир фалсафаи оптимистист, на пессимистӣ. Дар ҳақиқат, илми муосир ба ҳар гуна амалу падидаҳои фавқулодда чун каромот ва монанди ин мӯъҷизот бо шубҳа назар мекунад, чунки далелҳои устувор ҳанӯз вуҷуд надоранд, ки ҳақиқат будани онҳо исбот шавад. Аммо чунин назар дар навбати худ асосҳои ҷиддӣ дар ихтиёр дорад. Барои дарки онҳо чашми бино ва ҳуши расо доштан лозим аст.
Чун одат, барои бузургии як касро исбот кардан амале ба ӯ нисбат дода мешавад, ки барои иҷрои он одами оддӣ қодир буда наметавонад. Аммо баъзан маддоҳон дар мансуб кардани амале аз ҳадди эътидол мегузаранд, дигар бо ченакҳои макону замон ва ҳаракати табиӣ ҳисоб намекунанд, то ки дигаронро бовар кунонанд, ки бузургӣ ҳад надорад ва бо ақли одам фаҳм карда намешавад. Дар асл ин гуна бузургӣ фақат дар сухан вуҷуд дорад, дар амал вуҷуд надорад. Ба ин монанд, гӯё Имоми Аъзам “дар як шабонарӯз ҳазор ракъат намоз мегузорид” (саҳ. 21). Ва ё: “…дар моҳи мубораки Рамазон шаст бор хатми “Қуръон”-и шариф мекард, хатме дар шаб ва хатме дар рӯз…” (саҳ. 124). Ва ё: “…муддати чиҳилу панҷ сол намозҳои хамса, яъне панҷгонаро ба як вуқӯъ (таҳорат) адо намуда ва Қуръони каримро дар як ракаъат хатм мекард” (саҳ. 137). Ва ё: “Имоми Аъзам чиҳил сол намози субҳро бо вузӯ (таҳорат)-и ъишо (хуфтан) хонданд…” (саҳ. 171). Ва ё: “Ва Ибни Мусаъар илова мекунад, ки: ‘Баъдан ӯро ҳеҷ гоҳ надидам, ки рӯзе чизе бихӯрад ва ё шаб бихобад, ӯ бешак мӯъҷизае буд’” (саҳ. 138). Ва ё: “Абӯюсуфи Яъқуб гуфт: ‘Нуздаҳ сол дар хидмати вай будам, дар ин нуздаҳ сол намози бомдод ба таҳорати намози хуфтан гузорид’” (саҳ. 140). Ва ё: “Довуди Той гуфт: ‘Бист сол… аз барои истироҳат пой боре дароз накард…’” (саҳ. 141). Ва ё: “Ва аз Алӣ ибни Осим (р.) ривоят шудааст, ки гуфт: ‘Агар ақли Абӯҳанифаро бо ақли нисфи аҳли Замин вазн мекарданд, қатъан ақли вай бар ақли онон бартарӣ меёфт’” (саҳ. 153). Ва ё: “Язид ибни Лайс… гуфт: ‘…Ва чароғе, ки рӯғани он шомгоҳон рӯ ба итмом буд, то “Бомдод” медурахшид (ин аз каромоти Имоми Аъзам (р.) буд, ки Худованд ба ӯ дода, С.Б.Б.)…’” (саҳ. 176).
3) Дар боби дигар бо номи “Дурахши Ахтари тобон” (саҳ. 27) муаллиф аз Ҳофиз илҳом мегирад, то ки “фалакро сақф бишкофему” баъд дар он “тарҳи нав дарандозем” (саҳ. 40). Аммо чӣ гуна? – ноогоҳона ба худ савол мегузорад ӯ. Барои амалӣ кардани ин шиор Бузургмеҳр чор пешниҳод дорад:
Якум, эҳтироми таърих.
Инкори таърих гуноҳи азим аст, эҳтироми он баробар бо эҳтироми волидон аст. Дар гузашта ҳамеша некӣ бояд ҷӯст. Беҳтарин амалу корнома ва хирадномаҳо дар гузашта офарида шудаанд. Агар мо хилофи ин талаботи таърих равем, мегӯяд ӯ, таърих моро намебахшад (саҳ. 40). Мутаассифона, ин пешниҳоди Бузургмеҳр кор намеояд. Он бояд дар даврае гуфта мешуд, ки инсоният нав аз ҷангал дур мешуд, нав ба тамаддуни башарӣ рӯ меовард. Ҳамеша бо эҳтироми гузашта зистан, некиро дар гузашта ҷӯстан, ба қаҳрамонҳои афсонавӣ дил бохтан ва аз панднома ва таҷрибаи рӯзгори онҳо ибрат гирифтан қонунҳои ҷангалӣ мебошанд, дигар ҳайвонот ҳам аз рӯи чунин қонунҳо ҷамъияти худро сохтаанд. Ба ҷои эҳтироми таърих назари объективӣ ва хунсардона ба он лозим аст, то гузаштаи таърихӣ дигар ба ояндаи мо табдил наёбад.
Дуюм, зани порсо чун модари Имоми Аъзам.
Аммо Бузургмеҳр вақте дар ду саҳифа (29-30) ин ривоятро меорад, як зане тасвир мешавад, ки ба чиз баробар аст, агар дар ихтиёри волидон аст ва ба ғулом баробар аст, агар дар ихтиёри шавҳар аст. Мутаассифона, ғайриимкон хоҳад буд ҷаҳонро тағйир додан, дар ҳоле ки зан чизу ғулом дониста мешавад.
Сеюм, инсони комил дар симои Имоми Аъзам.
Ин барнома иборат аст аз баргузидани Имоми Аъзам чун шахсияте, ки аз ҳар кас болотар гузошта шавад. Ӯ инсони комил ва нотакрор буд, вале ҳама бояд бикӯшанд, ки заррае ба ӯ монанд шаванд. Ҳамеша дар тоату ибодат бошанд, вале ҳеҷ гоҳ аз худ напурсанд, ки барои чӣ ва кӣ чунин мекунанд. Ҳамеша тавба аз он кунанд, ки бандаҳои гунаҳкор ва бадасл мебошанд, чуноне ки Имоми Аъзам чунин мекард. Дар ҳоле ки ҳама бояд бикӯшанд то заррае ба Имоми Аъзам монандӣ пайдо кунанд. Худи Имоми Аъзам ба мисли Худо аз чунин монандӣ, ҳатто агар зоҳирӣ ҳам бошад, безор аст. Ҳатто номашро намехоҳад дигарон дошта бошанд. Ӯ мехоҳад ягона ва нотакрор бошад. Ин гуна барнома низ дигар ба кор намеояд. Ба саркарда итоат кардан, ӯро дӯст доштан, бо ягон сифати ӯ монандӣ дар худ ҷӯстан, барои ӯ ҷоннисорӣ кардан… аз сифатҳои одамони ибтидоӣ буданд, ки дар зери хатари нобудшавӣ аз ҳуҷуми одамон ва ҳайвонҳои дарранда ба қабилаҳо муттаҳид мешуданд ва бо ин роҳ дар зери итоати сардори қабилаҳои худ медаромаданд. Ин гуна қабилаҳо даҳҳо ҳазор сол пеш вуҷуд доштанд ва сардоре чун Имоми Аъзам, чуноне ки дар ривоятҳо тасвир карда мешавад, дар он давра метавонист қурб дошта бошад.
Чорум, ҷаҳонгирӣ, чуноне ки пешвоёни динӣ мекарданд.
Ин пешниҳод бошад чунин садо медиҳад: “Ҷаҳонро… фатҳ бояд кард, [аммо] на ба асойи чӯпонӣ…” (саҳ. 40). Аммо чӣ гуна метавон ба ин пешниҳод розӣ шуд, дар ҳоле ки аксарияти пайғамбарону пешвоёни динӣ, ки ҷаҳони замони худро фатҳ мекарданд, ё дар асл чӯпон буданд ва ё баъдтар чӯпон шуда буданд.
Бузургмеҳр дар боби “Дар баёни расидани амонати Ҳазрати Расулуллоҳ (с.) (саҳ. 41) чанд матлаберо изҳор кардааст, ки аз нигоҳи имрӯза иртиҷоӣ мебошанд, пеш аз ҳама, ин ду масъалаи зер: якум, ба гуфти Расули акрам (с.), мегӯяд муаллиф, “Ихтилоф ва саркашӣ (дар Ислом) овардан кофирист.” (саҳ. 49) Бале, дар ҳақиқат аз нигоҳи Ислом ва ҳар дини дигари сиёсӣ “ихтилоф ва саркашӣ кофирист”.
Дар саҳифаи 53-и ин боб Бузургмеҳр мавзӯи иртиботи “имон” бо “амал”-ро баён менамояд. Дуруст аст, ки мазҳаби Ҳанафии Имоми Аъзам бар ин иртиботот асос ёфтааст, яъне имон аз амал бармехезад, аз ин рӯ, амали бештар далели устувории бештари имон мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, омили тарс низ чун омили мусбат дар эътиқоди динии Ҳанафӣ қабул карда мешавад. Аммо муҳаққиқи мавзӯъ ба ин ҷиҳати нозуки имон диққат намедиҳад. Боварие, ки бар асоси тарс (аз ҷамоа, аз охират…) бошад, на бар асоси андешаи солими фалсафӣ, наметавонад дигар пойдор бошад. Аммо донишмандони мо ҳанӯз ҳам намехоҳанд ин ҳақиқатро дарк кунанд.
IV – Дифоъ аз илм ё инкори он (?)
Оё манзури худи Бузургмеҳр дар мавриди илм ва ҳақиқат чӣ аст: таҳқиқи олимона ва ё ҳушдор додан аз ҷазо барои чунин ҷурм? Мутаассифона, аз мавқеи Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр бармеояд, ки ӯ аз мавқеи “сайидӣ” баромад карда истодааст, на аз мавқеи “муҳаққиқӣ”. Муаллиф дар асари худ нуктаҳоеро хотирнишон мекунад ва ҳатто бо эҳсосоти баланд баён менамояд, ки як навъ сӯиқасд ба илми муосир ва таҳқиқи илмӣ мебошанд. Муҳимтарин нуктаҳо ба таври зайланд:
1) Нависандаи китоб дар мавриди ҳикмати Юнони Қадим, ки фалсафа ва илми имрӯза бар он асос ёфтааст, чунин мегӯяд: “Ин ихтилофоти дохилӣ [дар Ислом] нақшу асари бади худро дар тарзи тафаккур ва андешаи иддае аз мардумон гузошт. Чуноне ки маълум аст, ҳатто баъзе уламо Қуръони Маҷид ва Ҳадисро яксӯ гузошта, ба тадрис ва интишори илми ҳикмат, яъне фалсафаи сохта ва бофта ва бебунёди юнониҳои ҳазорхудо /наъузубиллоҳ/ пардохтанд.” (саҳ. 200). Ин гуна сӯиқасди ноинсофона аллакай дар асрҳои миёна зимни мухолифат дар байни аҳли илм ва дин ба миён омада буд. Ин мухолифат ба ғалабаи мутакаллимин анҷом ёфта буд, чунки сиёсатмадорони давр низ тарафдорони онҳо буданд ва ҳар ҷо аҳли илмро ба куфру бидъат муттаҳам ва таъқиб мекарданд.
2) Муаллиф дар саҳифаи 74 “бидъат”-ро бебунёд, бесобиқа ва бурҳони подарҳаво меномад. Ҳол он ки барои илми муосир бидъат як талаби муҳим ва марказии пажӯҳиш аст. Барои илми муосир савоб аст, ки ҳама гуна ҳақиқатҳои то ҳанӯз қабулгардида ботил карда шаванд, агар дар асл онҳо мӯътамад нестанд. Аммо қонуни дин хилофи ин талаб аст. Дин наметавонад ҳар навовариро ҳазм кунад, чунки бо чунин навоварӣ асосҳои худи дин дар зери хатари ботилшавӣ мемонанд.
3) Бузургмеҳр дар саҳифаи 78 меорад: “Илми Худованд монанди илми мо… нест…” Ин гуна тарзи масъалагузорӣ ҳам як навъ сӯиқасд бар зидди илм мебошад, ки боиси пешрафти кору зиндагии инсонӣ дар ин ҷаҳон мебошад. Муаллиф огоҳона ё ноогоҳона динро куллан хилофи илм мегузорад ва оқибаташ маълум аст, ки ба чӣ метавонад анҷомад.
4) “…танҳо маърифат имон нест…” (саҳ. 80) Аммо фалсафаи имрӯза дар боби маърифат чӣ мегӯяд. Он амалро ҷузъи таркибии ҷараёни маърифат медонад, чунки маърифат худ амали субъект на фақат барои шинохти ҳақиқат балки барои амалан татбиқ кардани он аст. Аммо аз рӯи ҷаҳонбинии мазҳаби суннии Ислом амал ҳамеша аз имон ҷудо аст ва аз ин рӯ на ҳамеша кирдору пиндори марди суннимазҳаб ба ҳам мувофиқат мекунанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мутакаллимин ба ин натиҷа расидаанд, ки “Пас агар [мусулмон] бигӯяд: ‘Ба ин оёт имон дорам, аммо тафсири онро намедонам, кофир намешавад.’” (саҳ. 83)
5) “…ҳақоиқи пинҳон ба тариқе фавқуттабиӣ ба инсон ворид мешавад…” (саҳ. 86) Аммо илми муосир ин гуна асиларо рад мекунад, балки ҳақоиқи ноошкор танҳо бо роҳи мушоҳидаи таҷрибӣ ошкор мешаванд.
6) “…Ва дар пайи чизе мабош, ки онро намедонӣ…” (саҳ. 91). Ин асила низ хилофи илми имрӯза аст, баръакс, он пайваста дар ҷустуҷӯи ҳақиқатҳои нав мебошад.
7) Бузургмеҳр аз номи Имоми Аъзам меорад, ки “…дар ҳамаи илмҳое, ки шурӯъ кардам, чун тааммул кардам, дар ҳар яке офате дидам [ба ғайри фиқҳ]… Аввал илми тибб шурӯъ кардам… ки дар вай таносоӣ ва манфиати дунёст… тиб ҳирфаи тарсоён аст.” (саҳ. 117-8). Магар бо ин моро даъват мекунанд, ки аз илмҳои муҳиме чун тибб даст кашем?!
8) “…Ва дигар дар илми мунозира муболиға накардам, ки дар вай пирозорист ва хато бувад пиронро озурдан…” (саҳ. 118) Мутаассифона, ин гуна муносибат наметавонад боиси пешрафти илм бошад. Ҳақиқат метавонад талх бошад ва аз он ҷумла пиронро ҳам озорад. Ба ин илм хунсардона сару кор мегирад ва парво надорад, ки кӣ меранҷад…
9) Барои илми муосир дар кулл ҳама гуна мушкилӣ дер ё зуд ҳалли худро меёбад. Ин гуна рӯҳи оптимистии хирадгароӣ (ақлгароӣ=ратсионализм) тасдиқи худро тадриҷан дар амал меёбад. Аммо биниши эътиқодӣ хилофи ин асила мебошад. “Ва чун ҳалли масъалае бар вай (Абӯҳанифа) душвор ва печида мешуд, рӯ ба ёронаш мекард ва мегуфт: ‘Ин нест магар ба хотири гӯноҳе, ки муртакиби он шудаем…’” (177).
10) “Тикае нону ҷуръае обу порае аз либос, ҳамроҳ бо саломату офият, беҳтар аз зиндагии мустағрақ дар неъмате…” (325). Зиндагии ғарқи неъмат лозим нест, аммо савол ин аст, ки чӣ гуна тикаи нону ҷуръаи обу пораи либос саломату офият мебахшад?! Ҳам пурхӯрӣ ва ҳам гуруснагӣ саломатии одамро вайрон мекунанд. Илми тибби имрӯза инро исбот мекунад.
11) Илми равоншиносии муосир собит мекунад, ки сабаби асосии ҷангу ҷидолҳо ва дигар бадбахтиҳои инсонӣ на муҳаббати дунё балки нафрат ба дунё мебошад. Фарҳанге, ки нафрат варзидан ба дунёро ташвиқ мекунад, боиси ҳама гуна бадбахтиҳо низ мегардад.
12) Дар чандин ҷои китоб омадааст, ки Имоми Аъзам бисёр мегирист, пеш аз сар кардани намоз, дар миёна ва баъди тиловати Қуръон… Гӯё сабаби гиря дар он будааст, ки ӯ бандаи гунаҳкор аст (ин ҳушдорест ба бандаҳои мӯъмин, ки дар ҳоле ки як пешвои диние чун Имоми Аъзам гунаҳкор аст, пас, онҳо бегуноҳ буда наметавонанд) ва Худованд ӯро ба даргоҳаш қабул кунад… Аммо илми равоншиносии имрӯза чунин ҳодисаро ба дигар тариқа шарҳ медиҳад. Мувофиқи он, касе гиря мекунад, ки гунаҳкор аст ва аз ҷавобгарӣ дар назди довар метарсад.
13) Илми муосир илми фундаменталистӣ нест, дар ҳоле ки мазҳабҳои алоҳидаи ҳар дини сиёсие чун ислом фундаменталистӣ мебошанд. Асли ҳақиқатро дар гузашта ҷӯстан, шахсиятҳои диниро намунаи ибрат баргузидан, исботи масоили иҷтимоӣ ва ахлоқиро ба сарчашмаҳои ибтидоии динӣ маҳдуд кардан ва монанди ин асилаҳои фундаментализм мебошанд. Онҳо инсонро ба догмаҳои динӣ маҳдуд мекунанд ва ӯ дигар наметавонад аз нуқтаи таъйинёфтаи дин онсӯтар қадам гузорад. Бузургмеҳр дар китоби худ чунин меорад: “…аз роҳи нишондодаи эшон, ки мувофиқ ва дар асоси Қуръон ва Ҳадис аст, берун пой нагузорем… вагарна оқибат аз гузаштагони солеҳи худ, ки нисбат ба мову шумо бештар аз илму дониш ва зӯҳду тақво бархӯрдор буданд, канда шуда, наъузу биллоҳ, ба чоҳи залолат фурӯ хоҳем рафт (ва пасон дар нори дӯзах фурӯ хоҳем рафт – С.Б.Б.)” (202). Агар таърих бад-ин гуна таҳаввул кунад, магар насли одамӣ ба магас табдил намеёбад?!
14) Илми муосир ба натиҷа расидааст, ки на фақат илми дунявӣ балки илми илоҳиро низ метавон мавриди омӯзиши танқидӣ қарор дод…
Дар ҳамин ҷо ба ин мақола хулоса мекунем ва ба муаллифи ин китоб бори дигар тавфиқот мехоҳем.
Масъалаҳои консептуалии илмҳои фалсафӣ ва мақоми Пажӯҳишгоҳи фалсафа дар ҷомеаи тағйирёбанда
Муқаддима
Ин ҳисоботи пешниҳодӣ бо қарори раёсати Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст. Бо дарки масъулият барои пешрафти кори Пажӯҳишгоҳ дар бобҳои зер доир ба масъалаҳои консептуалӣ ва мақоми Пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи тоҷик пешниҳодҳои мушаххаси худро баён мекунам.
Саҳми Пажӯҳишгоҳ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва фалсафӣ
Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ниҳоди марказии Тоҷикистон барои ташаккул додани худшиносии миллии тоҷикон табдил ёбад. Аз ин рӯ, ин ниҳодро зарур аст, ки дар навбати аввал ба омӯзиш ва тарғиби фалсафаи Эрон машғул шавад. Таълими ин фалсафа аз оғоз то имрӯз бояд ба фанни алоҳидаи мактабҳои олӣ табдил ёбад. Дар таркиби ин фан зарурати таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кардан ба фалсафаи Эрони Бостон вуҷуд дорад. Ҳамчунин, бо сабабҳои маълуми сиёсӣ ва мазҳабӣ (низоъҳои мазҳабӣ ва Бозии Бузурги империалистҳо) кишварҳои ҳавзаи фарҳанги эронӣ (аз он ҷумла Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон) дар садаҳои охир аз ҳам гусаста гардиданд ва натавонистанд муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд. Эрон дар ду асри охир пешрафтҳои чашмрас дар шинохти фалсафаи бостон ва асрҳои миёнаи худ ва махсусан дар муараффии адабиёти фалсафии Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупоӣ кардааст. Ин имкониятро метавон ба манфиати кор истифода кард. Омӯзиши фалсафаи Эрон яке аз роҳҳои сипарӣ кардани бӯҳрони кунунии ҳувиятӣ аст. Аксарияти мардум ва ҳатто аҳли фаҳм таърихи миллати тоҷикро маҳдуд ба Ислом медонанд ва аз ин рӯ дар зеҳни онҳо ҳувияти исломӣ аз ҳувияти миллӣ муҳимтар ва афзалтар мебошад.
Ба ғайр аз ин, Пажӯҳишгоҳ бояд барои ҷорӣ кардани фанни «Фалсафа ва адабиёти ҷаҳон» (ҷаҳонбиниҳои фалсафӣ, мантиқ, ахлоқ ва зебоишиносӣ аз нигоҳи файласуфони ҷаҳон) дар мактабҳои миёна дар солҳои наздик ба Вазорати маориф ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гуфтугӯ дарояд. Ягона роҳи ташаккули муносибатҳои солимонаи инсонӣ ва иҷтимоӣ доштани чунин фан, пеш аз ҳама барои мактаббачаҳо мебошад. Масалан, дар Олмон ҳамаи мактабҳои миёна ин фан ва ҳамчунин забонҳои фалсафаи бостон (юнонӣ ва лотинӣ)-ро меомӯзанд. Ҷорӣ кардани ин фан дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ як ҳодисаи таърихие барои Пажӯҳишгоҳ хоҳад шуд.
Омӯзиши ҷаҳонбиниҳои фалсафии ҷаҳон
Тоҷикистон таҷрибаи хуби мактаби русии омӯзиши ҷаҳонбиниҳои фалсафии ҷаҳонро аққалан дар шакли методология ба роҳ мондааст. Ба ҳамин минвол идома ва тавсиа додани тадқиқот ва бахусус тарҷумаи осори фалсафии Ҳинди Бостон, Юнон ва Рими Бостон, фалсафаи давраҳои нави Аврупо (Эҳё ва Маорифпарварӣ), фалсафаи идеалистии немис, фалсафаи адабии рус, анъанаи фалсафаи Нитше, мактаби вуҷудгароӣ, Марксизм ва ҷараёнҳои постмодернистӣ зарур аст. Бе тарҷума кардани чунин осор ба забони тоҷикӣ мо наметавонем бигӯем, ки истиқлолияти пурраи маънавӣ ба даст овардаем.
Барои заминаи мусоиди чунин омӯзиш ва тарҷумаро ба вуҷуд овардан Китобхонаи Пажӯҳишгоҳ бояд он осори фалсафие, ки дастрас нестанд, ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забонҳои асл харидорӣ намояд.
Методологияҳои фалсафӣ ва тадқиқоти илмӣ
Нигоҳ доштани анъанаи материалистӣ ва ратсионалистии шӯравӣ зарур аст. Аммо бояд ба ҳисоб гирифт, ки зарфият ва гунҷоиши методологии ин анъанаҳои барои дарки падидаҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ кифоя нестанд. Зарурати омӯзиши методологияҳои нави фалсафӣ ва тадқиқоти илмӣ ба хотири он аст, ки тадқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Пеш аз ҳама, омӯхтани принсипҳои методологии мактабу ҷараёнҳои эмпиритсизм (Бэкон, Локк, Юм ва ғайра), мантиқи таҳлилӣ (Рассел, Поппер ва ғ.), феноменология (Ҳуссерл, Шутс, Бергер, Лукманн ва ғ.), таҳлили ситуатсионӣ (дар мактабҳои фалсафии вуҷудгароӣ ва инсоншиносии фарҳангӣ), таҳлили дискурсивӣ (Фуко), назарияи структуратсия (Гидденс), неоинститутсионализм (Норд, Димаггио ва ғ.) ва монанди инҳо бояд ба роҳ монда шавад. Ин фан бояд дар шакли китоби дарсӣ таҳия шуда, ба аспирантон ва олимони ҷавони Пажӯҳишгоҳ ва ҳамчунин ба донишҷӯёни шӯъбаҳои фалсафа ва илмҳои инсонию иҷтимоии мактабҳои олӣ дарс дода шавад.
Усулу принсипҳои методологии тадқиқоти илмӣ батадриҷ такмил меёбанд ва натиҷаҳои онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба чоп мерасанд. Масалан, айни ҳол методологияи неоинститутсионализм бисёр риштаҳои илмҳои инсонӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад. Аммо мутаассифона доираҳои илмии мо аз он кам хабардоранд. Олимони рус низ имкони сари вақт тарҷума кардани ин навигариҳои методологиро, ки асосан ба забони англисӣ таълиф меёбанд, надоранд. Бинобар ин, лозим аст, ки Пажӯҳишгоҳ имкониятҳои молиро пайдо кунад ва чунин сарчашмаҳоро ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда дар муҳокимаи кормандонаш қарор диҳад. Барои ин гузарондани семинари даврии методологӣ бояд ба роҳ монда шавад. Мавриди қайд аст, ки бисёри маҷаллаҳои илмӣ ба забонҳои гуногун ба таври онлайнӣ (интернетӣ) дастрас мебошанд. Пажӯҳишгоҳ метавонад бо пардохти маблағи муайян ба сервери JSTOR (www.jstor.org), ки зиёда аз ҳазор маҷалларо дастрас мегардонад, обуна шавад.
Тадқиқоти байнисоҳавӣ
Методологияҳои навтарини илмҳои фалсафӣ талаб мекунад, ки тадқиқоти байнисоҳавӣ ба роҳ монда шавад. Худи тадқиқоти байнисоҳавӣ (interdisciplinary study) методологияи нави илмӣ мебошад, ки мувофиқи он мушкилоти инсонӣ ва иҷтимоӣ бояд дар робита ба илмҳои дақиқ ва табиӣ омӯхта шавад. Мушкилоти инсонӣ ва иҷтимоӣ се ҷанба доранд: (1) фарҳангӣ; (2) иқтисодӣ ва (3) экологӣ. Дар асоси ин муносибати методологӣ дар солҳои охир як риштаи илмҳои байнисоҳавӣ, ки фалсафа, илмҳои иҷтимоӣ, инсонӣ, табиӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад, ба миён омадааст. Ин ришта Илми Инкишоф (Development Study) ном дорад. Асоси фалсафии ин илмро консепсияи фалсафие ташкил медиҳад, ки инкишофи маънавӣ ва иҷтимоии инсонро наметавон бе нигоҳ доштани муҳити созгори экологӣ ва шароити даркории иқтисодӣ таъмин кард. Ҳамчунин, набудани консепсияи равшани инкишофи фалсафӣ боиси он мегардад, ки инсон ба мавҷуди харобкор табдил меёбад. Ӯ рӯҳан ва ҷисман худ, ҷомеаи худ ва ҳаёти худро дар рӯи Замин аз байн мебарад. Чунин консепсияи солими фалсафиро мактаби космизми русӣ, ки асосгузораш Николай Федоров аст, ба миён гузошта буд. Пешниҳод карда мешавад, ки консепсияи ӯ бо номи «Фалсафаи кори ҳамагонӣ» мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун роҳнамои фалсафӣ барои ташкили як Маркази Омӯзиши масъалаҳои инкишоф дар назди Пажӯҳишгоҳ қабул гардад.
Пешниҳодҳои амалӣ
Дар шароити имрӯза протсесҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсионӣ) мавҷудияти давлат ва фарҳангҳои миллӣ ва рушди худвижаи онҳоро дар зери хатар гузоштаанд. Аз дин сар карда то илм дар зери таъсири омилҳои байналмилалӣ хусусиятҳои маҳаллӣ ва миллии худро аз даст медиҳанд. Маҳз дар ҳамин гуна давра, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тахнологии ҷаҳонишавӣ мустаҳкам мегарданд, ҳаракатҳои динии фаромиллӣ ва ифротгароёна ба миён меоянд ва модернизатсия характери милии худро аз даст медиҳад. Бештар он соҳаҳои тадқиқот ва инкишоф муҳим мегарданд, ки онҳоро шабакаҳои байналмилалӣ дар симои Бонки Ҷаҳонӣ ва монанди он фармоиш медиҳанд. Ба ҳамаи ин гуна мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ бояд Пажӯҳишгоҳи фалсафа низ ҷавоби фалсафӣ ва илмии худро дошта бошад.
Аз ин рӯ, ба ғайр аз такмили базаи консептуалӣ ва техникии худ Пажӯҳишгоҳ бояд дар стратегияи мавзӯъгузории худ таҷдиди назар намояд. Дар воқеияти имрӯза зарурати ислоҳоти мавзӯъҳои нақшаӣ ва диссертатсионии Пажӯҳишгоҳ эҳсос мегардад. Пеш аз ҳама, бояд ба мавзӯъҳои нақшаии панҷсола таҷдиди назар карда шавад. Бовар дорам, ки зарурати банақшагирии тӯлонӣ вуҷуд надорад. Балки мавзӯъҳои нақшаӣ дар шакли лоиҳа (проект) таҳия шаванд ва барои маблағгузории онҳо сарчашмаҳои давлатӣ ва берунӣ ҷуста шаванд. Дар ин сурат, мавзӯъгузорӣ характери демократӣ пайдо карда, сарчашмаҳои кофии молӣ ва техникӣ пайдо мешаванд, ки тадқиқотҳои самаранок анҷом дода шавад. Дар баробари ин, базаи илмӣ-техникии Пажӯҳишгоҳ такмил меёбад. Имкониятҳои молиявӣ ва техникии давлатӣ ва хориҷӣ низ барои омӯзиши мавзӯъҳои мубрами фалсафӣ ва иҷтимоӣ равона мегарданд. Дигар масъала аз он иборат аст, ки дар таҳияи мавзӯъҳои нақшаӣ аз системаи фармоишӣ даст бояд кашем. Мавзӯъ набояд аз боло таҳия ва тасдиқ шавад. Балки дар дохили Шӯъбаҳо ва ҳатто дар байни Шӯъбаҳо Гурӯҳҳои тадқиқотӣ ташкил ёбанд. Ин гурӯҳҳоро бояд олимон худашон тартиб диҳанд, мавзӯъҳои нақшаӣ (лоиҳаҳои тадқиқотӣ) таҳия кунанд ва сарчашмаҳои маблағгузориро пайдо созанд. Ин тарзи коргузорӣ кайҳо ба қоидаи муассисаҳои илмии аврупоӣ ва амрикоӣ табдил ёфтааст. Русия низ тадриҷан ба ин система мепайвандад. Ҳамчунин, гурӯҳҳои тадқиқотӣ имконияти тадқиқи мавзӯъҳои мубрамро ба миён меоранд.
Зарурати ҷиддии ислоҳоти илму маорифи тоҷик
Дар таърихи маорифи академикӣ асосан ду модел истифода бурда мешавад. Яке мерос аз Суқрот ва дигаре мерос аз Афлотун мондаанд. Суқрот маърифати илмиро ба шогирдонаш ба воситаи баҳсҳои зинда мерасонд. Мақсади ӯ аз ин гуна баҳсҳо дар мадди аввал маърифат буд ва маърифат ҷараёни худшиносӣ дониста мешуд, яъне бо ин роҳ маърифаткунанда метавонист ба шахсияти худии худ саволҳо гузорад ва онро аз дигарон фарқ кунад. Академияе, ки Афлотун ташкил карда буд, хилофи маҳфили Суқрот буд; маърифат аҳамияти худшиносӣ надошт, балки дар зимн ҳадафи қудратхоҳӣ дошт. Афлотун зимни ҷараёни маърифат барҳам додани шахсияти инфиродии инсон ва ба коллектив мансуб кардани онро дар назар дошт.
Ин ду анъанаи юнонии маърифати илмӣ (маорифи академикӣ) тавассути ниҳодҳои таълимӣ минбаъд низ идома ёфт. Маърифати суқротӣ индивидуализм ва маърифати афлотунӣ коллективизмро асос гузоштанд. Мардумоне, ки инсонро дӯст медоштанд ва дар маркази диққат инсонро қарор медоданд, роҳи индивидуалистии маърифатро пеш гирифтанд. Мардумони дигар бошанд, агар аз фалсафаи Юнон дарак ёфта буданд, сароб (афсона)-и афлотуниро барои тасдиқи коллективизми худ қабул карда буданд. Коллективизм бошад, ба таври дастаҷамъӣ инсонбадбинӣ ва нобоварӣ ба ҳастӣ ва зиндагии фардии ӯ мебошад. Ин гуна ҷаҳонбинӣ ва маърифатшиносиро донишмандону сиёсатмадорони мо дар асрҳои миёна қабул карданд. Афлотуния барои тасдиқи идеология ва маънавиёти коллективӣ сарчашмаи асосии маърифати фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки ин сарчашма аз нигоҳи илмӣ дуруст нест, як қатор мактабҳои ба ном «илмӣ» аз он ҷумла гегелгароӣ ва марксизмро низ бунёд гузоштааст.
Фарҳанги муосири Аврупо дар маҷмӯъ ягона нест, балки дар он ҳам индивидуализми гуманистӣ ва ҳам коллективизм дар муқобили ҳамдигар ҷо ёфтаанд. Ин гуна ҷаҳонбиниҳо ба ниҳодҳои илмию маърифатӣ ҳам сар даровардаанд. Масалан, як гурӯҳ ҷараёну мактабҳо индивидуализм ва дигар гурӯҳ коллективизмро ташвиқ мекунанд. Намунаи гурӯҳҳои индивидуалистӣ аз он ҷумла назарияи ҷомеашиносии амал, феноменология, индивидуализми методологӣ, экзистенсиализм ва намунаи гурӯҳҳои коллективистӣ структурализм, марксизм, утилитарианизм ва ғайра мебошанд.
Шояд саволе ба миён ояд, ки ин гуна мактабу ҷараёнҳои фалсафӣ ва илмӣ бо ҷараёни маърифат ва ниҳодҳои иҷтимоии илму маърифат чӣ робита доранд. Тасаввур кардан метавон, ки як инсон аз рӯи як боварӣ ва як ҷамъият бошад аз рӯи як идея зиндагӣ ва амал мекунанд. Бидуни боварӣ, идея ва ҳадаф тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ана ҳамин гуна боварӣ, идея ва ҳадаф дар якҷоягӣ ҷаҳонбиниро ташкил медиҳанд; ё ҷаҳонбинии динӣ ва ё ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафиро.
Ниҳодҳои иҷтимоии илму маърифат низ ҳатман аз рӯи ҷаҳонбинии муайян устувор мебошанд. Пас, аз ин мебарояд, ки сар карда аз танзими молиявӣ то ба таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию таълимӣ на фақат ба роҳбару мудир балки ба ҷаҳонбиние вобастагӣ дорад, ки аз роҳбару мудир сар карда то муаллиму донишҷӯ соҳиби он ҳастанд. Агар вазъи илму маориф ва мактабу академия бад аст, пас, вазъи ҷаҳонбинии ҳукмфармои ин вазъ низ бад аст.
Гуфтаи боло маънӣ надорад, ки инсонҳои алоҳида – роҳбару мудир ва муаллиму донишҷӯ аз масъулият озод бошанд ва ба вазъият ҷавобгар набошанд. Балки ҷаҳонбиниро худи инсон ба вуҷуд меорад ва ба ин васила вазъияти нав месозад, муносибати қафомондаро барҳам медиҳад ва муҳити худро бо боварӣ, идея ва ҳадафи нав пеш мебарад, аз ин роҳ мақоми инсонро боло мебардорад. Ба як маъно, худи инсон ба вазъи худ ва доираи худ ҷавобгар мебошад, ӯ масъул аст, ки онро ба хотири беҳбудӣ тағйир диҳад.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷамъияти коллективистии мо инсонҳои алоҳида масъулиятро ба дӯш намегиранд. Бароямон, чунин ба назар мерасад, фарқ надорад, ки дар чӣ вазъият қарор дорем. Доираҳои илмию таълимӣ ба арзишҳои коллективистӣ устувор мемонанд. Коллективро гунаҳкор кардан осонтарин роҳи наҷот аст: билохира, ҳеҷ кас гунаҳкор намешавад, балки худи вазъу шароит ва зиндагӣ гунаҳкор дониста мешаванд. Илму маорифи тоҷик ҳамчун ҷараёнҳои маърифатӣ масъулона нестанд ва барои ин далелҳои ман устувор ҳастанд:
- Ҳанӯз ҳам илми академикӣ редуксионӣ (маҳдудгарона) аст. Дар ҳоле ки ҳанӯз ба ягона методологияи идеологӣ қоим аст ва чорчӯбаҳои онро марксизм бунёд карда буд, илми муосири аврупоӣ даҳҳо методологияро кор мебарад. Олимони аврупоӣ барои шинохти ҳақиқат ҳама гуна монеаҳои сиёсӣ ва идеологиро мегузаранд, худи ҳақиқатро зери шубҳа мегузоранд, ба он баҳои нисбӣ медиҳанд ва онро аз олудагиҳои сиёсӣ бениқоб месозанд. Дар ҳоле ки мо аққалан наметавонем ба шинохти асолати Марксизм қодир бошем, аврупоиён аллакай дар оғози ин ҷараёни маърифатӣ ва иҷтимоӣ ба он назари танқидию шаккоконаи худро изҳор намуданд. Дар сурате ки мо ба хотири бовару идея ва ҳадафҳои хурофотии худ аз баҳри ҷони худу дигарон мегузарем, аврупоиён ба бовару идея ва ҳадаф чун ба маҳсули андеша ва амали инсон менигаранд. Андеша ва амали инсон метавонад дурусту муфид бошад, вале ба ҳақиқати доимӣ табдил ёфтани онҳо хавфнок мебошад. Дар ҳоле ки аврупоиён назарияи дониш, эпистемология (ҳақиқатшиносӣ), феноменология ва монанди инҳо ҷараёнҳои илмию фалсафие доранд, ки ҳақиқатро зери шубҳа мегузоранд ва робитаи онро бо вазъи инсонӣ муайян мекунанд, мо ҳанӯз ҳам мафҳумҳои гегелиро ҳамчун ҳақиқатҳои мутлақи маърифатшиносӣ қориазёд мекунем ва бо суханбозии бесамар «фалсафа» ва «илм» метарошем. Илми академикии мо аз ҳақиқат меҳаросад, аз ин рӯ, дар пайи шинохти ростини он нест.
- Камбудии ҷиддии илми академикии тоҷик дар бесамарии амалии он аст. Дар ҳоле ки аз ҷиҳати маърифатӣ ин илм пассивона мебошад, нақши ҷамъиятии он ҳам дуюмдараҷа ва қафомонда мебошад. Барномаҳои илмӣ характери идеологӣ дошта, бо маориф робитаи бевосита надоранд. Илми муосири Германия, Англия, Америка ва ғайра аллакай аз асри 18 сар карда аз идеологияи давлатию динӣ ҷудо шуд ва бо мактаби олӣ пайваст. Мувофиқи ин гуна ислоҳот, барномаҳои илмие, ки ҳадафи таълимӣ-маърифатӣ надоранд ва натиҷаҳои тадқиқотие, ки дар ҷараёни таълиму тарбия татбиқ намегарданд, барнома ва натиҷаҳои бесамар мебошанд, амалан ба ҳеҷ кас даркор нестанд ва ҳатман дар рафҳои бойгонӣ беҳуда хоб мекунанд.
- Чун гап сари аҳамияти амалӣ-маърифатии илм меравад, масъалаи забон пеш мебарояд. Забони илм миллияти онро ифода мекунад. Илме, ки ба забони миллӣ таълиф намегардад, миллият надорад, яъне барои худи миллат аҳамият надорад. Ин гуна илм ба маърифатнокии миллат саҳм гузошта наметавонад ва дар муайян кардани вазъият фаъол намегардад. Он касоне, ки назари мухолиф доранд, метавонанд, аввалан, ба тадқиқотҳои забоншиносони аврупоӣ назар афкананд. Як далели қоими структуралистон дар мавриди нақши фаъолонаи забон ба ҷараёни маърифатӣ он аст, ки мафҳумҳои забони модарӣ фаъолияти тафаккурро метезонанд, дар ҳоле ки мафҳумҳои забони бегона тавассути мафҳумҳои мутавассити хотира фаъолияти тафаккурро кундтар ва мушкилтар менамоянд. Ин чунин маънӣ дорад, ки соҳиби забон бо тамоми вуҷуди худ (ҷараёни огоҳӣ, хотира, таҳтушшуур ва ирсият) меандешад ва касе, ки забонро бо тарҷума медонад, фақат ҷараёни огоҳӣ ва хотираро метавонад ба кор барад. Ӯ аз дастгоҳҳои дигари тафаккур чун таҳтушшуур ва ирсият маҳрум мебошад. Чуноне ки дида мешавад, ҷорӣ кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони илмии Тоҷикистон ва бо ин роҳ мустақил ва миллӣ кардани илми тоҷик аз омилҳои хориҷӣ масъалаи асосноки илмӣ мебошад. Барои он ки хоҳем илм ба ҷараёни фаъоли тафаккур ва маърифат табдил ёбад, лозим меояд, ки дар муносибат ба забони миллӣ аз ғаразҳои «интернатсионалӣ» ва «глобалистӣ»-и худ даст кашем.
- Дар баробари ҳамаи ин мушкилоти академикии илму маориф, худи низомҳои илму маориф низ кӯҳнашуда ва қафомонда мебошанд. Дар боло қайд карда будем, ки зарурати ислоҳоти барномаҳои таълимӣ, танзими қонунӣ ва маъмурии барномагузории илму маориф, зарурати тағйир додани низомҳои қабули муаллимону донишҷӯён ва олимон ба соҳаҳои илму маориф ва билохира, зарурати ислоҳ кардани низоми маблағгузории ин соҳаҳо вуҷуд дорад. Дар акси ҳол, мо наметавонем илму маорифи худро аз мушкилоту бӯҳронҳо наҷот диҳем. Дар ин замина, муҳимтарин корҳое, ки бояд карда шаванд, ба таври зеранд:
Зарурати ислоҳоти барномаҳои таълимӣ
Муносибати нав ба илм бояд аз мактабҳои олӣ шурӯъ шавад, чунки маҳз ин гуна муассисаҳо насли ояндаи олимону мутахассисонро омода мекунанд. Дар ин робита, кори муҳимтарине, ки бояд карда шавад, таҳия ва таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ мебошад. Вазъият айни ҳол хеле бад аст: масалан, 90% китобҳои дарсии мактабҳои олӣ дар соҳаҳои илмҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ ба забони тоҷикӣ намерасанд; 10%-и мавҷуда дар сатҳи пасти илмӣ таълиф гардидаанд. Донишҷӯён асосан китобҳои дарсии русӣ ва муаллимон бошанд барномаҳои таълимии давраи шӯравӣ ва давраи имрӯзаи Русияро истифода мебаранд. Китобу барномаҳои русӣ ҳам дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор доранд. Китобҳои дарсии солҳои охир таълифёфта аз нигоҳи методологӣ, эпистемологӣ ва идеологӣ ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар ҳар як саҳифаи як китоби дарсии русӣ метавон то ба 5-7 ихтилофоти ғайриилмӣ бархӯрд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо рӯнависи навиштаҳои давраи ҳукмронии идеологияи марксистӣ-ленинӣ мебошанд. Гузашта аз ин, мо ҳақ надорем ба пуррагӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии русиро истифода барем; манфиатҳои миллии мо набоянд бо манфиатҳои Русия сад дар сад мувофиқат кунанд.
Зарурати ислоҳоти модели танзимсозии қонунӣ ва маъмурии барномагузории илму маориф
Модели танзими барномагузории илму маорифи Тоҷикистон низ кӯҳна шудааст. Барномаи муассисаҳои илмиро мақомоти сиёсӣ ва маъмурии онҳо таҳия мекунанд. Ин гуна таҳияи барнома мероси давраи шӯравӣ мебошад, ки хилофи талаботи илмӣ аст. Илм бояд дар муҳити озод аз талаботи ғайриилмӣ бошад, он набояд ба иродаи маъмурият тобеъ карда шавад. Илм ифодаи иродаи фардии олим мебошад, на аз ин зиёда. Ягона ниҳоде, ки ба кори илм машғул шуда метавонад, як гуна комиссияи аттестатсионие буда метавонад, ки сатҳи илмии мавзӯи омӯхташудаи олимро муайян менамояд. Низомҳои барномарезӣ, ҳимоякунӣ, дараҷагирӣ ва вазифаҳои хидматӣ ва маъмурӣ набояд ба дастгоҳҳои идораи илм ва олим табдил ёбанд. Маориф низ ба чунин мушкилоти мушобеҳ бо илм рӯ ба рӯст. Меъёр ва стандартҳои барномаҳои таълимиро Вазорати маориф муқаррар менамояд, пасон, аз рӯи чунин банақшагирӣ маъмурияти муассисаҳои таълимӣ барномарезии худро таъйин мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое низ ҷо доранд, ки маъмурият муаллимонро ба ин ё он фан худаш таъйин менамояд. Ин гуна модели барномарезии маълумоти олӣ, дар натиҷа, ба бесамар кардани ҷараёни маърифатӣ тавассути ниҳодҳои маориф оварда мерасонад. Имрӯз Аврупо аз ин гуна муносибати ғайриилмӣ даст кашид ва бештар ба муаллиму донишҷӯ имкон додааст, ки дар рафти барномарезӣ ва азхудкунии барнома мустақил ва фаъол бошанд. Ба ин хулоса Аврупо тавассути ҷараёнҳои интеллектуалии маориф чун конструктивизм, назарияи амали коммуникативӣ ва ғайра расидааст, ки мувофиқи онҳо, дониш ҳамчун маърифати фардӣ дар зимни амал (актсия) ба даст меояд, на дар зимни фармоиш (инструксия). Дар муҳити мо бошад, чун дар давраи асрҳои миёна ва дар давраи шӯравӣ донишро бо роҳи фармоишӣ ҷорӣ карданӣ ҳастанд. Касоне, ки ба ин мавзӯи басо ҷиддӣ таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд ба Ҷон Дюи, Ҷуерген Ҳабермас ва дигарон муроҷиат кунанд. Мактаби олии аврупоӣ акнун ихтиёри комил ба муаллим барои таҳияи барномаи таълимӣ ва ҷорӣ кардани он дар муҳит ва лаҳзаи дилхоҳ додааст. Ҳамчунин, донишҷӯ низ дар интихоби фанну барномаҳои омӯзишӣ мустақил аст. Донишҷӯи мо агар дар як сол ҳамаи илмҳои фалсафӣ ва иҷтимоиро чун барномаҳои ҳатмӣ омӯзад, аммо дар натиҷа аз омӯзиш фақат маълумоти сатҳӣ боқӣ монад, донишҷӯи аврупоӣ метавонад ду-се барномаи бунёдиро интихоб намуда, дониши худро дар мавриди мавзӯи мушаххаси илмӣ амиқ гардонад. Донишҷӯи мо ба сарчашмаҳои бунёдӣ ва навини илм ё дастрасии бавосита дорад ва ё аслан надорад. Донишҷӯи аврупоӣ, дар фарқ, аз оғоз тадқиқоти илмӣ мегузаронад, яъне омӯзиши худро ба мавзӯи муайян маҳдуд карда, лаёқати таҳлилӣ ва танқидии тафаккури худро инкишоф медиҳад. Дар муҳитҳои мо бошад, барои донишҷӯ илму маориф ҷараёнҳои ягонаи маърифатӣ нестанд, дар натиҷа, ӯ наметавонад назари таҳлилӣ ва танқидии худро ташаккул диҳад.
Зарурати тағйир додани низомҳои қабули муаллимону донишҷӯён ва олимон ба соҳаҳои илму маориф
Низоми қабули муаллимон ва донишҷӯён ба мактаби олӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи маориф мебошад, ки ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Афзуда бар ин, ба он, махсусан ба тартиби қабули муаллимон, кам диққат дода мешавад. Қабул ба мактаби олӣ ба ҳайси муаллим то ҳанӯз дар асоси стандартҳои давраи шӯравӣ сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки дигар Ҳизби коммунистӣ ҳукмрон нест, вале талаботҳои фарсудаи он фақат дар шакли дигар ҳоло ҳам дар ҳаёт ҷорӣ мебошанд. Ин талаботҳо кадомҳоянд? Пеш аз ҳама, барои ба коре қабул гардидан узвияту дараҷа талаб карда мешавад, гарчанде ки ин гуна «фазилатҳо» ҳеҷ робитае бо дониши асили илмӣ надоранд. Дар сурате ки таълифу чопи китобҳои дарсӣ ва илмӣ на дар давраи шӯравӣ ва на дар давраи муосир ба таври даркорӣ ба роҳ монда нашудааст, ҳеҷ гуна унвон наметавонад вазъро беҳбудӣ бахшад. Муаллимону мутахассисон бояд тавассути озмуни кушод қабул гарданд ва ин гуна озмунҳо барои ҷойҳои ишғолкарда низ дар ҳар чанд сол як маротиба бояд баргузор шаванд. Озмун бояд характери академикӣ дошта бошад, яъне сатҳи илмӣ ва сифати корӣ санҷида шавад, на сатҳи унвону дараҷа ва стажи корӣ. Ҳамчунин, озмун бояд ба таври озод сурат гирад. Роҳи аз ҳама муфидтари озмуни озод тавассути интернет аст, ки озмуни интернетӣ номида мешавад. Ин гуна усули санҷиш усули худсанҷӣ мебошад, ки аз тамоми дигар намуду усулҳои санҷиш, аз он ҷумла аз усули компутерии санҷиш, фарқи ҷиддӣ дорад. Масалан, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳои санҷиши компутериро ҳайати қабул метавонад ба манфиатҳои худ тағйир диҳад, вале худи довталаб наметавонад натиҷаҳои худро тафтиш намояд ва ба дигар натиҷаҳо муқоиса намояд. Аз рӯи усули санҷиши интернетӣ довталабон (чи ба ҳайси муаллим ва маъмур ва чи ба ҳайси донишҷӯи мактаби олӣ) аз чор марҳилаи санҷиш мегузаранд. Натиҷаҳои бадастомада бошанд, ҳам аз тарафи худи довталаб ва ҳам аз тарафи ҳайати қабул санҷида мешаванд, аз ин рӯ, чунин усул усули худсанҷӣ номида мешавад. Барои он ки худсанҷӣ бо санҷиши ҳайати қабул мувофиқат намояд, тамоми талабот ва ҳисобҳои баҳогузорӣ ба таври ошкоро ба довталаб маълум карда мешаванд. Довталаб дар марҳилаи якум аризаи интернетӣ (на компутерӣ!) пешниҳод мекунад ва дар давраи дуюм бошад, санҷиши электронӣ (на компутерӣ!) месупорад. Дар давраи сеюм ғолибон муайян мегарданд, на тавассути ҳисобҳои ҳайати қабул балки тавассути ҳисоби автоматии усули интернетӣ. Натиҷаҳои имтиҳонот ба таври ҳатмӣ дар экранҳои калони толори санҷишӣ намоён мешаванд. Ҳар довталабе, ки ба мактаби олӣ қабул намегардад ва аз натиҷаи худ норизост, метавонад натиҷаҳои худро бо натиҷаҳои ғолибони озмун тавассути экран муқоиса намояд. Ба ғайр аз ин, дар заминаи интернетӣ (на дар заминаи компутерӣ!) натиҷаҳо бе ҳеҷ гуна тағйирот (дахолат ба заминаи интернетӣ ғайриимкон аст) маҳфуз дошта мешаванд ва ҳар кас метавонад онҳоро кушода аз назар гузаронад ва муқоиса намояд. Бояд гуфт, ки санҷиши интернетӣ (online testing) аз санҷиши компутерӣ (computer testing) фарқи ҷиддӣ дорад ва ин механизм хеле пешрафта ва комил аст. Натиҷаҳои санҷиши компутериро метавон вайрон кард, аммо натиҷаҳои санҷиши интернетӣ устувор буда, ба он ҳеҷ гурӯҳ дахолат карда наметавонад. Аз ин нуқтаи назар, имконияти бештар аст барои аз байн бурдани беадолатӣ аз низому тартиби қабули довталабон ба сифати муаллим, донишҷӯ ва ҳатто маъмур ба мактабҳои олӣ. Ҳамчунин, тартиби интернетии қабули муаллимон ба мактабҳои олӣ давраи ҷамъбастӣ надорад, яъне довталабон ба вазифаи муаллимӣ фақат ба муддати муайян қабул карда мешаванд. Баъди сипарӣ шудани давра ба ӯ лозим аст, ки боз аз сари нав дар қатори дигар довталабон аз санҷиши интернетӣ гузарад. Ӯ ин дафъа низ метавонад ба вазифаи муаллимӣ қабул гардад ва ҳам метавонад қабул нагардад; ин вобаста ба натиҷаҳои озмун аст, на ба ягон алоқаву робита.
Зарурати ислоҳ кардани низоми маблағгузории соҳаҳои илму маориф
Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки низоми маблағгузории илму маориф низ ба таври куллӣ ислоҳ пазирад. Дар акси ҳол, ба даст овардани беҳбудӣ дар дигар бахшҳо низ амри маҳол мегардад. Дар ин самт, чӣ кори муҳиме аст, ки ҳанӯз карда нашудааст? Шояд дар тасаввуроти аксарият ислоҳот ҳамагӣ иборат аз ҷорӣ кардани низоми пардохтӣ (шартномавӣ)-и таҳсил бошаду халос. Бале, то ҳадде ҳамин тавр аст: донишҷӯ барои дониши навро ҳосил кардан пардохт мекунад, то ки барои ӯ муассисаи таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварад ва музди меҳнати муаллимро ҳам супорад. Масъала ошкор аст, ки бо музди 30-40 сомон ва ҳатто 50-100 сомон имрӯз зиндагӣ ва кори эҷодӣ кардан аслан ғайриимкон аст. Низоми пардохтие, ки дар мактабҳои олӣ ҷорӣ карда шудааст, фақат оғози кор асту халос, вагарна ҳамагон – чи донишҷӯ ва чи муаллим, гумон бурданашон мумкин аст, ки бо пардохти маблағ метавон соҳиби маълумоту ихтисоси олӣ гардид. Лаҳзаи бисёр муҳим дар мавриди низоми маблағгузорӣ тартиби боадолатонаи истифодаи маблағ мебошад, вагарна низоми пардохтӣ низ наметавонад мушкилоти мактаби олиро ҳал намояд. Дар ин робита, муҳим аст, ки ба нуктаҳои зерин диққат махсус дода шавад:
- Сиёсати ошкорои маблағгузорӣ ва истифодаи маблағҳо;
- Барҳам додани пардохтҳои ғайриқонунӣ, аз он ҷумла барои санҷишу имтиҳон, барои ҳузур надоштан, барои чорабиниҳо ва ғайра.
Консепсияи рушди илму маорифи Тоҷикитон
Рушди соҳаҳои илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар Тоҷикистон ташкил медиҳад. Муҳимтарин нуктаҳои идеологӣ ва стратегии рушди соҳаи илму маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014; http://www.president.tj/node/6598), Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Дониш (1 сентябри соли 2014; http://president.tj/node/7366) ва қарору қонунҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ифода гардидаанд. Барои ба ин мақсади воло ноил шудан корҳои бисёре анҷом дода мешаванд. Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон барои дар 7 соли оянда сафарбар кардани 27 миллиард сомонӣ дар ин соҳа далели ин гуфтаҳост. Дар Паёми худ, Президент ин ташаббусро чунин шарҳ медиҳад: “Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем”.
Дар ин ҷо тавсияҳои иловагиеро ба эътибори Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунем, ки ин ташаббусро тақвият дода, сарчашмаҳои иловагии маблағгузории соҳаро мушаххас мекунанд. Бояд таъкид намоем, ки усулан ин тавсияҳо аз пешниҳодҳои худи Президент бармеоянд, ки дар ин ду баромадаш изҳор кардааст. Чуноне ки худи Президент дар суханронияш дар Рӯзи Дониш қайд кард, дар шароити кунунии афзоиши хатарҳои воқеии ҷаҳонӣ “Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як нафар шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд”. Бо ин тавсияҳо ҳамбастагии худро ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар изҳор мекунем.
Танҳо мамлакатҳое давраи гузаришро бомуваффақ аз сар мегузаронанд, ки ба соҳаҳои илму маориф маблағи бештар ҷудо мекунанд. Мисолҳои бебаҳс Япония ва Олмони баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мебошанд, ки имрӯз аз ҷиҳати индекси рушди инсон, таъминоти кадрӣ ва технология ва иқтисоди донишбунёд дар ҷаҳон дар ҷойи намоён қарор доранд. Сабаби комёбии чунин сиёсат ба чанд омил бастагӣ дорад. Аз як тараф, дар давраи гузариш аксарияти аҳолӣ ба кӯмак ва дастгирии маънавӣ, тағйир ва такмили дониши касбию ихтисосӣ ва бознигарии тасаввуроту ҷаҳонбинӣ ниёз доранд. Аз тарафи дигар, бо сабаби буҳрони иқтисодӣ ва нобасомониҳои сиёсию иҷтимоии давраи гузариш бисёри мардум бекор мемонанд ва ё ҳолати равонию иҷтимоии онҳо имкон намедиҳад, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд. Ин хоси ҷомеаҳои алоҳида нест, балки вижагии асосии давраи гузариш дар ҳама кишварҳо ба шумор меравад. Дар тӯли даҳсолаҳои охир Тоҷикистон на як, балки ду давраи ногувор ва ноҳамвори гузаришро аз сар гузаронд. Нахуст, Иттиҳоди Шӯравӣ пош хурд ва пасон, ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст, ки оқибатҳои равонӣ ва иҷтимоии он то ҳанӯз эҳсос мешаванд. Яке аз оқибатҳое, ки ҳоло ҳам дар рӯҳияи бархе аз аҳолӣ мушоҳида мекунем, ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ғайриосоиштаи мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеа мебошад.
Чораҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои илму маориф, махсусан фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби кадрҳои болаёқат, пешгирии падидаи фирори мағзҳо, сохтани заминаи мусоиди таҳқиқоти илмӣ, муттаҳид кардани илму маориф ва ба марказҳои истеҳсолӣ табдил додани муассисаҳои таълимию таҳқиқотӣ кафолати асосии пешрафт ва сулҳу субот дар Тоҷикистон мебошанд. Барои ин, ҳукумати мамлакат бояд мусоидат намояд, ки ба ғайр аз захираҳои буҷавӣ сармояҳои ғайрибуҷавӣ низ ҷалб карда шаванд. Дар охири ин матлаб мо тавсияҳои мушаххаси худро барои ҷалби сарчашмаҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ барои рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар пешниҳод мекунем.
Ин ҷо мехоҳем бори дигар чанд самти афзалиятноки рушди соҳаҳои илму маорифро дар Тоҷикистон ба таври зер муайян карда, роҳҳои расидан ба онҳоро пешниҳод намоем:
- бартараф кардани нобаробарии дастрасӣ ба илму маориф ва касбомӯзӣ махсусан дар байни писарону духтарон;
- таъсиси марказҳои озмоишӣ ва истеҳсолӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзӣ;
- ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳувияти миллӣ;
- тақвияти забони давлатӣ чун забони илму маориф;
- омӯзиши забонҳо ва технологияҳои илм;
- рушд ва татбиқи технологияҳои нав;
- бозомӯзии фарогири калонсолон;
- таъсиси марказҳои модар ва кӯдак;
- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон;
- баландбардории мақоми омӯзгорон дар ҷомеа;
- таъсиси Бунёди рушди илму маориф;
Яке аз самтҳои афзалиятнок барои рушди илму маориф тадриҷан аз байн бардоштани нобаробарии дастрасӣ ба илму маориф дар байни писарону духтарон мебошад. Ин масъаларо Президенти кишвар низ дар суханронии худ дар Рӯзи Дониш зимни ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидашудаи довталабон дар Маркази тестии миллӣ баён намуд. Бо ин мақсад, зарур аст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо чи дар деҳот ва чи дар шаҳрҳо иштироки писарону духтаронро дар ҷараёни таълим назорат кунанд. Таҳсилоти миёнаи пурра бояд ҳатмӣ карда шавад ва танҳо баъди хатми синфи 11 шиноснома дода шавад. Дар сурати иҷро накардани ин муқаррарот, пеш аз ҳама, падару модар ҷавобгар мебошанд. Омӯзгороне, ки ҳукумати маҳаллиро аз чунин ҳодисаҳо огоҳ намекунанд, дар баробари падару модар ҷавобгар мешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд амнияти ҳаррӯзаи духтаронеро, ки дар мактабҳои олӣ, касбӣ ва такмили ихтисос дар шаҳру ноҳияҳо таҳсил мекунанд, таъмин намоянд. Ин духтарон бояд имтиёзи дастрасӣ ба хобгоҳ, идрор, шуғлҳои муваққатӣ ва дигар намуди дастгириҳои иҷтимоии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дошта бошанд. Вазоратҳои маориф ва шуғли аҳолӣ бояд дар ҳамдастӣ роҳҳоеро ҷустуҷӯ кунанд, ки ҷалби ҷавондухтарон ба муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзӣ ба маънои таъмини бардавоми онҳо ба ҷойи кор бошад. Бо ин мақсад, таҳсилоти миёнаи тиббӣ, хизматрасонии ҷамъиятӣ ва коргузории идорӣ барои ҷавондухтарон омӯзонда мешаванд. Бо ин роҳ, онҳо соҳиби дониши илмӣ ва касбӣ гардида, ба меҳнати созанда машғул мешаванд.
Яке аз вазифаҳои марказии соҳаҳои илму маориф ташкил кардани ҷойи кор мебошад. Он махсусан қишри пешбарандаи ҷомеаро ба кори доимӣ ва шоиста таъмин карда, қисмати бузурги аҳолиро ба таҳсили мактабӣ, касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси баъдимактабӣ ҷалб мекунад. Бо ин мақсад муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисос ва касбомӯзӣ дар деҳот ва шаҳрҳо афзоиш дода мешаванд. Ин самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф на фақат аҳолиро босавод ва соҳибкасб мекунад, балки онҳоро ба шуғли донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ таъмин карда, пеши роҳи пайвастшавии онҳоро ба ҳаракатҳои иртиҷоии сиёсӣ ва динӣ мегирад.
Бо мақсади тақвияти ин самт зарур аст, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзӣ марказҳои таҷрибаомӯзӣ, озмоишӣ ва истеҳсолӣ таъсис ва машғулиятҳои амалӣ афзоиш дода шаванд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурӣ дар суханронияш дар Рӯзи Дониш махсус таъкид карда буд. Аз ин роҳ ба ҳам овардани илму маориф ва истеҳсолот боиси ҷалби бештари ҷавонон ба ин муассисаҳо гардида, шароити таъмини онҳо бо кори доимӣ ва барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин самт маҳдудият гузоштан ба шумораи донишҷӯён ва ба барномаҳои иҷтимоӣ барои дастгирии онҳо дар дарозмуддат мусоид нахоҳад буд. Чунин маҳдудкунӣ боис мешавад, ки бисёри ҷавонони лаёқатманд барои таҳсил ва касбомӯзӣ ба хориҷи кишвар мераванд ва ин аст, ки мо имрӯз падидаи ба истилоҳ “фирори мағзҳо”-ро мушоҳида мекунем. Хатари ба гурӯҳҳои тундгаро пайвастани ҷавононе меафзояд, ки дар нимароҳ мемонанд: ё бекор ҳастанд ва ё аз идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ маҳрум мегарданд. Ба шуғли доимӣ ва даромаднок табдил додани муассисаҳои касбомӯзии кишвар роҳи асосии мубориза бо падидаҳои номатлуби замони муосир, аз он ҷумла тундгароии динӣ ба шумор меравад. Дигар роҳҳо ё самаранок нестанд ва ё хароҷоти зиёдро талаб карда, вале дар дарозмуддат таъсиргузор нестанд.
Як кори муҳиме, ки махсусан муассиаҳои касбомӯзӣ дар ин самт карда метавонанд, ҷалби шаҳрвандоне мебошад, ки ба истеҳсолот машғуланд. Махсусан, соҳибкорон ва тоҷироне бояд ҷалб карда шаванд, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони хориҷӣ (чинӣ, эронӣ ва ғайра) доранд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд дар пеши онҳо вазифа гузорад ва дар айни ҳол барномаҳо ва озмунҳои дастгирии грантӣ таъсис диҳад, ки онҳо дар назди муассисаҳои касбомӯзӣ сеху корхонаҳои хурд созанд. Онҳо истеҳсоли ҳама намуд ашё ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро, ки аз хориҷа ворид мекунанд, дар ин муассисаҳо бо истифода аз қувваи корӣ ва эҷодии таҳсилкунандагон ба роҳ монанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба бозор роҳ ёфтан ва рақобатпазир шудани ин маҳсулот мусоидат намояд. Баъзеҳо шояд хурда гиранд, ки рақобатпазирӣ вобаста ба сифат аст. Аммо таҷрибаи тиҷоратии Чин нишон медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонӣ сифат аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Аз ин ҷиҳат ҳам, ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки бозорҳоро танзим кунад ва стандарти муайяни нарх ва сифат барои маҳсулоти воридшаванда ҷорӣ намояд.
Ҷалби соҳибкорону тоҷирон ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва истеҳсолии муассисаҳои касбомӯзӣ метавонад барои ба самти мақсаднок равона кардан ва дар муҳлати кӯтоҳ ба иҷро расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2011-2015” мусоидат кунад. Президент дар суханронии худ дар Рӯзи Дониш изҳори ташвиш кард, ки барномаи мазкур ба таври лозима амалӣ намешавад: “То анҷоми барнома вақти кам мондааст ва дар сурати харидорӣ нагардидани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ иҷрои қарор дар муҳлати муқарраргардида ғайриимкон мегардад”. Ба марказҳои истеҳсолоти миллӣ табдил додани муассисаҳои касбомӯзии Вазорати шуғли аҳолӣ ва дар ин ҷараён ҷалб кардани соҳибкорону тоҷирон имкониятҳои маблағгузории озмоишгоҳҳо ва ё дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва истеҳсолиро афзоиш медиҳад. Озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳое харидорӣ мешаванд, ки ба талаботи истеҳсолӣ мувофиқ ҳастанд ва истифодабарандагону истеҳсолкунандагон ба онҳо ошноии пешакӣ доранд. Албатта, ин як самти амалисозии Барнома мебошад. Самти дигари Барнома ба ҳадафи ташаккули ҷаҳонбинии илмии мактаббачагон марбут аст. Мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо озмоишгоҳҳо, дастгоҳҳо ва асбобҳои аёние таъмин мешаванд, ки барои амиқ кардани дониши онҳо аз рӯи фанҳои дақиқ, кишваршиносӣ, таърих, фалсафа ва ғайра кӯмак мекунанд.
Шумора муҳим аст, вале он худ аз худ сифатро муайян намекунад. Барои ҳамин, самти аз ҷиҳати сифатӣ афзалиятноки рушди илму маориф ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандони кишвар, бахусус кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки ба муассисаҳои гуногуни таълимӣ ҷалб мешаванд, равона мегардад. Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, афзалият додан ба илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ вазифаи марказии муассисаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ ба шумор меравад. Он ба таъмини амнияти миллӣ дар ҷаҳоне, ки хатарҳои терроризм ва экстремизм рӯ ба афзоишанд, мусоидат мекунад. Президент ҳам дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар суханрониаш дар Рӯзи Дониш баён карда буд, ки мактабу маориф омили муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ба шумор меравад.
Барои ба ин мақсад ноил шудан зарур аст, ки соҳаи маориф, пеш аз ҳама, барои фарогирии ҳамагонии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ таваҷҷуҳ намояд, то ки аз ин роҳ ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ ҳар чӣ бештар тавсеа ёбанд. Ин то андозаи назаррас боиси коҳиш ёфтани хурофотпарастӣ, дингароӣ ва аз байн рафтани гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои тундрав мегардад, ки ба сатҳи баланди бесаводӣ ва бекорӣ вобастаанд. Сармоягузорон ва соҳибкоронро зарур аст, ки ба ҷойи сохтани масҷиду мадрасаҳои динӣ ва қасрҳои пурҳашамати хусусӣ ба таъсиси марказҳои касбомӯзии ҷавонон, такмили ихтисосҳои омӯзгорон ва бозомӯзии фарогири калонсолон машғул шаванд.
Муҳит ва фазосозии илмӣ‑маърифатӣ дар хонавода ва муассисаҳои томактабӣ тавассути ҷалби коршиносону мутахассисони варзида ба корҳои тарғиботӣ‑ташвиқотӣ дар маҳдудаҳои таълимӣ‑таҳсилотӣ ба роҳ монда мешавад. Барои ба таври касбӣ ба роҳ мондани чунин фаъолиятҳо афзоиш додани Марказҳои модару кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва барномаҳои ҳамсони телевизионӣ ва расонаӣ зарур аст. Онҳо ба таври ройгон ва ё имтиёзнок хизматрасониҳои касбии варзишӣ, фароғатӣ, омӯзишӣ ва машваратӣ барои кӯдакон ва волидони онҳо пешкаш мекунанд.
Заминаи дигари ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва аз ин роҳ, таъмини ваҳдату амнияти миллӣ афзоиш додани силсилаи фанҳои гуманитарӣ ва устодони дорои ҷаҳонбинии илмӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ мебошад. Ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, такмили ихтисос ва марказҳои бозомӯзӣ фанҳои мантиқ, фалсафа, зебоишиносӣ ва равоншиносӣ ба таври ҳатмӣ ворид карда мешаванд. Ин фанҳоро метавон аз ҳисоби соатҳои дарсии дигар фанҳо ҷорӣ кард. Масалан, Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигарон на дар фанни адабиёт, балки дар фанни фалсафа омӯхта мешаванд. Омӯзиши фанҳои гуманитарӣ аз синфҳои болоии мактаби миёна оғоз мегардад.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳими соҳаи маориф, ки Президент дар Рӯзи Дониш таъкид кард, марбут ба барномаҳои таълимии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Аз як тараф, бояд шумораи ҳарчӣ бештари муаллимон ба ин курсҳо фаро гирифта шавад. Аз дигар тараф, зарур аст, ки худи ин барномаҳо таҷдиди назар шаванд.
Яке аз самтҳои фаъолияти марказҳо ва барномаҳои таълимии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон метавонад семинар‑машваратҳои илмӣ ва методӣ бошад. Барои ҳарчӣ бештар фаро гирифтани омӯзгорон ташкили семинару вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ доир ба масъалаҳои умдаи ҷаҳонбинии илмӣ ва равандҳои ҷаҳони муосир ба мақсад мувофиқ мебошанд. Ин гуна семинару вохӯриҳо бояд ба ташаккули биниши илмии омӯзгорони синну соли гуногун саҳм гузоранд.
Марказҳо ва коммиссияҳои босалоҳияти методӣ ва илмӣ ва ҳамчунин мақомоти амниятии кишвар дар бартараф кардани камбудиҳо ва каҷравиҳо дар ҷараёни таълиму тарбия ва таҳқиқоти илмӣ, ки хилофи талаботи илмӣ, методӣ ва идеологӣ мебошанд, фаъолияти пайваста ва густарда мебаранд. Яке аз чунин тамоюлҳои зидди талаботи илмӣ, методӣ ва идеологӣ динишавӣ (теологизатсия)‑и илмҳои дақиқ, табиӣ ва махсусан, гуманитарӣ мебошад.
Барои тақвият ва густариши ҷаҳонбинии илмӣ дар доираи васеи аҳолӣ марказҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии кишвар фаъолияти марказҳои равоншиносӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, бозомӯзии калонсолон ва ҷамъияту иттиҳодияҳои тарғиботи дунявият ва ҷаҳонбинии илмӣ (ҳамсони Ҷамъияти “Дониш”‑и даврони шӯравӣ) ба роҳ монда мешавад. Махсусан, афзоиш додани марказҳои маслиҳати равоншиносӣ ва ҳуқуқӣ тадриҷан хизматрасониҳои динӣ ва ҷодугариро аз байн мебарад. Таҳқиқоти равоншиносии ҳодисаҳои экстремалӣ (худкушӣ, тақдирпарастӣ, фанатизм, ҷиноятҳои муташаккил ва вазнин) ва ҳамзамон, чораандешиҳои умумиҷамъиятӣ дар асоси чунин омӯзишҳо боиси маҳдуд гардидани дингароӣ, хурофотпарастӣ ва каҷфаҳмиҳо дар ҷомеа мегардад.
Барои густариши ҷаҳонбинии илмӣ ҷамъиятҳо ва иттиҳодияҳои тарғиботи дунявият ва ҷаҳонбинии илмӣ ташкил карда мешаванд. Тавассути онҳо омӯзгорон ва олимон ба ноҳияҳо рафта, аҳолиро бо дастовардҳои навтарини илму техника шинос намуда, ҳодисаҳо ва воқеаҳои ҷаҳони муосирро ба мардуми дурдасти деҳот мефаҳмонанд. Ҳамчунин, аз қудрат ва имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба масъалаҳои технологияҳои нав, мушкилоти экологӣ, ҳамкории иҷтимоӣ, ташаббуси шаҳрвандӣ ва машварати равоншиносию ҳуқуқӣ сарукор доранд, истифода бурда мешавад. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар, тавассути расонаҳо (аз он ҷумла интернет) ва ҳатман ба забони давлатӣ ва дигар забонҳои маҳаллӣ фаъолияти васеъ ба роҳ монанд.
Мактабу омӯзишгоҳҳо ва марказҳои дигари таълимию касбомӯзӣ ва фарҳангӣ бояд дар ташаккули сулҳу субот, ваҳдат ва ҳувияти умумимиллӣ саҳмгузорӣ кунанд. Бо ин мақсад, дар мактабҳои миёна ва касбӣ фанни “Кишваршиносии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ” ва дар мактабҳои олӣ курсҳои омӯзиши забонҳои зиндаи эронӣ ва дигар забонҳои мардумони минтақа ҷорӣ карда мешавад. Фанни Кишваршиносӣ дар заминаи География барои синфҳои болоӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешавад. Дар таркиби фанни Забони модарӣ дохил кардани машғулиятҳои алоҳидаи луғатшиносӣ ва типологияи муқоисавӣ доир ба забонҳои эронӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар айни замон, фанҳои кишваршиносӣ ва забономӯзӣ бояд сомонаҳои интернетӣ дошта бошанд ва тавассути расонаҳо тарғибу ташвиқ шаванд. Ин гуна чорабиниҳо боиси он мегарданд, ки аллакай дар хурдсолӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, расму ойинҳо ва забону гӯишҳои онҳо маълумот пайдо кунанд. Бар замми машғулиятҳои дарсии минтақашиносӣ ва забономӯзӣ, ташкил кардани сафарҳои виртуалӣ ва туризми таълимию фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба афзоиши худогоҳии миллӣ ва дар зимн, аз зеҳн дур кардани таассуботи маҳалгароӣ ва мазҳабӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчунин давлатро зарур аст, то аз омӯзиш ва ҳифзи забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ҳимоят кунад, зеро забонҳои мазкур бозгӯкунандаи собиқаи таърихии миллати тоҷик дар сарзамини Осиёи Миёнаанд ва ин яке аз далелҳоест бар алайҳи пантуркизм ва ҷараёнҳои дигаре, ки тоҷиконро туркҳои форсигӯй меҳисобанд. Ҳамчунин, зинда нигоҳ доштани забонҳои мазкур имконият фароҳам меоварад, то минбаъд низ сарчашмаҳои таърихии тоисломӣ (форсии қадиму миёна) ба осонӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд. Баръакси ҳол, қудратҳои ҷаҳонӣ манфиатдоранд, то онҳоро ҳамчун ақаллият эътироф кунанд ва куллан бегона аз тоҷикият муаррифӣ намоянд. Гоҳо муғризона мардуми Бадахшонро ҳамчун ақаллият ва ҳувияти бадахшониро бегона аз тоҷикият талқин менамоянд. Дар асл, мардуми Бадахшон ва Яғноб тоҷикони асилеанд, ки дар гирудорҳои таърихи дароз забонҳои қадимии моро нигоҳ доштаанд ва ҳеч гоҳ онҳо ақаллият ё мардуми ғайритоҷик набуданду нестанд. Тақсимоти сунъӣ ва ғаразнок барои ноамниву бесуботии кишвар аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳ мавриди истифода қарор мегирад.
Самти дигари афзалиятноки рушди соҳаҳои илму маорифи Тоҷикистон ба забони давлатӣ ба роҳ мондани таълиму таҳқиқ мебошад. Фанҳои таълимӣ ба забони давлатӣ таълим дода мешаванд ва дастовардҳои илмии олимони тоҷик ба ин забон таълиф ва нашр мешаванд. Дар айни замон, тарҷума ва чопи асарҳои муҳимми илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии илмӣ ва заминаи рушди ҷомеаи тоҷик муассир аст.
Барои он ки забони тоҷикӣ равону фаҳмо ва осонфаҳм бошад, он аз майлонҳои афзояндаи арабишавӣ, туркишавӣ ва жаргонҳои маҳаллӣ нигоҳ дошта мешавад. Сарчашмаҳои полудан ва софу пок намудани ин забон Шоҳномаи Фирдавсӣ ва шеваву гӯишҳои маҳаллии эронӣ мебошанд. Дар ҷодаи истилоҳсозӣ ҳамаи ниҳодҳои илмию таълимӣ ва олимони мутахассиси соҳаҳои алоҳида иштирок карда метавонанд. Вазифаи марказҳои забону истилоҳот аз он иборат аст, ки раванди истилоҳсозӣ ва тасдиқи онро барои доираи васеи корбурд назорат намояд. Истилоҳоти илмию техникӣ дар заминаи сарчашмаҳои забони тоҷикӣ, луғатномаҳои забонҳои қадима ва зиндаи эронӣ ва ҳамчунин фонди луғавии байналмилалӣ тартиб дода мешаванд. Мафҳуму истилоҳоти байналмилалии илму техникае, ки аз тарафи соҳибони забонҳои дахлдор (русӣ, англисӣ, олмонӣ, лотинӣ ва монанди инҳо) кашф ва номгузорӣ шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Яке аз роҳҳои таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва таъмини рушди илму маориф ва истеҳсолот дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯзиши забонҳо ва технологияҳои илм мебошанд. Омӯзиши забонҳо ва технологияҳои илм, аз қабили русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ аз синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад. Ташкили машғулиятҳои иловагии забономӯзӣ ва марказҳои компютерию интернетӣ ба самти афзалиятноки сиёсат дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг табдил меёбад. Сомонаҳои интернетии илмию таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Дар солҳои наздик татбиқ кардани забони тоҷикӣ дар компютер, интернет ва дигар технологияҳои коммуникатсионӣ боиси ба маҷрои умумиҷаҳонии ихтироъкорӣ ва кашфиёти илму техника дохил шудани миллати тоҷик мегардад. Барои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани таълиму пажӯҳиш мусоидат карда мешавад;
Давлат нисбат ба мактабу донишгоҳҳои хориҷӣ, бештар ба муассисаҳои илмию таълимии ватанӣ афзалият медиҳад. Сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои сохтан ва такмил додани ин муассисаҳо равона мегарданд, чун мактабу донишгоҳҳои хориҷӣ на ҳамеша метавонанд афзалиятҳои идеологӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои илму маориф риоя ва амалӣ кунанд. Коллеҷу донишгоҳҳои миллӣ ба марказҳои муттаҳид кардани таълиму таҳқиқот ва ихтирооту истеҳсолот ва хизматрасонии соҳавӣ ва байнисоҳавӣ табдил меёбанд. Барои ин, онҳо таҷрибаи донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳониро омӯхта ва татбиқ мекунанд.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф бо тамоми кишварҳои пешрафта, ки тавонмандии (потенсиали) илмиашон баланд аст ва метавонанд барои пешрафти Тоҷикистон мусоидат кунанд, ба роҳ монда мешавад. Барои он ки ин гуна ҳамкориҳо тамоюли зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон нагиранд ва ба амнияти кишвар халал ворид насозанд, ҳамкориҳо дар мувофиқа бо ниҳодҳои илмӣ‑таълимӣ ва мақомоти дахлдори кишвар сурат мегиранд. Ин ҳамкориҳо фақат ба шахсони алоҳида маҳдуд намешаванд, балки дар тақвияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии ватанӣ низ саҳм мегузоранд.
Дар самти илмҳои бунёдӣ, махсусан генетикаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ (stem-cell genetics), генетикаи зиддипиршавӣ (anti-age genetics), кайҳоншиносӣ ва монанди инҳо, ки барои дарозумрӣ ва абадзиндагии инсон заруранд, ривоҷ дода мешаванд. Таҳқиқот дар ин соҳаҳо ба самти стратегии илму маориф табдил меёбанд. Минбаъд, дар натиҷаи омӯзиш ва инкишофи ин илмҳо зиндагии инсон ба замин маҳдуд намешавад, балки дар ҳамкорӣ бо дигар марказҳои илмию таҳқиқотии ҷаҳонӣ имкониятҳои наве барои зиндагии шоиста дар дигар сайёраҳо ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар муқоиса ба дин, дунявият ҳамчун сохти иҷтимоию сиёсӣ бе ин гуна перспектива (дурнамо) маъное надорад. Ин перспектива барои ҳамбастагии мардуми ҷаҳон ва қатъ шудани мухолифату ҷангҳои байниқавмӣ, байнимазҳабӣ ва байнидавлатӣ мусоидат мекунад. Илман собит шудааст, ки дер ё зуд сайёраи Замин барои зиндагӣ кардан ғайриимкон мешавад ва зарурате пеш меояд, ки одамон зиндагиро дар дигар гӯшаҳои Кайҳон густариш диҳанд. Заминаҳои фалсафии ин самти фарҳанги миллӣ дар заминаи устураи Ҷамшед ва таълимоти космизми файласуфи рус – Николай Фёдоров бо номи “фалсафаи кори ҳамагонӣ” ба шумор меравад.
Тоҷикистон ба рушду тараққии технологияҳои нав афзалият медиҳад. Технологияҳои нав зиндагии одамонро осон ва сатҳи некуаҳволии онҳоро баланд мебардоранд. Онҳо барои дастрасии ҳамагонӣ ба хизматрасониҳо дар соҳаҳои гуногун (махсусан, илму маориф ва тандурустӣ) саҳмгузорӣ мекунанд. Технологияҳои нав барои куллан беҳбуд бахшидани зиндагии инсон дар Тоҷикистон ва ҷаҳон истифода бурда мешаванд. Давлат бо истифода аз ин технологияҳои инноватсионӣ, пеш аз ҳама, масъалаҳои илму маориф, тиб, истироҳат, экология ва ғизои солимро ҳал мекунад. Технологияҳои нав зиндагии одамонро аз офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, сел, хатарҳои кайҳонӣ) ва бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд. Онҳо дар таъмини сарчашмаҳои алтернативии энергия, махсусан энергияи геотермалӣ, офтобӣ, бодӣ, обӣ ва ғайра, ки дар муқоиса ба нефту газ ва дигар сарчашмаҳои анъанавии энергия бехатар ва тоза ҳастанд, нақши асосӣ доранд. Тоҷикистон ба рушду тараққии технологияҳои нав дар ташкил кардани зиндагӣ дар минтақаҳои обии сайёраи Замин (шаҳрҳои уқёнусӣ) ва ҷустуҷӯи шароити зиндагӣ дар Кайҳон афзалият медиҳад.
Барои илму маорифро ба омили пешбарандаи ҷомеаи тоҷик табдил додан, аз он ҷумла барои пешгирӣ кардани “фирори мағзҳо”, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ, маҳдуд кардани таъсири ҳаракатҳои номатлуби ифротгароӣ ва тундгароии сиёсӣ ва динӣ, ба истеҳсолот пайвастани илму маориф ва аз ин роҳ, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, пеш аз ҳама зарур аст, ки модели маорифи миллӣ ҷойи моделу мактабҳои хориҷиро ишғол кунад. Чуноне ки Президент дар суханрониаш қайд кард, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфт ва тарбияи хонандагони лаёқатманд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 8 мактаби Президентӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳамчунин Ҳукумат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул намуд, ки имкон медиҳад дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода шаванд.
Дар ин робита яке аз самтҳои афзалиятнок баланд бардоштани мақоми муаллим дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои ин зарур аст, ки таъминоти иҷтимоӣ ва тиббии онҳо дар сатҳи баланд ва барои ин имтиёзҳои махсуси давлатӣ фароҳам оварда шавад. Президент зарурати инро дарк карда, дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ омӯзгорро дар меҳвари соҳаи маориф қарор медиҳад. Бо ҳамин мақсад, соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар таҳрири нав қабул гардид, ки боби алоҳида дар мавриди мақоми омӯзгор дорад. Президент аз масъулони Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб намуд, ки имтиёзҳои дар Қонун дарҷгардидаро амалӣ созанд.
Амалан баланд бардоштани мақоми омӯзгор бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад. Вагарна мо наметавонем дар дарозмуддат муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзиро бо шумораи даркории муаллимон таъмин намоем. Президент дар суханронияш дар Рӯзи Дониш қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ 3824 нафар хатмкунандаи коллеҷу донишкадаҳо ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба мактабҳо ҷалб нашудаанд. Барои ҳамин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки барои фароҳам овардани шароити зист ва дигар навъҳои дастгирии муаллимони ҷавон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Барои ба ин ҳадаф расидан ҷустуҷӯ ва пайдо кардани сарчашмаҳои иловагии таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии амалии муаллимон зарур мебошад. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар Бунёд (фонд)-и рушди илму маорифи Тоҷикистон (барои солҳои 2015-2020) таъсис дода шавад, то ки дар доираи он маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ ва махсусан танзим ва тақсими онҳо самаранок сафарбар шаванд Барои аҳамияти якумдараҷа пайдо кардани ин Бунёд ва шаффофияти он, зарур аст то Президенти кишвар раёсати онро ба уҳда гирад. Мудирияти Бунёдро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба роҳ мемонад, ки аз ҳисоби ҳамаи ҷонибҳои сармоягузор, аз он ҷумла Ҳукумати ҶТ, донишгоҳҳои олии кишвар, муассисаҳои хайриявии динӣ, соҳибкорони хусусӣ ва ҳуқуқӣ, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ғайра ташкил меёбад. Мудирияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо хароҷоти камтарини маъмурӣ аз ҳисоби Бунёд фаъолият мебарад ва ба нақшагирӣ ва тақсимоти маблағҳо машғул мешаванд. Албатта, зарурат вуҷуд дорад, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти Бунёд як ҳайати техникии маҳдуд ба кори доимӣ ва бо пардохти маош ва таъминоти иҷтимоӣ аз ҳисоби Бунёд ҷалб карда шаванд.
Бунёди рушди соҳаи илму маориф маблағҳои гуногунро аз сарчашмаҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ ҷалб карда, сипас, бо тасмими Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба самтҳои афзалиятноки соҳа равона мекунад. Чунин ҳамоҳангсозии мутамарказ амри зарурӣ дар роҳи амалӣ кардани барномаҳои соҳаи илму маорифи кишвар мебошад. Бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта дар муддати камтар аз як соли мавҷудияти худ, Маркази миллии тестӣ дар самти ҳамоҳангсозии мутамаркази имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Идома додани чунин ислоҳоти ниҳодӣ бо таъсиси Бунёди рушди илму маориф ин дастовардҳоро тақвият бахшида, мушкилоте чун фасод ва тақсимоти нобаробари имкониятҳо ва захираҳоро дар соҳаи илму маориф коҳиш хоҳад дод.
Бунёди рушди илму маориф маблағҳои буҷавии давлати Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф (ба ғайр аз хароҷоти штатӣ), фоизи муайяни маблағҳои шартномавии мактабу донишгоҳҳои кишвар, хайрияҳои динӣ, сармояҳо ва хайрияҳои муҳоҷирон ва соҳибкорони хусусӣ ва ҳуқуқӣ, грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷиро ҷалб карда, барои рушди самтҳои афзалиятноки соҳаи илму маориф равона месозад.
Зарур аст, ки муассисаҳои дахлдори давлатӣ, доираҳои илмӣ, собиқадорони соҳаи илму маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва албатта, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тавсияҳои худро барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки илму маориф пешниҳод намоянд. Дар асоси ин тавсияҳо, Ҳукумати ҶТ консепсияеро таҳия менамояд, ки ин самтҳоро муайян карда, маблағҳои муайянро барои он пешбинӣ менамояд. Шӯрои ҳамоҳангсози Бунёд ҷараёни амалишавии ин консепсияро идора ва назорат мекунад. Ҳамчунин, дар консепсия, ки бо қарору фармонҳои алоҳидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мешаванд, ҳаҷми маблағҳои воридшуда аз сарчашмаҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ бо фоиз нишон дода мешаванд. Дар схемаи поён ҳаҷм (фоиз)-и пешниҳодгардидаи мо аз ҳар як сарчашмаи маблағгузорӣ тахминӣ мебошад ва қобили бознигарӣ ва тағйиру ислоҳ ҳаст.